Чархи Гардун
28.04.2011 09:50

«Чархи гардун» ва моҷарои 9 моҳа

Аввалин ҳафтаномаи хусусӣ дар Тоҷикистон – «Чархи гардун» 15 –солагии таъсисёбияшро дар ҳоле таҷлил менамояд, ки алайҳи роҳбарияти он дар суди ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст. Сабаби боз шудани ин парванда бо аризаи айбдоркунии хусусӣ ба суд муроҷиат намудани собиқ депутати парлумон Сайвалӣ Нуров мебошад. Номбурда сармуҳаррири ҳафтанома Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳро барои нашри хабари «Депутати авбошро говсуд мекунанд?» ?» («Чархи гардун, № 30, аз 28-уми июли соли 2010») ба суд дода, иддао дорад, ки номбурда барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) пешбинишуда ҷазо гирад. Баррасии парванда дар суд тайи 9 моҳ аст, ки идома дорад ва ахиран Нуров аз суд хоҳиш намуд, то сармуҳаррири «Чархи гардун» 1000 нишондиҳандаи ҳадди аққал барои ҳисобҳо, яъне 35 ҳазор сомонӣ ҷарима супорад. Судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Нусратуллои Асадулло баррасии баъди шунидани назари ҷонибҳо идомаи баррасии парвандаи ҷиноятиро то қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суди ноҳияи Бохтар мавқуф гузошт.
Ёдовар мешавем, баҳси ҳафтанома бо С. Нуров аз он маншаъ мегирад, ки Прокуратураи вилояти Хатлон дар моҳи марти соли 2010 аз рӯи кирдорҳои экс-депутати парлумон Сайвалӣ Нуров тибқи моддаҳои 237 қ. 2 (авбошӣ), 150 қ. 2 (монеасозӣ ба ҳуқуқҳои интихобкунанда ва кори комиссияи интихоботӣ) ва 112 (дидаву дониста расонидани зарари сабуки ҷисмонӣ) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда буд. Сабаби кушодани парвандаи ҷиноятии мазкур аризаи хаттии раиси комиссияи участкаи интихоботии №20-и ноҳияи Вахш Толиб Хӯҷаназаров гардида буд, ки тибқи шикоятномаи ҷабрдида, номзад ба депутатии Маҷлиси намояндагон Сайвалӣ Нуров рӯзи 28-уми феврал дар ҳудуди участкаи интихоботӣ ва дар ҳузури шоҳидон ӯро латукӯб намудааст.
Суди ноҳияи Бохтар собиқ вакили парлумони Тоҷикистон Сайвалӣ Нуровро дар авбошӣ муттаҳам донист. Суд пас аз баррасии тӯлонӣ Сайвалӣ Нуровро бар асоси моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне авбошӣ гунаҳкор дониста, ба пардохти 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 17 ҳазору 500 сомонӣ (наздик ба 4000 доллар) маҳкум кард.
«Чархи гардун»


Комментарий №1    Написал: Elly    19 ноября 2012 11:54    Цитировать
This is what we need - an inihsgt to make everyone think


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июль 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"