Чархи Гардун
29.07.2010 11:06

АЛАМҲОИ ЯК ШАБИ ПУРДАҲШАТ

АЛАМҲОИ ЯК ШАБИ ПУРДАҲШАТ

Гарчанде аз офати табиии шаби 7 – уми май дар шаҳри Кӯлоб рухдода беш аз ду моҳ гузашта бошад ҳам, бароям назди офатзадагон рафта аз ҳолашон пурсон шудан басо мушкил буд. Гоҳо аз назди хаймаҳояшон дар рӯ ба рӯи бинои роҳи оҳани ш. Кӯлоб мегузарам. Аз даруни ин хаймаҳо гиряи ҳазини занона бо нолаи «бачамой» ба гӯш мерасад. Ба чашм мерасад, ки дар қитъаи сохтмонии № 2, ки 21 биноро сохта истодаанд ҳар яки соҳиби ин хонаҳо аз хонадони дар Чармгарони поён буда ду – се фарзанд ва тамоми рӯзгорашонро ба коми фано додаанд. Хостам ба хаймаи муваққатии №1 даромада, чизе рӯи дафтар орам, вале ҷуръат накардам вале пас аз чанде бо илоҷе роҳ ёфта, ба воситаи як духтари дар роҳи оҳан кор мекардагӣ бо номи Меҳринисо ба хайма ворид гаштам. Ҳар гоҳ Меҳринисо бо суханони хуб соҳибхайма – апаи Гулистонро дилбардорӣ мекард. Апаи Гурлистон баъди муаррифӣ ҳодисаи даҳшатноки аз сараш гузарондаро бо оҳи ҷигарсӯз бароям нақл кард ва аз тақдири бадаш нолид.Аз нақли апаи Гулистон маълум шуд, ки ӯ дар сел се набераашро аз даст додаст: Муҳиба, Алиҷон ва Мӯминаи яксола. Ӯ қисса намуд, ки бегоҳ бо Муҳибаҷону Алиҷони 5-сола якҷо нишаста хӯрок хӯрдем ва Муҳиба ба тарафи ман нигариста гуфт: - Момаҷон, ин шаб инқадар дар назарам дароз, маро хоб набурда истодааст. Ҳамин борони бисёр чӣ лозим бошад? Ман посух додам, ки ин кори Худованд аст, рафта хоб рав, ҷони мома. Муҳибаву Алиҷон ба хонаи хобашон рафтанд. Борони сахт диламро сиёҳ карда буд ва ким чизе аз пеши чашмонам мегузашт, хотирам парешон буд. Ва боз ба назди онҳо даромадам, ҳардуи онҳоро бӯсидам ва ҳамчунин Мӯминаи яксоларо низ. Ва ин бӯса бӯсаи вопасини ман буд. Баъди аз пеши онҳо баромадан вуҷудамро дарди ҷонкоҳе фаро гирифта, ҳама ғаму ғуссаи дунё ба сарам якбора фурӯ рехт. Пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш кард ва дидам, ки борони сел яку якбора шиддат гирифт. Тахминан соати 2.15 дақиқаи шаб овози бадҳайбат ва балохези сел ба гӯшам расид. Ҳамин дам сими чароғҳои барқӣ низ канда шуда буданд. Худро гум карда, фарёд задам. Овози касе ба гӯшам нарасид, овози маро низ касе нашунид. Пеш аз ин, вақте тундари сахт мезад, бачаҳоро аз хоб бедор карда, фармуда будам, ки халтаҳои қумро дами дарвоза монед, вале даҳшати сел имкон намедод. Алишер, занаш ва ду кӯдакашро ба тори тут баровардем. Фарзандони дигарам - Азиза ва Манучеҳрро аз об гирифтем ва онҳоро низ дар тори тути ҳавлӣ ҷой додем, Муҳаммадҷонро низ.Худам дар рӯи бом паноҳ бурдам ва аз он ҷо дидам, ки тараки ангур гашт ва мошинро ҳам сел тела дода бурд ва хонаҳои хушдоманам гашт. Баландии сел тахминан 3 метр буд ва дидам, ки боз хонаи дигар чаппа шуд. Тахминан соатҳои 5.30 дақиқа субҳ ҳам ковок шуда истода буд. Ба пешайвон фаромадам. Келинам бо Шерафган ба наздам омаданд ва маро ба хонаи ҳамсояамон Ҳоҷибарот бурданд. Маълум шуд, ки онҳоро сели бало кайҳо ба коми худ фурӯ бурдааст. Баъди ним соат холаи арӯс ҳамроҳи келинамон омад ва аз фарзандонам пурсон шудам. Гуфтанд, ки илоҷе набуд, ки ҷони кӯдакони Манучеҳрро харем: ҳарсеи онҳо ба коми сел фурӯ рафтанд. Зани Манучеҳр дар наздамон нишаста, паст - паст гиря мекарду чизе бо худ мегуфт. Он шаб вақте Сафарбӣ мехоҳад дарро кушода, кӯдакҳояшро гирифта берун барояд, вале яку якбора кӯрпаҳо чаппа шуда, тифлакони ноком таки рахти кӯрпаҳо мемонанд. Сафарбӣ мегӯяд, ки дар торикӣовози тифлакамро охирин бор шунидам, ки мегуфт: - Очаҷон, мемурам, маро халос кун, ки сел бурд.
Апаи Гулистон мегӯяд, ки мо ҳамагӣ ду – се сол буд, ки соҳиби як даҳон нон гашта будем. Баъди ҷанги бародаркуш шавҳарамро ба ноҳияи Ғарм бурданд ва дигар барнагашт. Аз мурдаву зиндааш хабаре ҳам нашуд. Ман соҳиби 8 фарзанд ҳастам: 6 писар ва ду духтар. Бо чи аламҳо онҳоро ба воя расондам, ба мардум хизмат карда, онҳоро хӯрондам, пӯшондам ва ба воя расондам. Ду Писарам - Шерафган ва Манучеҳр тиҷорати гов доранд, вале афсӯс 6 -то гови якҷоя кардаамонро сел бурд, вале шукри фарзандонам, ки имрӯз соябонам шудаанд. Гарчанде мо хонаву дар, се тифли дар ҳукми гул ва чизу чора гум кардем, вале худро якка ҳис намекунам. Ҳарчанд бо супориши президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои мо - офатзадагон хонаҳои нави замонавӣ сохта истодаанд, вале бо вуҷуди ин, доғи он рӯз то нафас дорем, аз диламон намеравад. Бо пешниҳоди аксҳои Муҳиба ва Алиҷонро гуфтаниям, ки ва бибиашон, яъне ман, гӯё марги нобаҳангоми худамро интизорӣ мекашам, -иброз намуд дар охир бо ашки шашқатор апаи Гулистон.
Низоми Барот, ш. Кӯлоб


Комментарий №1    Написал: Torie    19 ноября 2012 15:46    Цитировать
Great stuff, you hleepd me out so much!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"