Warning: fopen(/var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/cache/informer_1_ab81a01d70dfed850894655b5903e732.tmp): failed to open stream: Disk quota exceeded in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 338 Warning: fwrite() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 339 Warning: fclose() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 340 Н.Саидов: Ман ректори кабинетӣ нестам! » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"

Чархи Гардун
31.08.2010 15:33

Н.Саидов: Ман ректори кабинетӣ нестам!

Ҳар тобистон дар моҳи август саҳни мактабҳои олии кишвар пур аз довталабу мухлисони онҳо мешавад ва мушоҳидаи ин манзара таассуротангез аст. Агар аз дидани як нафар довталаби комёб кас хурсанд шавад, аз оби дидаву фиғони нокоми дигар табъи кас хира мегардад, зеро ҳама ба як умеде меоянд. Ҷойи таассуф аст, ки ин марҳила аз ҷониби рӯзноманигорон кам инъикос меёбад.
Доир ба ҷараён ва натиҷаи имтиҳоноти қабул дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ овозаҳо зиёданд ва нафарони зиёде бо мактубу арзу шикоятҳои худ ба редаксияи мо муроҷиат кардаанд. Барои равшанӣ андохтан ба чандин масъалаҳо мо муроҷиат намудем ба ректори ин муассисаи таълимӣ профессор Нуриддин Саидов:
-Мӯҳтарам Нуриддин Саидов аз баргузоршавии имтиҳоноти дохилшавии имсол ва натиҷаи он қаноатманд ҳастед?
- Комилан қаноатманд ҳастам. Ҳамаи он чи ки аз мо қонун ва қоида талаб мекард, иҷро намудем.
- Фарқи имтиҳони имсола аз порсола дар чӣ буд?
- Имсол нисбат ба порсол хоҳишмандони дохилшавӣ бештар шуданд ва хурсандиовараш ин буд, ки довталабон барои амалӣ шудани мақсади худ аз рӯи тестҳо омодагии ҷиддӣ гирифта буданд, ки нойил шудани довталаб ба холҳои баланд ин қазияро собит месозад.
- Ба кадом ихтисосҳо мардум бештар майл зоҳир карданд?
-Ба тахассусҳои молия ва қарз, ҳуқуқшиносӣ, шарқшиносӣ, информатика, тиббӣ-ташхисӣ, дорусозӣ ва амсоли ин. Кор то ҷое расид, ки дар баъзе аз ихтисосҳои номбаршуда довталабон бо соҳиб шудани беш аз 200 хол ҳам натавонистан донишҷӯ шаванд. Ин падида боиси гуфтугузор ва овозаҳои зиёд гардид. Воқеият ин аст, ки имсол мо 64 нафар дорандагони медалҳоро ба тариқи сӯҳбат ба донишгоҳ қабул кардем. Аз дигар тараф донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд, низ ҷойҳоро банд кардаанд. Барои ҳамин ҳам дар баъзе ихтисосҳо ба ҷойи 10-15 нафар мо 4-5 нафарро қабул кардем. Ин ҳолат бештар дар факултаҳое, ки аз ҳисоби буҷаи давлат ба нақша гирифта шудааст, ба назар расид.
-Сатҳи дониши онҳое, ки ба тариқи квотаи президентӣ меоянд, маълум аст, аммо онҳое, ки медалистанд, донишашон дар кадом поя аст?
-Ба воқеияти эътибори он медалҳо вазорати маориф ҷавобгӯ аст. Тибқи дастури Шӯрои олимони донишгоҳ мо онҳоро аз роҳи сӯҳбат қабул кардем. Албатта, дар як сӯҳбат сатҳи воқеии дониши онҳо муайян намегардад.
-Ба ҳар ҳол, шаффофияти баргузории имтиҳоноти имсола дар Донишгоҳи миллӣ чанд фоизро ташкил дод?
-Ҳукумат барои гурӯҳҳои буҷавӣ имсол ба мо 1000 ҷой ҷудо кард ва барои гурӯҳҳои шартномавӣ бошад, 1900 ҷой. Ҳамаи онҳое ки дониши хуб доштанд дар гурӯҳҳои буҷавӣ ҷойи худро гирифтанд, зеро пеши роҳи донишро касе гирифта наметавонад. Як фазилати имтиҳони тестӣ дар ин аст, ки натиҷаи возеҳи дониши довталаб дар рӯи коғаз акс меёбад ва он донишро компютер месанҷад. Агар ҳозир мо бо усули анъанавӣ имтиҳонотро ба роҳ монем, бозор мешавад.
-Аз рӯи баъзе овозаҳо имсол дар Донишгоҳи миллӣ компютер ҳам ба хатоиҳо роҳ дода, холҳои довталабонро нодуруст бароварда нишон додааст…
