Чархи Гардун
31.08.2010 15:34

ЭҲТИЁТ, ДАР ФУРУДГОҲ ҒОРАТ МЕКУНАНД

Ҳафтаҳои охир дуздии амволи дар дохили бағоҷи мусофирони хатсайри «Маскав-Душанбе» аз фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав. Дар хатсайрҳои рӯзҳои 16, 20 ва 24 августи соли ҷорӣ амали гашта 82 ҳолати осеб дидани бағоҷ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 23 ҳолат дуздӣ буда, танҳо дар як хатсайр, ки рӯзи 16 август сурат гирифтааст, аз 395 бағоҷ 35 бағоҷ кушода, дарида ва осеб дидааст.
Аз бағоҷи мусофирони тоҷик чӣ медузданд?

Ба иқрори масъулини ширкати «Тоҷик Эйр» ҳамин гуна ҳолатҳо солҳои 2007-2008 низ ҷой доштанд ва пас аз баррасии ин мушкилот аз ҷониби ҳайати махсуси намояндагони сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои қудратии Федератсияи Русия, бартараф шуда як бригадаи 11 нафараи боркашҳои фурудгоҳи «Домодедово» бо ҷурми дуздии мусофирони хатсайрҳои тоҷик ба ҷавобгарӣ кашида шуда буданд.
Имрӯз ин ҳолат боз такрор шуда истодааст ва аз рӯзи 16 август то 24 ба авҷи аълои худ расидааст. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» тасмим гирифт, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарияти шӯъбаи корҳои дохилӣ дар фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» гурӯҳи махсус ташкил намуда, ин масъаларо мавриди таҳқику омӯзиш ва баррасӣ қарор бидиҳад.
16 августи хатсайри № 628-и ширкати «Тоҷик Эйр» мавриди санҷиши ин комиссия қарор гирифт. Ҳавопаймо 25 дақиқа аз вақти асосии хеш дер фаромада, ҳангоми санҷиши бағоҷ дар бахши бору бағоҷи ҳавопаймо, маълум шуд, ки рӯйпечи 35 адад бағоҷ канда шуда, чанде аз ҷомадонҳо даронида ва қулфу занҷири онҳо шикастаанд. Бағочҳои осебдида ба мусофирон дар алоҳидагӣ пешниҳод карда шуда, баъдан маълум гашт, ки аз дохили онҳо маблағҳои пулӣ, телефонҳои мобилӣ, плейрҳо ва ҷавоҳирот рабуда шудаанд. Гурӯҳи корӣ дар ин рӯз нисбати 11 ҳолати дуздии бағоҷи мусофирон санад тартиб дод. Дар таърихи 20 август рейси № 628-и ширкати «Тоҷик Эйр», ки он ҳам аз фурудгоҳи «Домодедово» аз Маскав ба самти Душанбе парвоз амалӣ намуд, ба таври интихобӣ санҷида шуд. Дар натиҷа маълум шуд, ки аз 292 бағоҷи мусофирон 19 бағоҷ осеб дида, аз 12 бағоҷ маблағҳои пулӣ ва дигар лавозимоти қимматбаҳо аз дохили бағоҷи мусофирон дуздида шудааст. Дар ҳамин хатсайре, ки рӯзи 24 август парвоз карда омад, 28 бағоҷ осеб дида, рӯйпечи аксари бағоҷҳо канда шуда, ба даруни ҷомадонҳо гузошта шуда буданд. Аз бағоҷи мусофир Нуров Нуралӣ бошад, 7 ҳазор рубли русӣ рабуда шуда буд.
Кӣ ҷавобгари кафолати бағоҷи мусофирон аст?
Чуноне ки рӯзи 26 август зимни нишасти матбуотӣ сардори шӯъбаи истеҳсолӣ-тиҷоратии КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Алишер Рустамов иброз намуд, интиқоли бору бағоҷ то ҳавопаймо дар масъулияти хадамоти боркашонии фурудгоҳ аст. Ҳангоми парвоз он ба зиммаи ширкати интиқолдиҳанда гузошта шуда, пас аз нишастан ба замин боз ба масъулияти хадамоти боркашонии фурудгоҳи дигар вогузор мегардад.
- Як нуктаро бояд тазаккур бидиҳам, ки аксари мусофирони ғоратшуда аз кормандони фурудгоҳи Душанбе домангир буда, тахмин мезананд, ки гӯё бағоҷашон дар ҳамин фурудгоҳ мавриди ғорат қарор мегирифта бошад. Бинобар ин, барои рафъи гумонҳои ғалат ва шубҳа, раванди омадан, кушодани бордони ҳавопаймо ва фаровардану дастрас намудани бағоҷ ба мусофирон дар ҳузури гурӯҳи корӣ сурат гирифта, расмгирӣ ва наворбардорӣ ҳам шудааст. Пас аз тафтишу таҳқиқи даҳрӯзаи гурӯҳи корӣ хулоса кардан мумкин аст, ки алъон дар фурудгоҳи «Домодедово»-и шаҳри Маскав танҳо кормандони як баст ба ғорат намудани бағоҷи мусофирони тоҷикистонӣ машғуланд, - қайд намуд Алишер Рустамов.
