11.11.2013 12:42

«Президенти ман!» Чаро номзадҳои дигар нахостанд мардумӣ будани худро ба намоиш гузоранд?

Интихоботи имсолаи президентӣ ҳам, ба гуфтаи таҳлилгарон аз маъракаи ҳаммонанди соли 2006 ягон тафовут намедошт, агар ҲХДТ ва номзади онҳо Эмомалӣ Раҳмон ташаббусро ба даст намегирифт. Ба назар чунин мерасид, ки маҳз президенти феълӣ гӯё аз бохт дар интихобот тарс дораду номзадҳои дигар худро комилан ғолиб мебинанд. Ба ҳар сурат, сабаби «карахтӣ» -и 5 номзади дигарро баҳои воқеӣ додан душвор аст. Ҳатто аксу варақаҳои дар кӯчаҳо рӯзҳои ахир пайдошудаи онҳоро мегуфтанд маҳз намояндагони ҳизби ҳоким часпондаанд, то худро аз даъвоҳо дар бораи набудани фазои интихоботӣ раҳо созанд.

11.11.2013 12:38

Сареву савдое

КОМРОНИ 16-СОЛА ХУДРО БА ДОР ОВЕХТ
Деҳаи Яккачуғзи ноҳияи Варзоб басе табиати зебову дилкаш дораду мардуми баору номусу сарбаланд. Дар ин деҳа модаре тавофи Каъба кардаасту ба дидорбинии хешовандон рафтааст. Дар хона писари мактабхони 16-солааш танҳо монду ғарқи хаёл мешуд ва хаёлҳо ӯро ба дуриҳои дур бурд ва роҳи халосиро дар худкушӣ орзу намуд ва худро бо ресмон ба дор овехт.

11.11.2013 12:37

Чаро беимонӣ афзудааст?

Чанд саволи беҷавоб
Имрӯз ашхоси зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки айёми шӯравиро замони рукуд ва ғуломии ҳизби коммунист маънидод карда, ба намакдони як вақтҳо намак хӯрдаашон бепарвоёна туф мекунанд. Ман ҳамагӣ 19 сол дар ин даврон зиндагонӣ карда бошам ҳам, гумон мекунам, ки беҳтарин солҳо буданд. Шояд хонандаи азиз гумон кунад, ки ман шарораи хотираҳоро кофта-кофта, аз миёни хокистари ёдҳо шӯълаяки оташ меҷӯям?

11.11.2013 12:35

Тохтутози буҷа дар Донишгоҳи миллӣ

Бими бало инсонҳоро ба балоҳои вазнинтар дучор мекардааст. Собиқ муҳандис-сохтмончии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидаҳтам Аюбов барои аз балои сел наҷот додани шаҳраки Донишҷуён лоиҳа тайёр кард. Муҳандиси «балогардон» хароҷоти наҷот додани шаҳрак аз селро мураттаб намуд. Барои он ки сели аз ҷониби собиқ комбинати гӯшти шаҳри Душанбе донишҷуён ва устодони Донишгоҳро сел рӯфта набарад, маблағ гирифт.

11.11.2013 12:24

ТОҶИКИСТОН БО ҶАВОНМАРДОНАШ ИФТИХОР ДОРАД

Дар давоми 22 соли Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони азиз ҷавонмардоне рӯи кор омаданд, ки бо амалу пайкорашон садҳо иншооти хурду миёнаву калон сохта ба истифода доданд. Ахиран, овозаи соҳибкор Авазхон Кабиров бо бунёди калонтарин иншоот - Маркази тиҷоратию хизматрасонии «Султони Кабир» дар ноҳияи Восеъ ба тамоми кишвар паҳн гардид.

1 2


e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2013    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"