Чархи Гардун
27.10.2011 09:53

Режими Қаззофӣ суқут кард

Акнун навбати кист?
Муаммар Қаззофӣ, ки аз соли 1969 дар синни 28 – солагияш бо баргузории як табаддулоти осоишта ба сари қудрат омада буд, дар натиҷаи амалиёти муштараки ҳарбии мухолифонаш бо дастгирии нерӯҳои НАТО пас аз 9 моҳи мубориза дар шаҳри Сирт ваҳшиёна кушта шуд. Вале Шӯрои миллии муваққатии давлати Либия аз суқути мутлақи режими 42 - солаи Муаммар Қаззофӣ - мулаққаб ба «Шери биёбон», танҳо пас аз се рӯзи ба қатл расонданаш ба таври расмӣ хабар доданд.
Дар гирдиҳамоие, ки рӯзи якшанбе анбӯҳи чандинҳазорнафараи муқобилони режими полковникро дар Бинғозӣ бо парчаму навиштаҷоти шиоргуна ба ҳам овард, нотиқони гурӯҳи ғолиб унвонии шахсияти Қаззофӣ таҳқиру тавҳинро идома бахшида, иброз доштанд, ки акнун «Фиръавни замон» ба қуттии ахлоти таърих партоб гардид ва минбаъд мамлакат ба раванди сулҳу субот ва демократия бозмегардад. Дар баробари ин сару садоҳои мутантан раиси Шӯрои муваққатии миллӣ, собиқ вазири адлияи замони ҳукумати Қаззофӣ Мустафо Абдул Ҷалил изҳор намуд, ки дар асоси қонунгузориҳои кишвараш дар Либия қонунҳои шариатро ҷорӣ хоҳад кард.
Бо вуҷуди ин, аз қатли ваҳшиёнаи Қаззофӣ, ки ба ин гуна шеваи пурҷаҳолат сурат гирифт, 5 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳанӯз ҷасади ӯ ба хок супорида нашудааст ва рӯҳи ӯ болои сари ҳукуматдорони нави Либия парвоз дорад. Дар ин моваро расонаҳои хабарии ҷаҳон иттилоотеро низ пахш намуданд, ки гӯё ҳукуматдорони нави Либия новобаста аз васияти Муаммар Қаззофӣ, ки гуфта буд, ҷасадашро дар зодгоҳаш – шаҳри Сирт, паҳлӯи пайвандонаш гӯр кунанд, тасмим гирифтаанд, амали ба хок супориданро махфиёна анҷом диҳанд, масалан, ба мисли амрикоиҳо, ки ҷасади Уссома бинни Лоданро ба баҳр партофтанд, то мазори ӯ зиёратгоҳи ҳаводорон ва эҳтиромгузоронаш набошад. Хушбахтона, билохира онҳо тасмимашонро иваз карда, қарори ваъда додаанд, ки ҷисми Қаззофиро ба пайвандонаш барои иҷрои васият хоҳанд супорид.
Ҳамчунин, фарзияҳои зидду нақизе низ мавҷуданд, ки шахси кушташуда на Қаззофии воқеӣ, балки шабаҳ ё ба истилоҳ, «двойник» -и ӯст. Аз сӯи дигар, иттилооти расида дар мавриди қатли «Шери биёбон» номӯътамаданд. Сараввал хабаре дар расонаҳои интернетиву шабакаҳои телевизионӣ паҳн гардид, ки доҳии собиқи Либия дар натиҷаи тирпарронӣ кушта шуд, вале баъдан сужаҳои наворӣ бо симои «қаҳрамонҳое» пайдо шуданд, ки даст ба сина мекӯфтанд: Муаммар Қаззофиро маҳз онҳо куштаанд!
Шабакаи «Al Arabiya» ҳанӯз шоми рӯзи панҷшанбе ҷавони 18 солаеро бо пистолети тиллоӣ намоиш дод, ки гӯё онро аз дасти полковник пеш аз тир холӣ кардан ба сараш кашида гирифтааст Вале рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии «Sky News» -и Британияи Кабир навори видиоиеро паҳн намуд, ки чӣ гуна ҷанговарони зидди режими Қаззофӣ ба нафаре ҳамчун қотили полковник саломи ҳарбӣ медиҳанд. Ҳатто яке аз онҳо хурсандона нидо мекунад: «Ана, қотили Қаззофӣ, ки бо дастони худаш аз ин пистолет ӯро паррондааст. Ин ҳодиса дар пеши чашмони ман рух дод, ман инро дидам, ана қотил!»