Ба ақидаи Алишер Рустамов, пас аз тартиб додани санадҳо роҷеъ ба дуздии бағоҷҳо гурӯҳи корӣ суроға ва телефонҳои тамоми ҷабрдидагонро гирифта, аз онҳо даъват намудааст, ки ба таври расмӣ баёноту шикоят нависанд ва аз ҳуқуқҳои хеш тавассути додгоҳ ҳимоят намоянд. Аммо аксари мусофирон даст афшонидаанду тамом, ба ақидаи коршиносон, шояд онҳо медонанд, ки ин амал қоғазбозиву кашмакашҳои зиёд дошта, дар охир бор нахоҳад овард…
Чаро маҳз шаҳрвандони тоҷик ғорат мешаванд?
Имрӯз асосан шаҳрвандони тоҷик мавриди ғорат қарор гирифта, мувофиқи тахминҳо он дар бахши бору бағоҷи фурудгоҳи «Домодедово» сурат мегирад. Зеро, ҷойе, ки дар он бору бағоҷҳои шаҳрвандони тоҷик таҳвил дода мешаванд, дар як кунҷи назарногири фурудгоҳ воқеъ буда, гирду атрофи он баста аст ва намояндагони расмии ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷику сардори роҳбаладон иҷозати ворид шудан ба ин қисматро қариб, ки надоранд.
- Сардори роҳбаладон ҳангоми қабулу таҳвили бору бағоҷ ҳатман иштирок мекунад, вале теъдоди бор зиёд асту як нафар, ки зери назари ҷиддии кормандони сохторҳои қудратӣ қарор дорад, наметавонад дар якчанд лаҳза тамоми каму кости бағоҷро бубинад, - мегӯяд Елена Кириллова – сардори роҳбаладони ширкати «Тоҷик Эйр». Ҳангоми ҷобҷогузории бор дар бордони ҳавопаймо як нафар масъул ба қабули бор вобаста аст ва бояд ба бағоҷи осебдидаву дарида ё бозкардашуда диққат дода мувофиқи қоидаҳо, чунин бағоҷро дар ҳамон ҷо қабул накарда баргардонад ё санад тартиб диҳад. Аммо аксари вақт масъулони ин кор ба хунукназарӣ роҳ дода, ба бору бағоҷи осебдида диққат накарда бор карда, меоранд.
Ба иттилои коршиносон, ба ғайр аз мусофирони ҳавопаймоҳои тоҷик, баъзан мусофирони хатсайрҳои аз Маскав ба Самарқанд, Бишкек ва Чорҷӯ амалишаванда низ ғорат карда мешаванд ва яке аз фарзияҳо он аст, ки кормандони бахши бору бағоҷ бо масъулони азназаргузаронии техникии бор алоқа дошта ба ҳамдигар хабар медиҳанд, ки дар кадом бағоҷ чӣ ҳаст.
- Мушкилоти мо дар он аст, ки мусофирони ҷабрдидаи мо доир ба ин ҳолатҳо ва ҳолатҳои дигаре, ки дар фурудгоҳи «Домодедово»-и Маскав ҷой доранд, ба ягон сохтор шикоят намекунанд ва шикоят кардан намехоҳанд, - иброз медорад Алишер Рустамов.
Ба ақидаи коршиносон бошад, сабаби муроҷиат накардани мусофирон – ин пеш аз ҳама боварӣ надоштани онҳо аз ҳалли масъала аст. Инчунин, бемасъулиятии намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷик дар Маскав, бахши консулии сафорати ҶТ дар фурудгоҳи «Домодедово» низ боиси ноумедии шаҳрвандони тоҷик аз ҳифзи ҳуқуқи хеш гаштааст. Ин ҳолатҳо дар ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» хеле кам ба назар мерасад, зеро мувофиқи қоидаҳои қабулшудаи ин ширкат, дар ҳар бордони ҳавопаймо ду нафарӣ роҳбаладон навбатдорӣ намуда, борҳои осебдидаро бармегардонанд ё ин ки дар ҳамон фурудгоҳ санад тартиб дода, як нусхаашро ба роҳбарияти фурудгоҳи «Домодедово» месупоранд.
Пул дар бағоҷ – пинҳон аз кӣ?
Мусофирон мегӯянд, ки маблағҳои пулӣ ва ашёҳои гаронбаҳоро ба он хотир дар бағоҷ пинҳон намуда онро мепечонанд, ки намояндагони сохторҳои қудратии рус ва тоҷик ҳангоми саворшавӣ ва фаромадан дар фурудгоҳҳо бо баҳонаҳои зиёд аз худ накунанд. Ҳангоми даромадан ба фурудгоҳи «Домодедово» милисаи дами дар қариб, ки аз ҳар мусофири тоҷик ҳазор рубл мегирад, баъдан ҳамин тавр то нишастан ба ҳавопаймо 500-1000 рублӣ тақсим мешавад. Мусофирони тоҷик, алалхусус, мардонро пас аз гузаштан аз гумруку сарҳад низ боз ба як утоқи алоҳида дароварда, «тафтиш» мекунанд. Ин ҳолатҳоро худи мусофирон тасдиқ намудаанд. Милисаҳо то метавонанд аз онҳо маблағ меситонанд ва касе аз масъулини русу тоҷик наметавонад барои аз байн бардоштани ин ҳолатҳои номатлуб қадаме ба пеш ниҳад. Касе парвои мусофири тоҷик, ки чӣ дар ҳавопаймову чӣ дар қатора мераваду меояд, надорад. Шояд аз ҳамин лиҳоз шаҳрвандони тоҷик, ки аз азал таҳаммулпазиранд, ба касе чизе намегӯянд, ҳатто барои ҳимояи ҳуқуқи худ…

