Чархи Гардун
29.09.2011 09:30

Фанои умедгоҳи сулҳ

Ҳафтаи гузашта сиёсатмадори бузург - пешвои тоҷикони Афғонистон ва яке аз хайрхоҳони сулҳи тоҷикон -Устод Бурҳониддин Раббонӣ дар теппаи Шуҳадои Вазиракбархони Кобул ба хок спурда шуд.
Террори Устод Раббонӣ 19 сентябр бар асари ҷиҳоди махфии зидди қавму қаболи ғайриафғонии Афғонистон аз ҷониби нерӯҳои Толибон сурат гирифт. Шаҳодати Устод Раббонӣ низ мисли террори шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд бо тарҳи пешакӣ ва амали маргталаб роҳандозӣ гардид. Устод Раббонӣ дар рӯзи мавлудашон, дар синни 71 - солагӣ ба шаҳодат расиданд.
Устод Раббонӣ 19 сентябри соли 1940 дар вулусволии Яфтали вилояти Бадахшон ба дунё омад. Пас аз таҳсил адр Донишгоҳи Кобул ва Донишгоҳи Ал-Аҳзари Миср ба таълим машғул буд. Дар илми илоҳишиносӣ ба дараҷаи профессорӣ ва докторӣ мушарраф гардид.
Устод Раббонӣ пас аз вуруди нерӯҳои низомии Шуравӣ тадриси улуми илоҳиро дар муадрасаҳо ва донишгоҳи Кобул як сӯ гузошта, ба сиёсати ҳифзи кишвар даст зад. Дар ҳайати ҷунбиши ҳафтгона ба муқобили Нерӯҳои хориҷӣ мубориза мебурд. Пас аз шикасти ҳукумати Наҷибулло нахуст сарвари Давлати Исломии Афғонистон интихоб шуд. Аммо баъди ишғоли Толибон боз аз нав ба сангари мубориза нишаст.
Дар атрофии ғояҳои меҳанпарастонаи Доктор Бурҳониддин Раббонӣ миллатҳои тоҷик, ҳазора узбеку туркман низ барои ҳақки сиёсӣ - иҷтимоӣ гирд омадаанд. Дар таърихи Афғонистон бори аввал Бурҳонидин Раббонӣ баробарии тамоми миллатҳоро ба баррасии умум гузошт. Дар сатҳи Парлумон ва Ҳукумат ҳамеша тақозо мекард, ки тамоми миллатҳо дар идоракунии давлат, таҳкими сулҳ ширкат варзанд. Ба ин хотир аз ҷониби Ҳукумати Ҳомид Карзай ва дастгирии нерӯҳои посдори сулҳ Раиси сулҳи сартосарӣ интихоб шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ террори Устод Раббонӣ маҳкум гардида, поси хотири он бо тамоми эҳсосоти миллатдустӣ нигоҳ дошта шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи тасаллияти худ унвонии ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай марги Устод Раббониро на танҳо фоҷиаи Афғонистон дар роҳи расидан ба сулҳ, балки онро фоҷиаи давлатҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон арзёбӣ намуд. Дар маросими ҷанозаи Устод Раббонӣ Ҳукумати Тоҷикистонро раиси Парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров намояндагӣ намуд. Дар баробари ҳайати расмӣ узви Иттифоқи журналистон, муовини сардабири «Миллат» Толибшоҳи Саидзода низ дар маросимти ҷаноза ширкат варзид. Аз таассур ва бардоштт сафари Кобул Толибшоҳ ба мухбири «Чархи гардун» чунин иброз назар кард:
-Марги Устоди аллома Бурҳониддин Раббонӣ тамоми Афғонистонро чун террори соли 2001 такон дод. Дар тамоми Афғонистон мотами миллӣ эълон гардида, аз марги пешвои миллат андӯҳи бузург эҳсос шуд. Ман бо ҳамдастии сиёсатмадори маъруф Латифи Пидром дар маросими ҷаноза ширкат варзидам. Дар сӯҳбатҳои алоҳида сиёсатмадорону мансабдорони Афғонистон террори Устод Раббониро зарба ба раванди сулҳи Афғонистон арзёбӣ карданд. Барои ҳифзи маросими видоъ дар шаҳри Кобул беш аз даҳ ҳазор низомиён ворид шуданд.
Мардуми Афғонистон аз тассалият ва дастгири мардуми Тоҷикистон дар чунин мотами миллӣ арзи сипос намуданд.
«Чархи гардун»


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...
Международные грузоперевозки: ...
Преимущества конструкторов сай ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"