30.08.2013 07:27

Мардуми Панҷ ҷонсахтанд ё раисонаш бепарвоянд?

Ноҳияи Панҷ дар солҳои шӯравӣ яке аз ноҳияҳои аз лиҳози иқтисоду маориф ва фарҳанг хеле пешрафта ба ҳисоб мерафт. Аслан мардуми ин минтақаи иқлимаш гарми кишвар ба пахтакорию зироаткорӣ машғул буданду ҳар сол ҳазорон тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ба давлат месупориданд. Хоҷагиҳои ин ноҳия на танҳо дар водии Вахш, балки берун аз он дар миқёси Тоҷикистон ва собиқ иттиҳоди шӯравӣ шӯҳратманд буданд. То ҳол ҳам мардум номҳои роҳбарони меҳнатдӯсти он давра, қаҳрамонони меҳнат, Кабуди Сайфиддин, Сафархӯҷа Тоҳир, Болта Нидо, Аслам Сафар ва Эмом Машрабро бо ифтихор ба забон меоранд, аммо афсӯс, ки ба ҷонфидоию ободкории онҳо пайравӣ намекунанд. Ман ҳам аз сайёраи дигар наомадааму медонам, ки он солҳо кор дигар буду дар замони мо шакли хоҷагидорию корҳои кишоварзӣ ранги дигар гирифтаанд. Аммо ҳангоми сафари як ҳафтаинаам дар ин ноҳияи сарҳадӣ камбудиҳоеро мушоҳида кардам, ки хомӯш нишастанро ба худ ор донистам…

30.08.2013 07:26

Агентии назорати хонандагон ба коррупсия

Дар асоси тафоҳум бо Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳафтаномаи «Чархи гардун» сархати «Агенити назорати хонандагон ба коррупсия» боз кард. Дар ин гӯша ҳар ҳафта ахбори ҷиноии коррупсионӣ тибқи маълумотномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нашр мешавад. Ҳамчунин, хонандагон метавонанд аз ҳодисаҳои ин ҷиноят ба ҳафтанома тавассути суроғаи боварӣ «arp@antikpapshen.ru@ хабар диҳанд.

30.08.2013 07:07

Чаро Вазири тандурустӣ зидди гузаронидани Конгресси тибби халқист?

Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллӣ конгреси V –уми байналхалқии гиёҳпизишкон ва табибони халқӣ барпо гардид. Зимни баромадаш раиси Ассотсиатсияи гиёҳпизишкон ва табибони халқӣ доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ якчанд маротиба изҳор намуд, ки аз Вазорати тандурустӣ ба Вазорату ниҳодҳои дигари давлатӣ супориш додаанд, ки ба кори конгресс намояндаҳои худро нафиристанд. Дар ҳақиқат дар миёни иштирокчиёни конгресс на фaқат намояндаҳо аз дигар Вазоратҳо, инчунин, аз худи Вазорати тандурустӣ низ ягон нафар иштирок надошт. Вакилони конгресс ҳеҷ бовар карда наметавонистанд, ки аз худи Вазорати тандурустӣ ба ширкат намояндаҳо монеъ шуда бошанд. Вақте иштирокчиён қотеъона ному насаби он корманди Вазорати тандурустиро, ки зидди ин тадбир буд, талаб намуданд, доктор Тоҳирӣ барои исботи суханҳояшон ба ҳозирин Номаи вазири тандурустӣ Салимов Нусратулло Файзулоевичро аз 12.08.2013, таҳти №13/3171 - 2283 унвонии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салимов Носирҷон Юсупович пешкаш намуданд.

30.08.2013 07:06

Тоҷик бе Русия мемирад?

«Щедрая душа»-и бераҳм
Солҳои пеш дар шабакаи аввали телевизиони Русия як хитобае машҳур буд, бо унвони «Россия - щедрая душа». Додарам, ки дар ин мамлакати беканор кору зиндагӣ мекунад, бо ханда мегуфт, ки дар ҳақиқат ҳам Русия «щедрая душа» аст, чӣ қадар муҳоҷирону мусофирон дар он паноҳгоҳ меёбанду ризқи хешро пайдо месозанд. Ман низ ба ин розияму ҳатто аз ин халқи кабир миннатор ҳам ҳастам, зеро дар Тоҷикистон хонаводае нест, ки ягон намояндаи он дар Русия набошад, ба истиснои сарватмандону соҳибмансабон. Лекин чанд соли охир Русия ба ин дилкушодии худ хотима бахшида, фавҷ-фавҷ муҳоҷиринро ба таври маҷбурӣ ба ватанашон мефиристад, ки шаҳрвандони тоҷик низ аз ҷумлаи онҳоянд. Президенти ҷумҳурии ҳамҷавори мо Узбакистон, Ислом Каримов он шаҳрвандони кишварашро, ки дар муҳоҷирати меҳнатиянд, танбалу бекорхуҷа номидааст. Дар мо чӣ? Агар Русия дарҳояшро ба сӯи ватани мо бандад, тоҷикон аз гуруснагӣ мемиранд?

30.08.2013 07:01

Муҳоҷирони тоҷик – қурбониҳои сиёсат?

8 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав – пойтахти Федератсияи Русия интихоботи шаҳрдори нави Маскав баргузор мегардад. Чор номзади асосӣ ба ин мақом дар тамоми мулоқоту воҳӯриҳо бо интихобкунандагон тоза кардани Маскавро аз муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаи рақами якуми хеш меноманд ва аз нафрати хешро аз муҳоҷирон пинҳон намедоранд. Номзад аз Кумитаи марказии ҳизби Владимир Жириновский ЛДПР – Михаил Дегтярев, ки ҳамзамон намояндаи Думаи давлатӣ аст, номзад аз ҳизби коммунистҳо КПРФ Иван Мелников, номзад раиси ҳизби «Яблоко» Сергей Митрохин, раиси ҳизби «Справедливая Россия» Николай Левичев, собиқ шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ва арбоби ҷамъиятиву ҳуқуқшинос Алексей Навалний барои курсии шаҳрдори Маскав мубориза мебаранд ва тамоми мардуми ИДМ имрӯз нигарони онанд, ки пас аз интихоби шаҳрдори ҷадиди пойтахти Русия вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ризқу рӯзияшонро асосан аз ин шаҳр дарёфт менамуданд, чӣ гуна хоҳад шуд. Алалхусус, муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро пас аз 8 сентябри соли 2013 чӣ интизор аст? Интихоботи шаҳрдори нав чӣ тағийроте дар кору ҳаёти шаҳрвандони тоҷик ворид хоҳад сохт? Муҳоҷирони мо чӣ мушкилот доранд ва роҳи халосӣ аз ин бӯҳрон дар чист?
Мо низ тасмим гирифтем сари ин масъала бо коршиносон сӯхбат намуда роҳи халосӣ аз ин фишору ваҳмҳоро биҷӯем.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 ... 19


e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2013    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"