Deprecated: mysql_escape_string(): This function is deprecated; use mysql_real_escape_string() instead. in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/classes/mysqli.class.php on line 162 Чархи Гардун » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"

Чархи Гардун
3.06.2016 11:49

Кудаки тарсу ва касосгир

Боре рӯйи сабзаҳо ғелида, пораабрҳоеро, ки дар баҳри беканори осмон шино мекунанд, тамошо кардаед? Онҳо пеши назар гоҳе қуллаҳои осмонбӯси пурбарфро ҷилвагар месозанду дар як он ба селаи паррандагони қавибол табдил меёбанд. Гоҳе шакли шутури пурборро мегиранду оҳиста- оҳиста дар симои мӯйсафеди нуронии серришу фаш падид меоянд. Вақте лаҳзае нигоҳро аз ин лаҳзаи асроромез гурезонда, заминро наззора мекунед, шавқи тамошо дигарбора чашматонро ба сӯи осмон мекашад ва боваратон намеояд, ки аллакай пораабрҳо ба сурати қасри боҳашамате даромадаанд.
Аз дохили тайёра бошад, тамоман манзараи дигарро мебинед…

3.06.2016 11:52

Зани зебо, вале дузд

Рӯзи якшанбе барои харидани баъзе колои зарурӣ ба бозори пурталотуму серғавғои «Корвон» роҳ пеш гирифтам. Баъди анҷоми харид нав ба дарвозаи баромад наздик шуда будам, ки чанд нафар савдогар занеро печонида гирифта, носазояш мегуфтанд. Зан либосҳои зебои миллӣ ба бар дошту бо онҳо ба қавле «Як ба як» мезад:
-Шмо девонаен, ма ӯра намешношм, ина кашелокм при пулай, чизем бфора мехарм, ма шумода дздм, ҳози шума фарёд кнм ҷарастотона меброра!!!
Писараки зебояки тахминан чор-панҷ сола аз домони зан дошта, бо чашмони гирён илтиҷо мекард:
-Очаҷон, биё брем, ҷанг накн, биё брем-охӣ…

3.06.2016 11:26

Ҳабибулло Назаров ва Карим Девона муродифи ҳамдигаранд

[img]javascript:insertimage('http://gazeta.tj/uploads/posts/2016-06/1464938814_karimdevna.jpg')[/img]
Ҳар чӣ қадар Карим Девона ва ашъори ӯро аз асарҳои устод Ҳабибулло Назаров мутолиа мекунам, ҳар чӣ қадар мақолаҳои дар замонҳои гуногун нашршудаи устодро мехонам, ҳар чӣ қадар деҳ ба деҳу кӯ ба кӯ мегардаму бо одамон суҳбатҳо меороям, ҳамон қадар аз ҳам ҷудонопазирии Карим Девонаю Ҳабибулло Назаровро жарфтар дарк менамоям. Ҳатто вақте ки Ҳабибулло Назаров мегӯям, ғайриихтиёр, худ аз худ Карим Девона пеши назар меояд ва баръакс, Карим Девона мегӯям, Ҳабибулло Назаров. Шояд, ки дигар хел шуданаш ҳам мумкин набошад. Охир, Карим Девонаро Ҳабибулло Назаров кашф кардаанд ва жарф андеша кунем, чунин мешавад, ки Ҳабибулло Назаровро Карим Девона. Чунки маҳз тавассути кашф кардани Карим Девона, ҷамъ овардани ашъори ӯ, ба табъ расонидани асарҳои вай устод Ҳабибулло Назаров чун нависанда шинохта шуданд ва чун адиби забардаст кашф гаштанд. Аз ин бармеояд, ки воқеан, Карим Девонаю Ҳабибулло Назаров бо мурури вақт ду мафҳуме шудаанд, ки аз ҳам ҷудонопазир - ду мафҳуме, ки агар дар бораи якеашон гап занӣ, ҳатман дар бораи дуюмашон ҳам сухан оғоз мешавад.

3.06.2016 11:19

Бахти рамида

Бахти рамида

Самад дар оилаи марди оҳангар чашм ба олами ҳастӣ во намуда буду нахустфарзанди волидонаш ба шумор мерафт. Дар деҳаи дурдасти кӯҳистон аёми бачагии ӯ ба солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада бошад ҳам, он қадар азоби гуруснагӣ накашида буд. Зеро падари ҳунармандаш Насруллоҳи оҳангар шабу рӯз аз назди кӯраи оҳангарӣ дур намерафт, то даҳони фарзандонаш ҷунбад. Оҳангарӣ дар он айём, яке аз касбҳои сермаҳсул ба шумор мерафт, зеро оҳангарон олоти меҳнату ашёҳои рӯзгори мардумро месохтанд. УстоНасруллоҳ марди боинсофу сахӣ, дастурхондору сағирабон ва хеле сахтгапу ростгӯй буд. Ӯ бо меҳнати ҳалол шароити панҷ фарзанди худро муҳайё намуда, боз ба оилаҳои камбағалу сағираҳои бесоҳиб ёрмандӣ мекард. Зимистоне набуд, ки дар хонаи ӯ баробари фарзандонаш се ё чор сағира то баҳор зиндагӣ накунанд. Самад аз ҳамин гуна падар ойини ҷавонмардӣ омӯхта ба воя мерасид. Ӯ ҷавонмарди болобаланди зебо, хушандом хушлибосу босалиқае буд, чашмони мешии зебояш ҳамеша хандида меистоданд ва дили бинандаро аз шодӣ лабрез менамуданд. Духтарони деҳа бо ҳавас ба қаду қомати зебои писари оҳангар нигариста, дар дил орзуи ҳамсари ӯ шуданро мекарданд, вале….

3.06.2016 10:55

Як занги сарнавиштсози Кароматуллоҳи Мирзо

Пеш аз он ки ин сатрҳоро нависам, хеле андеша кардам: Оё аз рӯйи хоксорӣ мешуда бошад? Худи устод Кароматуллоҳи Мирзо чӣ мегуфта бошанд? Ба хулоса омадам, ки дар ҳар сурат навиштанам аз нонавиштанам беҳтар аст. Зеро, боз як бори дигар исбот мегардад, ки як сухани нек, як сухане, ки беғаразонаю хайрхоҳона гуфта мешавад, ба инсон то чӣ андоза болу пар мебахшад, ӯро чи қадар рӯҳбаланду дилгарм мекунад, чӣ қадар уқдаҳои дилашро мекушояду захмҳои қалбашро шифо мебахшад ва ғамҳояшро мезудояд...
Баҳорон буд. Ҳама ҷо пургулу гиёҳ, ҳама ҷо сабзпӯш. Мошинаи ман шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросонро убур карда, ба фароз рӯболо шуд. Ман, ки табиатан одати тез рондани мошинро надорам, ҳам ба пеш менигаристаму ҳам аз тамошои манзараҳои баҳории атроф чашму дил об медодам ва ҳам бо ҷавонкампиракам чақ-чақ мекардам.

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 ... 502


e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"