Warning: fopen(/var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/cache/informer_1_ab81a01d70dfed850894655b5903e732.tmp): failed to open stream: Disk quota exceeded in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 338 Warning: fwrite() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 339 Warning: fclose() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 340 ИШҚВАРЗӢ БЕҲ Ё РУБӮЧИН? » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"

Чархи Гардун
31.08.2010 15:34

ИШҚВАРЗӢ БЕҲ Ё РУБӮЧИН?

Аз рӯи як тадқиқоте, ки коршиносони англис гузаронидаанд, маълум шуд, ки занони оддии британӣ дар як ҳафта шонздаҳ соати умри худро сарфи рӯбучин ва ба тартиб овардани хона мекунанд.
Аз байни ду ҳазор занони пурсидашуда аз ҳар 10 нафар 6 нафарашон изҳор доштаанд, ки корҳои рӯзгор асаби онҳоро ором месозад ва як навъи табобати рӯҳонӣ ҳисоб меёбад.
Аз сад 10 нафар гуфтаанд, ки барои онҳо ҷои кор ё серкорӣ дар он мавқеи дуюмдараҷаро касб намудааст.
22 фисади бонувони дар тадқиқот ширкатварзида иброз доштанд, ки аз рафти кори худ завқ мебаранд. 64 фоизи дигар аз натиҷаи кори худ роҳат карданро ёдовар шудаанд.
Аҷибаш ин ки як гурӯҳ ширкаткунандагони ин тадқиқот иброз доштаанд, ки...
Аз муносибатҳои маҳрамона дида, бештар аз иҷрои корҳои хона, ё ба ибораи дигари дар байни занони мо маъмул, «уборка», ҳаловат мебаранд.
Баъди мутолиаи ин мавод кӯшиш кардем, ки мавқеи рӯбучин ва тартиботро дар ҳаёти зани тоҷик фаҳмем.

Умри зани тоҷик бо «уборка» мегузарад
Агар зани оддии англис дар як ҳафта 16 соатро сарфи корҳои рӯзғор созад, хуш ба ҳолаш!
Умри зани тоҷик бо рӯфтану шакидан, пухтану шустан мегузарад. Худи ман омӯзгорам, субҳи солеҳон хеста, барои шавҳараму писари донишҷӯям хӯрок тайёр мекунам. Онҳо наҳорӣ мекунанду ман сӯи мактаб медавам, то дер намонам. Меъдаамро бо як самбӯсаи серпиёз ва як истакон қаҳваи ошхонаи мактаб ором сохта, аз ҳисоби танаффусҳо ба хона давида, хӯрокро гарм намуда, назди писару шавҳарам гузошта, боз ба кор бармегардам. Пас аз кор ғарами табақуукоса ва либосҳои ношуста маро «бесаброна» интизоранд. Рӯзҳои истироҳат «уборкаи генералӣ» ва пухтани оши палов вазифаи ҷонии ман аст. Хулоса, умрам бо кори хонаю давлат ноаён мегузарад. Шавҳарам ҳеҷ гоҳ «шарафи мардияш»-ро паст зада, косаи хӯрокхӯрдаашро намешӯяд, – иброз дошт Солеҳамоҳ Сараева, омӯзгор аз ноҳияи Сино.

Озодаҷиннӣ
Ман ба шумори он бонувоне дохил ҳастам, ки бемории тозагӣ доранд. Хушдомани раҳматиям Озодаҷиннӣ лақабам дода буданд. Рӯзи дароз кор мекунам, боз саҳар ҳамон корҳо такрор...
Худам низ медонам, ки ин одати хуб нест, аммо чӣ хел халос ёфтан аз онро намедонам. Шавҳарам ба ин ҷо шину ин ҷо мони ман тоқат накарда, зани дуюм гирифт. Писаронам мисли худам ба тозагӣ риоя мекунанд, аммо шавҳарам мегӯяд, ки касе келини ту шавад, бадбахт мегардад.
Мазмуни зиндагии ман кору бори хона аст ва ман тарафдори он заноне ҳастам, ки аз муносибатҳои шаҳвонӣ дида, рӯбучинро авло медонанд, - чунин буданд андешаҳои Гулнора Нозимова корманди почта.

