Чархи Гардун
29.09.2011 09:27

Александр Зуев: Дар Рашт корҳои нотамом зиёданд!

Рӯзҳои 22-24 сентябри соли ҷорӣ намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Зуев бо сафари нахустини хеш ба ноҳияҳои водии Рашт сафар намуд. Мақсад аз сафар ошноӣ бо лоиҳаҳои амалиёфта бо дастгирӣ ва маблағгузории Барномаи рушди СММ дар миқёси ноҳияҳои ин минтақа буд. Дар ин сафар Александр Зуев ва ҳайати коршиносони ин барномаро хабарнигори «Чархи гардун» Ҷамила Ҳусейнова ҳамроҳӣ намуд.

Дурнамо – беҳбудии вазъи иқтисодии занони Рашт
Барномаи рушди СММ фаъолияти хешро дар водии Рашт аз соли 1996 оғоз намуда, тайи панҷ соли аввали кори хеш наздики 350 лоиҳаҳои хурду миёнаи гуногунро дар соҳаи энергетика, оби нӯшокӣ, обёрии заминҳои кишт, гендер ва тараққиёт, маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди ҷамоатҳо маблағгузорӣ намудааст. Аз соли 2001 ин тараф Марказҳои дастгирии ҷамоятҳо бо Фондҳои махсуси маблағдиҳанда бо дастгирии намояндагии Барномаи рушди СММ дар аксари ҷамоатҳои минтақа ба кор шурӯъ намуда, соли 2007 бошад, дар ҳудуди водии Рашт ду Фонди минтақавии молиявии хурд таъсис ёфтанд. Тайи солҳои фаъолияти хеш дар ин минтақа намояндагии Барномаи рушди СММ кӯшидааст, ки тавассути барномаҳои гуногуни худ вазъи некӯаҳволии мардум ва соҳаҳои кишоварзию энергетикӣ, об, тандурустӣ ва маорифро ба беҳбудӣ оварад ва дар хуб шудани зисту зиндагонии мардум саҳми худро гузорад.
Айни замон Барномаи рушди СММ дар водии Рашт ҳамкории худро бо Бунёди глобалии мубориза алайҳи бемориҳои сил ва вараҷа давом дода, дар ноҳияи Тоҷикобод сохтмони як беморхонаи навро барои муолиҷаи беморони силро бо маблағи умумии 93180 доллари ИМА сохта истодаанд. Ҳамчунин, Барномаи рушдии СММ бо лоиҳаи агробиогуногунӣ ҳамкорӣ дошта, дар ду ҷамоати ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол тренингҳои махсус гузаронида истодааст. Мувофиқи нақшаҳо намояндагони Барномаи рушди СММ дар водии Рашт ният доранд, дар соли ояндаи 2012 дар самти мустаҳкамгардонии имкониятҳои иқтисодии занон, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон ба маблағи умумии 100 000 доллари ИМА, ки алҳол нақшаи ин лоиҳа барои тасдиқ пешниҳод шудааст, дар минтақа кор бубаранд.
«Аз ҳамкорӣ розием!» - мегӯянд мардуми Тагоба
Пас аз ошноӣ аз дафтари намояндагии Барномаи рушди СММ дар шаҳраки Ғарм ва фаъолияти он тайи солҳои охир Александр Зуев бо раиси ноҳияи Ғарм Саидумрон Абдураҳмонов вохӯрда, роҷеъ ба дурнамои фаъолияти барнома ва ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳалӣ сӯҳбат оростанд. Саидумрон Абдураҳмонов ва Александр Зуев масъалаҳои рӯзмарраро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва баланд бардоштани маънавиёти мардум доир ба нигаҳдории тандурустӣ баррасӣ намуданд. Александр Зуев зимни мулоқот омодагии хешро барои ҳамкорӣ иброз намуда, таъкид дошт, ки водии Рашт барои Барномаи рушди СММ яке аз минтақаҳои муҳим аст.
Боздиди нахустини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ аз деҳаи Каландаки ҷамояти Тагобаи ноҳияи Ғарм оғоз ёфт. Соли гузашта Барномаи рушди СММ дар водии Рашт бо ҷалби сармоя ва кӯмаки мардум каналеро, ки тайи 30 соли охир касе онро тоза накарда буд, тоза намуданд ва ба заминҳои кишт об оварданд. Агар чанд сол пеш танҳо 10-15 гектар обёрӣ карда мешуд, ҳоло бо ин канал беш аз 110 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати Тагоба обёрӣ гашта, зисту зиндагонии аҳолӣ, ки асосан бо картошкапарварӣ машғуланд, рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Акнун кишоварзони ҷамоат аз ҳар як гектар замини хеш то 30 тонна ҳосил гирифта, онро ба бозор мебароранд ва бо ин вазъи иқтисодии хонаводаи хешро беҳтар менамоянд.
Чуноне ки дар сӯҳбат раиси Маркази дастгирии ҷамоатҳои ҷамоати Тагоба Ҳайдар Ризоев иброз намуд, ин ҷамоат даҳ соли охир бо Барномаи рушди СММ ҳамкорӣ менамояд ва соле нест, ки Маркази дастгирии ҷамоати Тагоба лоиҳаи наверо дар қаламрави ҷамоати хеш ба Барномаи Рушд пешниҳод накунад. «Аз ин ҳамкорӣ мо розием!» мегӯяд Ҳайдар Ризоев.
Бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар деҳаи Бини Сӯфиёни ноҳияи Рашт чанд сол пеш истгоҳи обкашӣ барқарор шуда буд, ки бо ёрии он заминҳои кишти ду деҳа Бини Сӯфиён ва Нусратулло Махсум обёрӣ мешаванд.
Ширинчашма ширинтар шуд!
Боздиди Александр Зуев дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷамоати Ширинчашма оғоз гардид. Бо дастгирии Барномаи рушди СММ ба деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати Ширинчашмаи ноҳия тавассути кашидани 3 км. хати оби нӯшокӣ ба аҳолии деҳа оби тозаи ошомиданӣ оварда шуд. Чуноне зимни мулоқот яке аз шаҳрвандони деҳа - Олга Иброҳимова зикр намуд, аз истеъмоли оби нӯшокии қаблӣ аксарияти мардум гирифтори бемориҳои гуногун шудаанд ва оби тозае, ки минбаъд ба деҳа хоҳад омад, дар пойгоҳаш тоза ва хлор шуда, сипас ба хонаҳои аҳолӣ меояд.
Ба ғайр, аз ин Барномаи рушди СММ дар миқёси ин ҷамоят боз якчанд лоиҳаҳоеро дастгирӣ намудааст, ки онҳо дар хуб шудани зиндагии мардум нақши босазо доранд. Бино ба ақидаи Сулаймон Маҳмадов, раиси Маркази дастгирии ҷамоатҳои ҷамоати Ширинчашма, имрӯз бо дастгирии Барнома вазъи занбӯрпарварӣ, боғҳои себу нок низ беҳтар гардида, боғҳои кӯҳна ба боғҳои нав мубаддал мегарданд – лоиҳаи ҷавон намудани боғҳои себ фаъолона амалӣ гашта барои занбӯрпарварон бошад маблағҳои хурд барои рушди кор ҷудо карда мешаванд.
Пас аз дидор, дар сӯҳбат бо раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳусейн Алиев Александр Зуев пешниҳод намуд, ки дар ҳудуди ҷамоати Ширинчашма ва ё ноҳия як корхонаи хурди коркарди мева ва бастабандии хушкмеваю асал сохта, ба истифода дода шавад. Зеро ҳосили фаровон ва аз ҷиҳати экологӣ воқеан ҳам тоза мунтазири харидор аст ва барои ин бояд маҳсулотро бо коркард ва бастабандии муосир ба харидорони пойтахт ва ҳатто хориҷ аз кишвар пешниҳод кардан лозим аст. Барномаи рушди СММ бошад, омода аст дар ин кор кӯмаки хешро дареғ надорад.
Александр Зуев: Дар Рашт корҳои нотамом зиёданд!
- Ин сафар ба фикри ман сафари хеле муҳим буд, зеро худи минтақаи Рашт яке аз минтақаҳои барои СММ аз рӯи як қатор сабабҳо муҳим арзёбӣ меёбад - ҳам рушди вазъияти иҷтимоӣ – иқтисодӣ, ҳам кишоварзӣ, ҳам маориф ва ҳам тандурустӣ. Барои ҳамин ҳоло кору нақшаҳои зиёди амалинаёфта ҳам барои мақомоти маҳалӣ ва ҳам барои намояндагии мо ва ҳам барои дигар ташкилотҳои хориҷие, ки дар инҷо кор мекунанд, дар ин водӣ зиёданд. Ҳангоми мулоқот бо роҳбарияти ноҳияҳо маълум буд, ки яке аз соҳаҳои аввалин ин соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошанд ва дар ин ҷода на танҳо мо, балки дигар ташкилотҳои СММ ба мисли ЮНИСЕФ ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқа низ фаъолияти хешро шурӯъ намудаанд, иброз дошт зимни сӯҳбат бо мухбири «Чархи гардун» намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев.
- Он иншооте, ки мо дидем, иншооти обёрӣ ҳастанд ва метавонанд вазъро танҳо дар ҳудуди деҳаҳо ва ҷамоатҳо иваз намоянд, ки ин хеле ҳам хуб аст. Мардум ҳосили фаровони худро наметавонанд то марказҳо бубаранд ва шояд дар оянда таъсиси бозорҳои калони наздимарзиро низ мо ба нақша гирем. Чунки ин ба маҳсулот харидори бештар пайдо намуда, вазъи иқтисодии хонаводаро беҳтар мегардонад. Ман фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик мо боз як бори дигар бо роҳбарияти ноҳияҳо вохӯрда, масъалаҳои мушаххасро баррасӣ мекунем ва барномаи якҷояи рушд ва дурнамои ҳамкориро аз нав дида мебароем. То ба имрӯз дар ин водӣ лоиҳаҳои гуногун ба маблағи милионҳо доллари амрикоӣ амалӣ шудаанд ва ин ба назари ман саҳми босазо аст дар рушди водии Рашт, - таъкид намуд Александр Зуев.
«Чархи гардун»


Комментарий №1    Написал: credit loans    24 октября 2011 16:59    Цитировать
Various people in every country take the home loans in various banks, just because that is comfortable.


Комментарий №2    Написал: Keize    25 апреля 2013 13:59    Цитировать
I can't hear anything over the sound of how awesome this artcile is.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"