27.09.2013 11:44

Қотил-ноболиғи 16 сола

Даст ба сангинтарин ҷиноят, яъне куштори одам задан аз ҷониби ноболиғи 16 сола, аз ҳар ҷиҳат нигаронкунанда буда, аҳли ҷомеаро водор месозад, дар нисбати рафтору муносибат ва амалу кирдори наврасону ҷавонон бетарафӣ зоҳир накунанд.

27.09.2013 11:43

Милитсия хабар медиҳад

Куштор дар ҳолати мастӣ
Кормандони милитсия ҷасади шаҳрванд Мадумаров Шавкатҷони 49 сола, истиқоматкунандаи шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳро, дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Захарова Алексадара, воқеъ дар маҳаллаи 31-и шаҳри Хуҷанд пайдо карданд. Ин зан дар ҳолати мастӣ, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо шаҳрванд Мадумаров ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба ба қафаси синааш зарбаи марговар задааст, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбати пешсудшуда Захарова А., парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

27.09.2013 11:40

МАРЯМ ИСОЕВА: Ҳарду сохти ҷамъиятиро бад намекунам

Бо яке аз чеҳраҳои шинохтаи миллат, Артисти Халқии Тоҷикистон аз соли 1979 Марям Исоева рӯзи шанбеи 21 сентябри соли равон баъд аз тамошои намоишномаи мусиқиву мазҳакавии «Муҳаббат» Шарофиддин Сайфиддинов муяссарам гардид, ки сӯҳбат намоям. Ин зан зиндагии хеле рангин пурифтихор ва пурмуамморо аз сар гузаронидаасту имрӯз синнаш аз 76 гузаштааст. Аз соли 1971 коммунист буд ва соли 2005 тавофи Каъба карда, ҳоҷӣ шуд, вале то имрӯз дар саҳнаи Театри давлатӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳунарнаммоӣ мекунад. Театрро хонаи асосии худ медонад, зеро ҳаёту обрӯи пайдо намудааш аз ҳамин саҳнаи театр аст.

27.09.2013 11:38

ДАР «ШАҲРИ БЕХАТАР» БЕХАТАР МЕГАРДЕМ?

17 сентябри соли равон дар Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии ҷумҳурӣ бо иштироки муовини вазири ВКД Саид Ҷӯрахонов ва Сардори БДА Маҳмадсаид Саидов ва намояндагони ширкати «Хуавей»- Ҷумҳурии Халқии Хитой муаррифии татбиқи Лоиҳаи «Шаҳри бехатар» доир гардид. Ин лоиҳа аслан барои вайрон кардани қоидаҳои роҳ аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон, мушаххас сохтани ҳолатҳои садамавӣ, ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ , ошкор намудани ҷиноятҳои хурду миёнаю калон, ҳолатҳои террористӣ ва дигар амалҳои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки бо вуҷуди чораҳои мушаххас ҳолатҳои садамавии нақлиётӣ зиёд шуда истодааст. Дар давоми 8 моҳи гузашта 986 қоидаҳои вайронкунии садамаҳои нақлиёт дар ҳудуди мамлакат ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра 317 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта фавт 10 ҳодиса зиёд аст. Агар дар 8 моҳи соли гузаштаи 2012 1017 шаҳрвандон аз ходисаҳои нақлиётӣ ҷароҳат бардошта бошанд, пас имсол 1092 кас ҷароҳат диданд.

27.09.2013 11:36

НАСКИ ТОҶИКӢ ДОРЕМУ НАСКИ РУСӢ МЕХӮРЕМ

Наск аз ҷинси яксолаи растаниҳост ва ба олами лӯбиёгӣ дохил мешавад. Дар таркиби наск аз 23 то 32 фоиз сафеда, то 60 фоиз оҳар, то 2,5фоиз равған, аз 2,5 то 5 фоиз клетчатка, витаминҳои В як ва В2 дорад, ки ба саломатии инсон фоидаи калон меорад. Наск дар аксарҳои давлатҳои ҷаҳон мерӯяд ва он худрӯи табиӣ ва киштшаванда мешавад. Соли 1945 дар Тоҷикистон наски навъи «Тоҷикӣ-95»-ро олимон кашф карданду ба иқлим мутобиқ гардониданд.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 ... 17


e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2013    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"