Чархи Гардун
29.09.2011 09:26

«Форс» ба журналистони тоҷик дарс меомӯзад

- Воситаҳои ахбори омма вазъи ҷомеаро баҳо медиҳанд, бинобар он хабари саҳеҳ афкори ҷомеаро муайян мекунад, - гуфт зимни ифтитоҳи нахустин давраи омӯзиши хабарнигории ширкати «Форс» дар шаҳри Душанбе сафири кабири ҶИЭ дар ҶТ оқои Алиасғари Шеърдӯст. Вай аз ҷумла қайд кард, киТоҷикистону Эрон минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди хешро баҳри шукуфоӣ ва пешрафти кишварҳо идома хоҳанд дод. Дар ин замина имзои санади сохтмони нерӯгоҳҳои дигар дар Тоҷикистон ба амал омаданд. Чунонки ӯ изҳор дошт, ҳеҷ як хасми дигаре наметавонад ба ҳамкориҳо ва кӯмакҳои байни ҳамдигарӣ рахна андозанд.
Оқои Шеърдӯст саҳми рӯзноманигоронро дар ин самт мусбӣ арзёбӣ намуда, ҳамзмон таъкид кард, ки ҳини омодасозии матолиб ба эҳсосот ё таъсири қувваҳои дигар дода нашуда, вазъи ҷомеаро дар ҳоле, ки ҳаст, дуруст инъикос намоянд. Сухангӯи дафтари матбуоти ВКХ ҶТ Давлат Назрӣ аз боби ҳамкориҳои ширкатҳои хабарӣ ва радиою телевизион ва фаъолияти густурдаи рӯзноманигорони тоҷику эронӣ андешаронӣ намуда, афзуд, ки ҳар гуна ҷомеаро матбуот пеш мебарад ва вазъи ҷомеа аз тарафи онҳо инъикос мегардад.
Аббоси Тавонгар раиси хабаргузории «Форс» - и ҶИЭ гуфт, «Форс» аз ҷавонтарин хабаргузории ғайриҳукуматист ва нӯҳ сол боз фаъолият мекунад. Бино ба назарпурсӣ маълум гардида, ки аз пурхонандатарин хабаргузориҳост. Рӯзона то 400 ҳазор нафар аз он истифода мебаранд. Аз соли 2006 то ба ин сӯ бо мамолики хориҷӣ низ ҳамкорӣ менамоянд. Он дар мамолики Миср, Лубнон, Урдун, Амрикои Лотин, Ироқ, АМА, Фаронса, Англия, Ливия ва ғайра намояндагии худро дорад.
Рӯзноманигорони тоҷик А. Нуралиев, Қ. Бекмуҳаммад, С. Ҳамад, М. Эгамзод, З. Сӯфӣ ва дигарон аз хусуси муносибатҳои дуҷонибаи соҳаи журналистика доир ба фаъолияти минбаъдаи ҳамкориҳо андешаронӣ намуданд.
Давраи омӯзиш панҷ рӯз идома хоҳад ёфт.
Ҳотами Ҳомид


Комментарий №1    Написал: Anonim    11 августа 2013 08:49    Цитировать
What litriabeng knowledge. Give me liberty or give me death.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...
Международные грузоперевозки: ...
Преимущества конструкторов сай ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"