Чархи Гардун
26.05.2011 09:23

Ба Умеда умед нест

Дар маҷлиси кушоди судии суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Холова Умеда Абдулқодировна, ки пеш аз ин се маротиба суд шудааст, баррасӣ гардид.
Судшаванда Холова У. А ҷиноятро марбут барои қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ такроран бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрвандро дар мавриди зерин содир намудааст.
Ӯ рӯзи 1 уми марти соли 2011 тахминан соатҳои 11. 00 ҳангоми дар назди дармонгоҳи бинои № 120 кӯчаи Н Қарабоеви шаҳри Душанбе буданаш ба боварии ноболиғ Мутрибаи Раҳмониддин даромада, аз ӯ 450 сомонӣ ва аз ноболиғ Ҷӯрабекова Басона Давлаталиевна ба маблағи 450 сомонӣ ситондааст. Пас аз ин гӯшворҳои бо роҳи ҷиноят гирифтаашро бурда дар бозори маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанбе ба заргар Мирзоев Ҳ. Ҳ ба маблағи 450 сомонӣ мефурӯшад. Дар таърихи 09.03.2011 Мирзоев ҲҲ дар ҷои кораш будан кормандони ШКД-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омада гӯшворҳои тиллоии обкардаашро ҳамчун далели шайъӣ гирифтанд.
Судшаванда Холова У.А дар мурофиаи судӣ худашро бо айби ба ӯ эълоншуда пурра гунаҳгор ҳисобида, чунин нишондод дод, ки ӯ дар ҳақиқат пеш се маротиба суд шудааст ва бори охирон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 23 сентябри соли 2010, бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои «а, в» ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ ҷарима ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобот, яъне 12775 (дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ) сомонӣ таъин карда шудааст, ки аз ин танҳо 500 сомониашро пардохтааст. Ӯ оиладор, соҳиби ду фарзанди хурдсол мебошад. Ӯ рӯзи 1 -уми марти соли 2011 ба шаҳри Душанбе бо мақсади ба хонаи волидонаш ба маҳаллаи Гипрозем рафта будааст ва дар назди дорухонаи Гарант рӯ ба рӯи Бозори Саховат ӯ ду духтарчаи тахминан 7-8 соларо мебинад, ки дар гӯшҳояшон гӯшворҳои тиллоӣ будааст ва дарҳол дар фикри гирифтани ҳамон гӯшворҳо мешавад. Пас аз он, ки бо ҳардуи онҳо ҳамсӯҳбат мешавад, онҳоро бо роҳи фиреб ба ошёнаи 9 дармонгоҳ дароварда гӯшворҳояшонро гирифта онҳоро гуфтааст, ки интизор шаванд, ӯ бармегардад ва ҳамин тавр ӯ гӯшворҳоро ба бозори Деҳқон бурда, ба як заргар бо номи Ҳайдар бурда, ба маблағи 450 сомонӣ мефурӯшад ва маблағашро гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф менамояд. Рӯзи дигар боз ба ҷойи содиркардаи ҷинояташ меояд, ки як нафари он духтарчаҳо ӯро бо модараш шинохта, ба кормандони ШКД-и Ноҳияи Фирдавсӣ месупоранд. Ӯ дар рафти мурофиаи судӣ 800 сомонии ҷабрдидаҳо Давлатова Шаҳодат ва Давлатова Қиматро пардохт намуд. Ӯ аз суд хоҳиш намуд, ки нисбат ба ӯ ҷазои сабук таъин кунад, дигар даст ба ҷиноят намезанад. Суд бо назардошти фарзандони ноболиғ доштани судшаванда адои ҷазоро нисбат ба Холова дар асоси талаботи моддаи 78 – и КҶ Ҷумҳурии Тоҷмкмсион мавқуф гузоштанро имконпазир мешуморад.
Суд вобаста ба мавҷудияти далели шайъӣ ду ҷуфт гӯшворҳои тиллогии обкардашударо пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани қарор ба шоҳид Мирзоев Ҳ.Ҳ. баргардониданашро имконпазир донист.
Суд нисбати мукаллафии судшаванда шубҳа дорад.
Аз ин рӯ, бо дастрасии моддаҳои 79, 332-335. 336-339, 341-344, 347-348,350-352 ва 357-359 – и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳукм кард:
Холова Умеда Абдуқодировна бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои «а, в» -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ба мӯҳлати ду солу шаш моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян бо адо намудан дар колоннаҳои ислоҳии дорои низомӣ умумӣ таъин карда шуд.
С. Камолов, судяи Суди н. Фирдавсии шаҳри Душанбе


Комментарий №1    Написал: Kaiden    13 июня 2011 07:37    Цитировать
At last, someone comes up with the "right" aswner!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"