Чархи Гардун
26.05.2011 09:23

Фарёди ӯ дар гулӯи миллат боқист

20-уми май дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ 70-солагии устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ таҷлил гардид.
Устод Лоиқ аз қабили он шоирони фарзонаи қарни бисти тоҷик мебошад, ки инак тӯли ним аср боз шеъру ғазал ва рубоиёташ вирди забони мардуми тоҷик ва зиннати ҳар гуна сур ва маъракаҳост. Шояд дар асри бист ягон нафар шоири тоҷик мисли ӯ бо шеърҳои ноби худ ба хонадони на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тоҷикони бурунмарзию форсизабонони дунё роҳ наёфта бошад. Ӯ дар оғози солҳои шастуми қарни бист бо «Ном» шеъри худ ба майдони адабиёт ворид шуд ва дар муддати кӯтоҳ таваҷҷӯҳи устодонеро, аз қабили Мирзо Турсунзодаю Боқӣ Раҳимзода ва хонандагони закиро ба худ ҷалб кард ва то охири умраш пешвои шоирони замонаш буд.
19-уми май дар мактаби миёнаи рақами 54-и пойтахт, ки номи устод Лоиқ Шералиро дорад, бо иштироки хонандагону муаллимони дабистони мазкур, ҳамчунин шоирони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Мӯъмин Қаноат, Гулназар, Гулрухсор , рӯзноманигорон, сарояндагони маъруф Афзалшоҳи Шодӣ, Хосияти Зарафшонӣ ва дигарон маҳфили бошукӯҳи ёдбуд баргузор гашт. Ҳамчунин дар он рӯз осорхонаи устод Лоиқ дар ин даргоҳи илму маърифат расман ифтитоҳ гашт. Хонандагони мактаби мазкур аз ашъори ноби устод пораҳо қироат намуданд ва адибон дар бораи ҳунари шоирӣ ва шахсияти нотакрори устод Лоиқ сӯҳбат карданд, ки он хеле хотирмон буд.
Рӯзи 20-уми май, ки зодрӯзи устод Лоиқ аст, дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ 70-солагии устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ тантанавор таҷлил гардид. Толор пур аз ҳаводорони шеър ва мухлисони устод Лоиқ буд. Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ифтитоҳ намуд. Сипас аз номи Ҳукумати Тоҷикистон вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ҳозиринро ба муносибати ҳафтодсолагии ин шоири тавонои миллат табрик намуда. оид ба мақоми устод Лоиқ дар адабиёти қарни бисти тоҷик ва форсигӯёни ҷаҳон ибрози ақида намуда, қайд кард, ки шеъру ғазалҳои устод Лоиқ ҳамеша вирди забони мардум аст ва дар ҳама ҷо садо медиҳаду ба дарди мардум мехӯрад. Ҷавонон бо он ишқ меварзанд, яъне садои қалби худро ба маҳбубаашон мерасонанд, аз ашъори ватандӯстонаи шоир қалбашон аз меҳри ватану гузаштагони барумандашон саршор мегардад.
Дар маҳфил ҳамчунин сарвари Академияи илмҳои ҷумҳурӣ академик Маҳмадшо Илолов, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, Нависандагони халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзоев, Гулназар Келдӣ, Аскар Ҳаким ва дигарон аз устод Лоиқ ёд карда, аз ҷавонмардию меҳандӯстӣ ва хӯю хислатҳои хоссаи эшон сухан ба миён оварданд. Аз андешаҳои ҳамагон бармеомад, ки воқеан ҳам. Ҷойи ин шоири тавонои миллат дар маҳфилҳои мо холист ва ёди некаш ҳамеша дар дилу дидаи мардум боқист.
Дар охир ҳамсари устод Лоиқ муаллима Зебуниссо Қутбиддинова ба ҳамаи онҳое ки дар сартосари ҷумҳурӣ ҷашни 70-солагии шоири худро ҷашн гирифтанд, изҳори сипос намуда, гуфтанд, ки устод Лоиқ орзую ниятҳои зиёд доштанд, аммо аҷал барои амалӣ шудани онҳо монеъ шуд. Аз ҷумла, устод мехостанд дар тарбияи мактаббачаҳо ва дар дабистонҳо ташкил намудани маҳфилҳо барои забономӯзии насли наврас ва дар вуҷуди онҳо тарбия намудани рӯҳи баланди хештаншиносию ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштагони миллат, омӯзонидани осори эшон диққати ҷиддӣ дода шавад.
М. Хуршед


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...
Международные грузоперевозки: ...
Преимущества конструкторов сай ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"