Чархи Гардун
25.08.2011 10:46

Киҳо ба озодӣ мебароянд?

Шарҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи афв»-ро ба тасвиб расонид. Тайи бист соли истиқлолият ин 13-умин маротиба аст, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» ба имзо мерасад ва дар ин муддат беш аз 100 ҳазор нафар афв шудаанд.
Лоиҳаи қонуни ҷадиди «Дар бораи афв» рӯзи 19 август, як рӯз пеш аз ба имзо расиданаш аз ҷониби президенти кишвар дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати чорум таҳти раёсати раси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва бо иштироки вазирони сохторҳои қудратӣ ва судии ҷумҳурӣ баррасӣ гашта, дар аввал Шерхон Салимзода, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба банду баст ва моддаҳои қонуни нави афв суханронӣ намуд.
Чуноне ки Шерхон Салимзода – прокурори генералии ҶТ зимни баррасии қонуни мазкур дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иброз дошт: - Асос ва зарурати пешниҳод ва қабули ин қонун се омил дорад, аввал он, ки санади афв асосан ҷиҳати ба амал омадани тағийротҳои ҷиддӣ дар фаъолияти давлат ва бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва вобаста ба санадҳои муҳими таърихӣ қабул карда мешавад. 20-солагии истиқлолият санади бузурги миллӣ низ маҳсуб меёбад, зеро дар ин муддат Тоҷикистон тавонист худро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон бидиҳад ва дар арсаи байналмилалӣ нуфузи хешро пайдо намояд. Ба ғайр аз ин, пешниҳоди қонуни мазкур аз сиёсати демократӣ ва инсондӯстонаи сарвари давлат баҳри амалӣ намудани меъёрҳои озодиҳои инсон бевосита амалӣ гардида аз арзиши олӣ доштани инсон шаҳодат медиҳанд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки пас аз қабул ва татбиқи қонуни мазкур маҳкумшудагон ва дигар шахсони ҷиноят содир намуда, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои минбаъда озод мешаванд, ё ин, ки ҷазои онҳо хеле кам ва сабук мегардад, сиёсати давлатро хуб дарк ва эҳсос менамоянд. Онҳо ба муҳити оила баргашта ба ҳаёти орому осуда машғул шуда беҳтару хубтар ба роҳи ислоҳшавӣ даромада аз роҳи ҷинояткорӣ ва олами ҷиноӣ даст мекашанд, ба ободии оила машғул шуда дар ободии ватан саҳм мегузоранд.
Ба қавли коршиносони соҳа, Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» аз 29 модда иборат буда, дар ҳашт маврид, нисбати ҳашт гурӯҳи шахсон, ки ҷиноят содир намуда, маҳкум гардидаанд, аз ҷазоҳои ҷиноятӣ озод кардани онҳоро пешбинӣ менамояд. Инчунин, лоиҳаи қонун дар чор маврид кам кардани мӯҳлати адо нагардидаи ҷазоҳои ҷиноятии ба маҳкумшудагон таъйиншуда, ва дар шаш маврид қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятиро нисбати шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, пешбинӣ менамояд.
Чуноне, ки прокурори генералӣ зикр намуд, моддаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6 ва 9-уму 10-уми қонун доираи шахсон ва ҳолатҳоеро пешбинӣ менамояд, ки дар сурати мавҷудияти онҳо маҳкумшудагон аз адои минбаъдаи ҷазои ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Чунончи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, ки аз чор як ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ паси сар кардаанд, аз муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ва адои ҷазо озод карда мешаванд. Ҳамчунин, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлату ҷазои таъиншуда, занон, ноболиғон, мардони аз панҷоҳсола боло, маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3, шахсони гирифтори бемории саратон, узвҳои нафас ва шуш, бемории ишемикии дил, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи атомии Чернобил зарар дидаанд, шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмат саркашӣ намудаанд ва шаҳрвандони хориҷӣ озод карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷинояти содиркардаашон ва ҷазои тайиншуда, шахсоне, ки ҷиноятҳои на чандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир кардаанд ва ба онҳо то 5 сол маҳрум кардан аз озодӣ таъин карда шудааст, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Иштирокчиёни ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии ғайриқонунӣ ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони онҳо, ки барои содир намудани амали ҷиноятҳои вобаста ба экстремистӣ, ба ҷазои то 5 сол аз азодӣ маҳрум шудаанд ва инчунин шахсоне, ки беш аз 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда аз се ду ҳиссаи онро адо намудаанд, агар онҳо ҷиноятҳои одамкушӣ, терроризм, экстремизм, ташкили воҳидҳои мусаллаҳ ва дигар ҷиноятҳои вазнинро накарда бошанд, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешаванд.
Ба ҳамин тартиб иштирокчиёни исёнҳои мусаллаҳонаи соли 1997 дар Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Варзоб ва соли 1998 дар Суғд, ба истиснои роҳбарон ва ташкилкунандагони онҳо, ба шарте агар то ба имрӯз аз ду як ҳиссаи ҷазои таъйиншудаи худро адо намудаанд, ба озодӣ хоҳанд баромад.
- Мутобиқи қонуни мазкур бори аввал санади афв аз иҷрои ҷазо озод намудани шахсони гирифтори бемории омоси бадсифат – саратон ва ишемикии дилро дар бар гирифта, имрӯз дар муассисаҳои ислоҳӣ 130 нафар маҳбусони гирифтори бемории ин касалиҳо адои ҷазо менамоянд. Инчунин, пешбинӣ гардидааст, ки аз адои ҷазо тамоми занон ва ноболиғон озод карда шаванд, ба истиснои занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои одамкушӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм, хиёнат ба ватан, ҷосусӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнинро содир намудаанд. Дар назар аст, ки ин даъфа 256 нафар занон ва 107 нафар ноболиғон афв карда шаванд, - таъкид дошт Шерхон Салимзода.
Қонуни Ҷ Т«Дар бораи афв» наздики 15 ҳазор нафарро дар бар мегирад, ки аз он 4 ҳазор нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуда нисбати дигар маҳбусон мӯҳлати ҷазои аз озодӣ маҳрумгаштаи онҳо кам карда мешавад. Зиёда аз 2 ҳазор нафар шахсоне, ки ба ҷазоҳои ҷиноятии ғайри маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз идомаи ҷазо озод карда мешаванд. Ҳамчунин, нисбати зиёда аз 2 ҳазор нафар шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд, амали қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.