Бешак, ҳаросу талоши ҳукуматдорони нави Либия аз ба хок насупоридани Қаззофӣ ба макони тавофи ҳаводорон ва ворисони сершумораш табдил наёфтани марқади ӯст. Вале коршиносон новобаста ба ин мӯътақиданд, ки Қаззофии фавтида барои мухолифонаш аз Қаззофии зинда ҳам хавфноктар аст, чунки агарчанде ки ҷонибдорон ва ақидатмандони режими Қаззофӣ баъди ин қадар таҳқиру тавҳин ба ҷасади доҳии худ аққалан ҳамдардиеро баён дошта натавониста бошанд ҳам, вале ин наворҳои таблиғотии пурҷаҳолату ваҳшиёна ғазаб ва андешаи интиқомситонии эшонро ба ҷӯш овард. Чунин амали ғайриинсонӣ метавонад ҷонибдорони Қаззофиро дар саросари олам ба маротиб афзун бахшад.
Бахусус, ки писари вориси падар таъйиншудаи Қаззофӣ – Сайфулислом
Пас аз сукути начандон тӯлонӣ баногоҳ тавассути шабакаи телевизионии «Arrai TV» -и Сурия аз зинда будани худ дарак дод ва ҷонибдоронашро итминон бахшид, ки дар мамлакат ҳузур дорад ва муборизаи низомиро идома хоҳад дод. Албатта, ин изҳорот як сухани хушку холии аз сари қаҳру ғазаб фурӯрехта нест, балки ба таври воқеӣ ба сари ҳукуматдорони нави Либия хатари ҷиддиеро фурӯ хоҳад пошид. Зеро Сайфулислом аз зумраи низомиёни корозмудаву соҳибтаҷрибаест, ки миёнаи солҳои 1980 –ум дар якҷоягӣ бо хадамоти махсуси Либия шабакаи террористиеро таъсис дода, онро дар тамоми гӯшаву канори Аврупо мустаҳкам сохт. Билхосса, ки роҳбарии ҳамин шабакаи террористиро аз оғоз то имрӯз маҳз худаш бар дӯш дорад. Пас, табиист, ҷои шубҳа боқӣ намемонад, ки дар ниқорситонӣ барои қатли ваҳшиёнаи падар ба Сайфулислом алоқамандони содиқи режими хонаводагии онҳо ва инчунин, дигар шабакаҳои террористии ҷаҳон дасти кӯмак дароз хоҳанд намуд. Бинобар ин, дар роҳи қасдситонӣ ба Сайфулислом ва гурӯҳҳои ба ӯ содиқ нерӯи пурзӯре ба худ қотеъ буда наметавонад, ки онҳоро дар лонаашон саркӯб созад. Чунки гурӯҳҳои террористии марбут ба Сайфулислом ҳанӯз дар панҷаи қудрати худ ҳам силоҳ ва ҳам маблағҳои ҳангуфтеро доранд ва аз ин рӯ, бегумон ҳукуматдорони нави Либия Каме барвақттар табли тантанаи ғолибияти худро навохтанд.
Ғолибони шикасти режими Қаззофӣ бар мутмаинанд, ки бо марги Қаззофӣ мардуми Либия аз ситам раҳо ёфтанд ва ба давраи шукуфоиву озодиҳо рӯй меоваранд. Оё воқеан ҳам пас аз ин таҳдидҳои рӯёрӯи Сайфулислом ва пайвастагии ӯ ба ҷаҳони террор, дастолудагиҳои НАТО дар суқут бахшидан ба режими Қаззофӣ ва мавҷудияти ҷонибдорони сершумору шикастхӯрда, вале мусаллаҳи режими «Шерри биёбон» ҳукуматдорони нави Либия метавонанд осуда бошанд?
Сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ мӯътақид аст, ки бо марги Қаззофӣ ҷанг дар Либия ба поён мерасад. Сарвазири Русия Владимир Путин ҳам қатли Қаззофиро хеле бо хушнудӣ истиқбол намуд, вале ба думболи ин мамнунияти Путин шабакаҳои телевизионии Русия аз хазина наворҳои оғӯшкушоиҳову бӯсобӯсиҳои ӯро бо Қаззофии марҳум барои қазоват пахш карданд. Роҳбарони 27 давлат аврупоӣ низ дар нишасти ахири худ марги Қаззофиро «поёни як давраи зулм» номиданд. Аммо аз миёни ин ҳама баҳогузориҳо хулосабарориҳои сенатори амкриоӣ Ҷон Маккейн духӯра ва то андозае дурбинона ба назар мерасад. Ба қавли вай, қатли Қаззофӣ марҳилаи аввали инқилоб дар Либияро хотима бахшид. Яъне, марҳилаҳои дигар дар пешанд.
Аз ин ҷо метавон ҳадс зад, ки бо ба қатл расидани «Шери биёбон» ҳанӯз проблемаҳои мардуми Либия ба охир нахоҳад расид. Ин анҷом оғози инқилобҳои дигар дар ин кишвар, мамолики дигари арабӣ ва дар маҷмӯъ, дар Шарқи Миёна аст. Албатта, акнун кадом давлат ва кадом ҳокимро тақдири Либия интизор аст, пешгӯӣ кардан сахт душвор аст. Вале инаш яқин аст, ки талошу муборизаҳои Амрикову Аврупо барои дастрасии комил доштан ба чоҳҳои нафти арабӣ идома хоҳад ёфт.
Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"