Ҷамила Ҳусейнова


Илова

«ДОМОДЕДОВО» МЕГӮЯД, КИ

Фурудгоҳи «Домодедово» дар навбати худ эълон медорад, ки аз рӯзи 16 то 24 август аз ҷониби мусофирони хатсайрҳои «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон ягон нома ва ё шикоят дар мавриди дуздӣ ва осеб дидани бору бағоҷ нагирифтааст. Ба ақидаи вобастаи матбуотии ин фурудгоҳ Елена Галанова, ки тавассути тамоми воситаҳои ахбори русу тоҷик паҳн гашт, барои осеб дидан, шикастан ва гум шудани бору бағоҷи мусофирон мувофиқи қонунгузории Русия худи ширкати ҳавопаймоӣ бояд ҷавобгӯ бошад.
Чуноне ки ба мухбири мо аз дафтари матбуоти КВДҲ «Тоҷик Эйр» хабар доданд, айни замон як мактуби шикоятӣ омода шуда истодааст он рӯзҳои наздик ба роҳбарияти фурудгоҳи «Домодедово»-и шаҳри Маскав фиристонида мешавад.


Комментарий №1    Написал: noshinos    6 сентября 2010 19:00    Цитировать
salom hamvatanoni aziz na tanho dar furudgohi damadedova bal,ki dar Dushanbe shahr va hato dar HUJAND in besarusomonivujud dorad vale muqobili in guna raftorho to hol peshgirie nest boz kormandoni furudgohho baroi chi boshad ilova pul mepursand oeo in azrui qonun ast na hargiz ne bal ki pora hurist shoyad kase eft meshavad mukobili in korho muboriza barad tashakur.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"