Ҳар кор ҳисоб дорад
Ба андешаи ман тамоми бонувони рӯи дунё кори хонаро дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки кошонаашон мувофиқи табъу завқи эшон оро ёфта бошад. Барои ин шарт нест, ки умри худро сарфи фаршшӯиву чангтозакунӣ созед. Мо бояд аз рӯи нақша кор карданро ёд гирем. Ба фарзандон низ тарзи дурусти шину хезро аз кӯдакӣ омӯзем.
Фақат он вақт метавонем ҳам барои тозагию кори хона, ҳам нигоҳубини худ, маъракаравӣ ва навозиши шавҳар вақт ёбем. Зане, ки реҷаи махсуси иҷрои корҳояшро надорад, ба холаи ҳамакора монанд аст, ки ҳама корҳояш нимкораанд – гуфт Замира Шарифзода табиби занҳо.

Зани деҳот бо «уборка» зинда аст
Эй хоҳари ширин, шумо ё мастед, ё аз кӯчаи мастон мегузаред! Зиндагии бисёр вазнини зани тоҷикро бо «уборка»-и занони англис муқоиса намудан, хафа нашаведу, аблаҳист. Мо шабу рӯз меҳнат мекунем, барои як дарзаи ғӯзапоя рӯзҳои гарми тобистон дар заминҳо кор мекунем.
Боз тарбияи фарзандону сатҳи пасти иқтисодӣ ва дурии марди хонадон моро абгор намудааст. Занони рустоӣ рӯбучин ё «уборка»-и мегуфтаи шуморо кор намедонанд. Масалан, келинҳои ман, ки се нафаранд, имсол барои хонаҳои навбунёдашон, ки аз чор ҳуҷраю даҳлез иборатанд, хишт рехтанд. Ду келини ҳамсояам бошанд, оғилҳоро канда, заминашро ҳамвор карданд ва баъд усто гирифта, девор бардоштанд барои оғили нав, чашм нарасад, худашон баробари устоҳо меҷунбанд. Шояд саволи шуморо оиди «уборка» ба онҳо диҳем, аз ханда гурдакаф шаванд, - гуфт дар сӯҳбат бо мо Тоҷинисо Давлатова нафақахӯр, меҳмони пойтахт.

Кори хона асабамро ором месозад
Агар бо шавҳарам ҷанг кунам, ӯ то нисфи шаб ба хона намеояд, чунки ман асабамро бо «уборка» ором мекунаму ӯ ҳам ҷои қадаммонӣ намеёбад. Ман чунон ба кор дода мешавам, ки тамоми нохушиҳоро фаромӯш мекунам. Баъд аз анҷоми корҳо чангкашакро тоза карда, ба ҷояш мегузораму латтаи фаршшӯиро тоза шуста, ба тор меовезам. Баъд худам шустушӯ карда, ба бистар медароям. Он ҳаловати роҳатбахшеро, ки дар ҷисмам эҳсос мекунам, ягон нафари дигаре ба ман дода наметавонад. Субҳ низ бо табъи болида бедор мешаваму аз натиҷаи меҳнатам худро сабуку болидарӯҳ меёбам – гуфт Шаҳнозаи Раҷабалӣ корманди бонк.
Омодасоз: Ҳилолаи Баҳриддин


Комментарий №1    Написал: Саид Абдуллои Нури    3 сентября 2010 10:57    Цитировать
Наход ки бо шавхарат чанг куни? Боз худата таъриф мекуни ! Тозагии ту ба ки даркор дар холе ки шавхаратро норохат месози! айф ба ту корманди бонк Шанозаи Рачабали!


Комментарий №2    Написал: noshinos    6 сентября 2010 18:44    Цитировать
baroi chi dar Tojikiston to hol zaboni Tojiki pura istifoda burda nameshavad zani dehot bo ,,uborka..zinda ast e dar charhi gardun hama nohonda boshand


Комментарий №3    Написал: Nedret    1 апреля 2013 19:47    Цитировать
I've been looking for a post like this feorevr (and a day)


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"