-Ин ҷо компютер хато накардааст, балки бо айби довталабон чунин натиҷа ҳосил мешавад. Бо мондани як нуқтаи оддӣ ва ё тасодуфан расидани қалам дар рӯи коғаз ва ё оринҷро рӯи варақаи тестӣ мондан, компютер онро ба ҳисоб намегирад. Барои ҳамин ҳам баъди апелятсия баъзе довталабон холҳои гирифтаи худро барқарор менамоянд. Албатта, ин системаро бо падид омадани шароит бояд дигар кард. Чизи дигар ин аст, ки захраи саволномаҳои тестӣ, ки аз рӯи фанҳои мухталиф вобаста ба барномаҳои низоми таҳсилоти умумӣ сохта шудааст, таҷдиди назар мехоҳад. Мо, албатта, то соли дигар ин корро мекунем.
-Чунин овозае ҳаст, ки имсол ҳангоми ҷараёни имтиҳоноти дохилшавӣ дар Донишгоҳи миллӣ дар синфхонаҳо ба баъзе довталабон омӯзгорон ёрӣ расонидаанд. Ба ин чӣ мегӯед?
-Барои ин ки чунин амал рух надиҳад, мо дар толорҳои имтиҳонӣ касонеро мондем, ки ба ҳамон ихтисос алоқамандӣ надошта бошанд. Масалан, дар толоре, ки ҳуқуқшиносон имтиҳон доштанд, мо назоратчӣ математикро мондем ва баръакс. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин имрӯз ба ҳеҷ кас боварӣ нест. Тасаввур кунед, ки ҳар рӯз дар 9 толор дар ду баст имтиҳон баргузор мешуд. Ҳамаи инро ман наметавонам зери назорати шахсӣ бигирам. Мумкин аст, дар ягон кунҷе касе ба чунин амали носавоб даст зада бошад. Онҳое, ки сари ин масъала шикоят кардаанд, агар далели қатъие дар даст дошта бошанд, метавонанд ба мо муроҷиат намоянд.
-Рост аст, ки Шумо хондани деҳқонбачаҳоро дар факултаи ҳуқуқшиносӣ зарур надонистаед?
-Ҳар чӣ мегӯянд. Ман ҳамин рӯзноманигоронро ҳеҷ намефаҳмам. Як нафар ҳазор амали савобро анҷом медиҳад, онро намебинанд, вале як норасоии ҷузъиро дида, онро зуд ҳангома мекунанд. Шумо метавонед тадқиқоти журналистӣ баред ва ошкор хоҳад шуд, ки аксарияти дохилшудаҳо дар факултаи ҳуқуқшиносӣ деҳқонбачаҳоянд. Он чи ки аз ман иқтибос оварда, ҳангома кардаанд, ҳақиқати дигар дорад. Як нафар довталаби ятимбача, ки литсейро дар равияи улуми дақиқ хатм кардааст, бо ариза ба ман муроҷиат карда, дархост намуд, ки ба гурӯҳи шартномавии факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шудан мехоҳад. Ман ба ӯ гуфтам, ки ту ятим ҳастӣ, равияи дар литсей таҳсилкардаат улуми дақиқ аст (аниқтараш барномасозии соҳаи компютерӣ) ва ту бояд ба факултаи физика ва ё математика равӣ ва ҳамин тавр ҳам шуд, ҳоло ӯ донишҷӯи факултаи физика шудааст. Зиёда аз ин, нафароне, ҳастанд, ки барои дар гурӯҳҳои шартномавии факултаи ҳуқуқшиносӣ аз банкҳо ё аз шахсони воқеӣ қарз мегиранд, худро ба қарз мубтало мегардонанд. Ин кор чӣ маънӣ дорад? Хуб нест, ки ба факултаҳои равияи омӯзгорӣ дошта рафта, таҳсил намоянд, ҳам соҳибмаълумот шаванду ҳам қарздор нашаванд.
Ман аз зумраи он ректорони кабинетӣ нестам. Ҳамеша дар байни мардум ҳастам. Кӯшиш менамоям, ки бевосита ҳақиқатро ба мардум расонам, то ин ки онҳо роҳгум назананд. Шояд характери ман барои баъзеҳо писанд набошад, аммо ман худро сунъиву сохта вонамуд карда наметавонам.
-Барои онҳое, ки оянда дар Донишгоҳи миллӣ донишҷӯ шудан мехоҳанд чӣ маслиҳат медодед?
-Мақсаднок амал намоянд, яъне сари вақт тибқи талаботи ихтисоси интихобкардаашон фанҳои заруриро сабақ гиранд ва бо омодагии ҷиддӣ биёянд. Маҷмӯаи суолҳои тестии ҳамаи ихтисосҳо имрӯз мунташир шудаанд. Онҳое, ки довталаби муассисаи таълимии мо шуданианд, бояд ин китобҳоро гирифта, назди беҳтарин омӯзгорон тайёрӣ бинанд, то ин ки дар оянда бе ягон мамонияту мушкилӣ, бо сари баланд ба боргоҳи маърифати мо шомил гарданд. Ҳамчунин, мо дар назди Донишгоҳи миллӣ курсҳои тайёрӣ дорем, ки ҳамасола нафарони зиёде он ҷо таҳсил мекунанд. То ҷое, ки хатмкунандагони курсҳои тайёрие, ки дар риштаҳои омӯзгорианд, пас аз хатми ин курси тайёрӣ бе имтиҳони дохилшавӣ донишҷӯ шуда метавонанд.
Сӯҳбаторо: Б.БОБОПУР


Комментарий №1    Написал: Melis    19 сентября 2012 03:14    Цитировать
The aenwsr of an expert. Good to hear from you.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"