24.01.2014 09:02

150 000 амалиёти ҷарроҳӣ ва 150 нафар ба он дунё

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2013 маълумот пешниҳод намуд.

24.01.2014 09:01

Қаллобӣ дар «Барқи тоҷик»?

Ё чӣ гуна «Барқи тоҷик» ҳаққи барқро аз мардум ҷамъ карда, дар ҳисоботҳояш мардумро қарздор нишон медиҳад?

24.01.2014 09:00

Шодӣ Солеҳ: Баъди «Тӯҳфа…» он зан «зинда» шуд!

Вақте ба ҳунарманди шинохтаву барҷаста, коргардону муаллифи даҳҳо драммаву пессаҳо Шодӣ Солеҳ занг зада, барои вохӯрӣ ва мусоҳиба маслиҳат намудем, он кас баъди чандин маротиба узрхоҳиҳо, ки корашон зиёд асту вақт надоранд, оқибат ба шарте барои сӯҳбат розӣ шуданд, ки агар хабарнигори мо рӯзи ҷумъа ба театр ташриф оварад.
- Чаро маҳз рӯзи ҷумъа? - ба ҳайрат афтодем дар идораи ҳафтанома. Устод бо назокати ба худ хос посух доданд:
- Шумо журналистҳоро ман ба ҳамин баҳона театр наорам, ба майли дилу пойи худ аҳ намебиёед. Хабарнигори «Чархи гардун» ноилоҷ ба театри «Ҷавонон» рафта, намоишномаи “Тӯҳфа аз муҳоҷират”-ро, ки дар ҳамин театр ба саҳна гузошта буданд, тамошо кард.
Инак, таассуроти зиндаи ӯ аз ин намоиш:

24.01.2014 08:59

Мо зиндагӣ намекунем, танҳо вуҷуд дорему халос!

Ба идораи ҳафтаномаи «Чархи гардун» марде муроҷиат намуд, ки ба аробае савор буду ду нафар кӯдак - як писару як духтари хурдсол бори ҷисми наҳифи ӯро мекашиданд. Ҳаво хеле сард буд ва кӯдакон аз хунукӣ меларзиданду дастони духтарча аз таъсири шамолу ҳавои сард кафида буданд. Аз сару либоси кӯдакон ва худи мард маълум буд, ки вазъи молиявиашон хеле ҳам бад аст. Мард, ки Каримов Тӯрахон Достиевич ном доштааст, ҳафт сол пеш афтида, сутунмӯҳраашро шикастааст ва то ин дам аз ҷой хеста ва миёни худро рост карда наметавонад.

24.01.2014 08:56

Дониш «тоҷикӣ» - имтиҳон аврупоӣ?!

Имрӯз байни мардуми мо иҷрои ҳаром-ҳалолу бесифати ягон корро «тоҷикӣ» унвон мекунанд. Азбаски ман низ аз ин маънии ҳоло хеле серистеъмол дар сарлавҳаи маводи навиштаам истифода кардам, аз хонандаи азиз пӯзиш мехоҳам. Зеро тоҷик миллатест, ки намояндагони илму фарҳангаш дар гузашта доди илмро додаанд. Намояндагони тибби муосири Аврупо, ки имрӯз бархе аз намояндагонаш ба тоҷик бо чашми ҳақорат менигаранд, аз рӯи асарҳои Сино маризони хешро даво мебахшанд. Ва хуб медонанд, Авитсенна фарзанди ҳамон миллатест, ки имрӯз аз фарти ҷоҳилию пандношунавии баъзе аз ҳаммиллатони хеш ба чоҳи фақру нодорӣ афтида, ба қавли мардуми деҳот, солҳост дар торикӣ «чов-чов» карда, роҳи баромад меҷӯяд, вале…
Бегонаҳо хуб медонад, ки Фирдавсӣ ҷадди бузурги ҳамин миллатест, ки имрӯз ба сохтмону роҳрӯбӣ ва хизматгории русу қазоқ, арабу турк зиндагии аҳли аёлашро пеш мебарад. Бале ҳамон Фирдавсие, ки ҳамосаи беназири ӯ «Шоҳнома» дар радифи бузургтарин шоҳасарҳои ҷаҳонӣ ҷойгузин шудааст.
Шояд маҳалбозию худро аз дигаре боло гирифтан ва бузургони хешро эътироф накардан барои миллати мо мерос аз гузаштагон ва як навъ бемории ирсӣ аст? Вагарна нушдору қасдан ба Сӯҳроб дер намерасиду Сиёвуш дур аз сарзамини аҷдодӣ аз дасти бегонаҳо ба марг маҳкум намешуд. Ё аз дасти низоъҳои байниҳамдигарии амирони Сомонӣ Оли Сомон пора-пора шуда, ба дасти аҷнабиён намеафтид… Суханро дар ҳамин ҷо кӯтоҳ мекунам, зеро ҳадафи ман чизи дигар аст.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 ... 22


e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Январь 2014    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"