1.11.2013 10:59

Мубориза барои "ҷои дуввум": Кӣ ғолиб меояд?

Номзадҳо ба курсии президентии Тоҷикистон барномаҳои худро дар вилояти Хатлон идома медиҳанд, сипас ба Бадахшон хоҳанд рафт. Тибқи гуфтаи Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, феълан мулоқоту суолу ҷавоби номзадҳо ба курсии президентӣ бо мардум дар вилояти Хатлон идома дорад. Додоев гуфтааст, аз рӯзи 30-юми октябр номзадҳо ба навоҳии водии Рашт хоҳанд рафт. Сипас, барои мулоқот ба шаҳри Хоруғ мераванд. Ҷаноби Додоев афзуд, дар ҳоли ҳозир ҷараёни мулоқоти номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо тибқи ҷадвали КМИР пеш рафта истодааст. Ба қавли Абдуманнон Додоев, дар ҳавзаҳову минтақаҳои раъйдиҳӣ низ омодагӣ ҷиддӣ пеш меравад ва феълан нозирони байналмилалӣ ба минтақаҳо сафар намуда, шароиту вазъи омодагиҳоро дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ санҷида истодаанд.

1.11.2013 10:57

Меваҳои хушунати хонаводагӣ

Хушунат чист?
Хушунат аз рӯзҳои аввалини пайдоиши инсон, нишонаҳои аввалини тамаддун ва оила дар байни мардум ҷо дошт. Баъзеҳо баронанд, ки хушунату зуроварӣ танҳо дар байни мардуми мусалмон ҷо доранд, ки ҳаргиз ин тавр нест. Ин маризии бедаво дар байни тамоми халқияту миллатҳо ҳаст, вале бо шаклу намуди дигар хелтар. Мақсади мо ба риштаи таҳлил кашидани хушунату зуроварӣ дар оилаҳои тоҷик аст, аз ин рӯ танҳо дар ҳамин як самт қаламфарсоӣ мекунем ва то ҷое метавонем ба ин масъалаи доғи рӯз рушанӣ меандозем. Коршиносони масоили гендерӣ хушунатро ба чанд навъ ҷудо намудаанд: Равонӣ, ҷисмонӣ, ҷинсӣ, молӣ-иқтисодӣ ва ғайра, ки ҳамаи ин намудҳои хушунат дар оилаҳои анъанавии тоҷикӣ дида мешавад.

1.11.2013 10:55

Як «пуфи табиат»: «Барқи тоҷик» тоб наовард

Бино ба иттилои Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон пешгӯи менамояд, ки зимистони оянда хеле сард омада аксари рӯзҳо ҳарорати ҳаво аз меъёри ҳамешагии зимистона паст хоҳад шуд. Ҳамчунин, ханӯз як моҳ пеш роҷеъ ба ин ҳолатҳои фавқуллода вобаста ба аз меъёр паст шудани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои давомнок раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори махсус қабул намуда аз ҷумла таъкид намудааст, ки тамоми сохторҳои шаҳрӣ, ки масъули гармидиҳӣ дар пойтахтанд, бояд сад дар сад барои паси сар намудани зимистони дар пеш истода омодагӣ бубинанд. Ин таъкид бамаврид аст, зеро ба ҷуз истиқоматкунандагони пойтахт, боз сокинони дигар минтақахои мамлакат дар фасли сармо ба пойтахт омада зимистонро дар шаҳр паси сар менамоянд.
Мо низ тасмим гирифтем вазъи омодагиро ба зимистон пайгирӣ намуда вазъияти имрӯзаи сохторҳои масъул ва тавоноии истеҳсолии онҳоро мавриди пайгирӣ қарор бидиҳем.

1.11.2013 10:50

Аз Равшану Ҷамшуд то Саиди манқурт…

Фоҷиаи як оила
Муҳоҷират як равандест, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамватанони мо ба он ворид шуданд ва то ҳол идома дорад. Ин ягон ҷои бадӣ надорад, зеро марди тоҷик аз азал ризқрасони оилаи хеш ба шумор мерафту бояд чорае меандешид, ки аҳли аёлаш гуруснаю ташна ва муҳтоҷ набошанд. Ман чун як зан ва аҳли ҳамин ҷомеа ба он мардоне, ки ба хотири шароити хуб фароҳам овардан барои пайвандони худ рӯй ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд эҳтироми зиёд дорам.

1.11.2013 10:46

ВКД: Падару модари Расулро ҳам "мавриди пурсиш" қарор додем

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳам Расули Амонуллоҳ ва ҳам падару модари ӯро дар робита ба садамаи шаби 9 октябр "мавриди пурсиш" қарор додааст.

1 2 3 4 5


e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2013    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"