Ҷамила Ҳусейнова

Маҳбусони «вазнин ва махсусан вазнин» паси панҷара хоҳанд монд
Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» ба онҳое, ки ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва маҳсусан вазнин – одамкушӣ, хиёнат ба ватан, таъсиси воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ғайраҳо айбдор шуда ҷазо гифтаанд ва имрӯз дар муассисаҳои ислоҳотии мамлакат адои ҷазо менамоянд, дахл нахоҳад дошт, таъкид дошт зимни баромади хеш Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода.
- Дар баъзе ҳолатҳо ҳам мо наметавонем манфиатҳои ҷабрдидаҳоро ба назар нагирем, зеро ин ҷиноятҳо ҷиноятҳои бениҳоят вазнинанд. Тайи як моҳи охир ба унвони Прокурори генералӣ номаҳои зиёд ирсол шуданд, дар матбуот низ номаҳои маҳбусон ва оилаҳои онҳо ба нашр расиданд ва ҳамаи онҳоро зери назар гирифтаем. Бархе аз маҳбусоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро анҷом додаанд, то 25-30 сол аз озодӣ маҳрум гаштаанд ва мо бояд фаромӯш накунем, ки онҳо аз рӯи кадом корашон ин ҷазоро гирифта ба ин қадар сол маҳкум шудаанд. Қисми зиёди онҳо размандагон аз ҳар ду ҷониб чӣ фронти халқӣ ва чӣ нерӯҳои оппозитсионӣ мебошанд. Манфиати ҷабрдидагонро ба назар нагирифта танҳо аз рӯи як омил, яъне бемории маҳбус, қонун наметавонад озодашон кунад, вале муддати озодии қисми зиёди онҳо аз афви соли 1999 ду-се маротиба кам карда шуда аксари онҳо имрӯз наздик ба баромадан ба озодии комил мебошанд, вақти иҷрои ҷазои онҳое, ки даст ба одамкушӣ, хиёнат ба ватан задаанду дар таъсиси гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳона даст доранд, низ аз як санади афв то санади дигари афв кам карда шуда истодааст ва наздикони онҳо аз ин хуб огоҳ мебошанд, - афзуд Шерхон Салимзода.

«Чархи гардун»


Комментарий №1    Написал: Clarinda    3 сентября 2011 19:44    Цитировать
There's a terrific amount of knowledge in this airtcle!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"