Чархи Гардун
31.08.2010 15:35

Муллобачаҳоро ба ватан оред!

«… бачаҳои шумо дар хориҷа тундгарову террорист мешаванд ва ба бадхоҳу душмани миллати тоҷик табдил меёбанд».

Таҳсили илм фарз аст. Инсон ҳам дар интихоби омӯхтани ин ё он риштаи илм соҳибихтиёр аст. Ҳар кас ҳам интихоби озоди ҷои таҳсилро дорад. Аммо сӯҳбати мо сари он аст, ки президенти мамлакат Эмомали Раҳмон зимни сафари худ ба вилояти Хатлон тақозо кард ҷавононе, ки дар мадориси кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, ба ватан бозгардонида шаванд. Ӯ ҳамчунин таъкид кард: «… бачаҳои шумо тундгарову террорист мешаванд ва ба бадхоҳу душмани миллати тоҷик табдил меёбанд». Ин нукта низ мусалам аст, ки сарвари кишвар ин андешаро аз рӯи эҳсос ва ё дар омади гап нагуфтааст, балки барои баёни он далелу бурҳоне рӯи даст дорад.
Соли 2006 Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай низ гуфта буд, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаи он макотиби исломие, ки терроризмро дастгирӣ мекунанд, бояд аз байн бибаранд. Ба андешаи ӯ «дар ин гуна мадраса динро не, балки бадбиниро меомӯзанд. Меомӯзанд, одамоне ҳастанд, ки бояд онҳоро бад бинӣ, одамоне ҳастанд, ки бояд онҳоро нобуд созӣ». Ҳамон замон ин андешаи Ҳомид Карзай ба интиқоди шадиди ҷомеаи исломӣ гирифтор шуда буд.
Аммо мо ин ҷо паи тафсиру бозгӯ кардани ин масъла намепардозем, балки бо баррасии назари коршиносон иктифо мекунем. Домулло Оллоҳбердӣ Ҳайдаров зимни сӯҳбат нисбати ин масъала чунин гуфт: «Ислом ба зоти худ пок аст. Дар мадрасаву донишгоҳҳои исломӣ асосҳои ҳамин дини мубин омухта мешавад. Аммо суханони Ҷаноби Олиро бояд дуруст дарк кунем. Шояд мактабҳое бошанд, ки ба терроризм ташвиқ мекунанд, ба сиёсат дахолат мекунанд ва Ҷаноби Олӣ ҳамонҳоро дар назар доранд. Агар ёд дошта бошед, Президенти мо аз минбари баланде баромад карда, ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯшзад карда буданд, ки ислом терроризм нест. Яъне он кас ҳамеша аз ислом дифоъ мекунанд. Охир дар мактаби ислом инсон бо ахлоқи ҳамида ба камол мерасад».
Ҷомеашинос – Хилватшоҳи Маҳмуд бошад, дар ин маврид назари хоси худро дорад. Ӯ мегӯяд: «Хеле мутаассирам, ки феълан Амрикоиву ҷопонию фарангиҳо аз Моҳ қитъаеро ба номи худу хешовандонашон харидорӣ мекунанд, аммо мо ҳоло ҳам дар хами як кӯчаему баҳси ришу ҳиҷоб, эзору подоман дорем.Асри 21-ро садаи технология ва нано мегӯянд, тоҷикон бошанд, ҳанӯз думболи баҳсҳои асримиёнагианд».
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони зиёде аз кишвари мо дар мадорису донишгоҳҳои мамолики арабӣ, Эрону Покистон таълим мегиранд. Ёдрас шудан бамаврид аст, ки танҳо дар Покистон аз рӯи баъзе сарчашмаҳо бештар аз бист ҳазор мадраса фаъолият дорад. Яке аз онҳо мадрасаи «Ҳақония» мебошад, ки мувофиқи шаҳодати баъзе аз сарчашмаҳо гаҳвораи ҳаракати «Толибон» аст. Дар ин мадраса чанд сол қабл чеченҳо, қазоқҳо, туркманҳо, тоҷикҳо ва ҳатто чиниҳо дарс мехонданд.
Субҳон Ҷалилов – коршиноси умури ҷавонон дар ин хусус мегӯяд: «Таҳсил дар макотиби динии хориҷӣ мисли дигар ҳиҷрату таҳсилҳо дар кишварҳои аврупоӣ ва муассисоти ғайридинӣ аст. Яъне агар худи ҳамон муҳассил иродаи мустаҳкам надошта бошаду саводи кофӣ, дар демократитарин кишвари дунё ҳам "террорист" мешавад. Нафиристодани муҳассилин ва баргардонида овардани онҳо ҳам шояд як роҳи ҳал бошад, аммо пуртаъсир сохтани системаи таҳсил дар кишвар, воқеан ҳам дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани онҳо , беҳтар сохтани шароити таълиму таҳсил ҳалли ниҳоии ин масъала хоҳад буд! Барои ин бошад, фурсат ва кӯшиш даркор аст. Ҷавони огоҳ ва бедорро ба кадом гурӯҳи терористӣ ва ё ҷиноятпеша ворид кардану ҷалб сохтан ҳатто бо пул ҳам номумкин аст».
Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд дар ин маврид ба ин назар аст: «Ин ки фарзандони Шумо тероррист ва бадхоҳ мешаванд, агар воқеӣ ҳам набошад, пояи ҳақиқатро дорад.Чаро фарзандони ин миллат бираванд ба Покистону дигар кишварҳо ва ҳатман дар донишкадаҳои исломӣ таълим бигиранд ва он ҳам дар риштаи дин? Чаро кайҳоннаварду ситорашинос, нанотехнолог, муҳандис, заминшинос не? Сари ин мавзӯъ бояд, ки масъулини ҳукумат, инчунин аҳли ҷомеа ва волидайне, ки пайвандонашон дар хориҷа таҳсил мекунанд, жарфтар андеша кунанд.»
Ин нуктаро низ таъкид кардан бамаврид аст, ки ҷавононе ҳам вақте дар кишварҳои исломӣ таҳсили илм мекунанд ба мазҳабҳои дигар мегараванд. Онҳо дар бозгашт ба таблиғи мазҳаби қабулкардаашон мепардозанд, ки боиси сар задании низоъҳо ва ҳамдигарнофаҳмиҳо мегардад. Дар ин хусус домулло Оллоҳбердӣ Ҳайдаров ба ин назар аст:
«Мо ин таҷрибаро аз сар гузарондем, ки ҷавонони мо дар хориҷи кишвар таълим гирифта, ба мазҳабҳои дигар гаравиданд. Онҳо омада ҳатто тариқи намозхонии моро хато бароварданд. Дар миёни ҷомеа як навъ низоъро ба вуҷуд оварданд. Шукри парвардигор, ки аз тариқи суд қонунӣ фаъолияти ин гуна фирқаҳоро мамнӯъ эълон карданд. Мардуми Тоҷикистон ҳанафимазҳаб ҳастанд. Бигзор, ҷавонони мо дар мактабҳои расмии кишварҳои исломӣ таҳсили илм кунанд. Дар мактабҳое, ки мазҳаби Ҳанафӣ таълим дода мешавад».
Воқеан, аксари кулли мардуми Тоҷикистон пайравони мазҳаби Имом Абӯҳанифа ҳастанд. Аммо кам-кам пайравони мазҳабҳои дигар ба ҷомеаи мо роҳ меёбанд. Ин кор новобаста аз хоҳиши мо суръат мегирад. Ҷои нигаронӣ он аст, ки айни ҳол кам иттифоқ меафтад намояндагони равияҳои гуногун дар ҳамзистии осоишта ба сар баранд. Тундгароӣ ва танҳо худро ҳақ баровардану ба дигарон бо чашми мазаммат нигаристан ҳама ҷо роиҷ аст. Ин кор боиси сар задании фоҷеаҳо ҳам мегардад. Хоса ҷавонон, ки хуни гарм доранд ва баъзан мағзи сабук. Субҳон Ҷалилов мегӯяд: «Бояд ҳар ҷавон худаш ҳамин чизро дарк кунад, ки набояд бар зидди миллату ҳамватанаш, сохти пазируфташудаву мувофиқи давлатдориаш талош намояд. Аммо бедории ҷавонони мо фақат бо роҳи насиҳату танқид кардани онҳо ба даст намеояд ва шояд кӯшиши нодуруст ҳам бошад! Кӣ кафолат дода метавонад, ки дар кишвари мо кулли ҷавонон (аз он ҷумла муҳассилини Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон ҳам!)андешаи сад фисад солим доранд, ақидаҳои ҷудоиандозӣ надоранд? Дар кишвари худ ҳам баъзеҳо нияти начандон пок доранд. Яъне, ман мехостам, ки худи ҷавонон аввалтар аз ҳама босавод бошанд, андешаи шахсии солим дошта бошанд, дар кишварашон мисли давлатҳои дигар бо навтарин таҷҳизот кор кунанду беҳтарин адабиёти ҷаҳониро рӯи даст дошта бошанд. Он вақт дар ҳоли рафтан ва таҳсили онҳо дар мадрасаҳои динии хориҷӣ низ дигар барои мо тарс боқӣ намемонад!»
Албатта мавзӯи мазкур баҳсбарангез аст. Аз он ҳар кас ба таври худ хулоса мебарорад. Вале умед ба он дорем, ки ҷавонони мо дар тамоми гӯшаҳои олам ҳайсияти худро ҳифз мекунанд ва бо имони устувору азми дурусти худ барои халқу Ватан хизмати арзанда месозанд.
ВОРИС


Комментарий №1    Написал: Amin    5 сентября 2010 14:49    Цитировать
assalomu alaiku a rahmatullohi vabarakotuh
avvalan man rahmat meguyam ba hamai onone ki fikri khudro bayon kardand............
Chiguna moro dar tojikiston taalim gired meguyed hamai
donishgohho rishva megirand hotto dar maktabi miyona az mo ustoz pul talab mekard chiguna mo dar vatanamon tahsil kunem oyo mekhohed az mo ham pul gired az hamon nafarone ki dar vatan megired kam hast ...
man dar yake az davlathoi islomi hastam na kasero bad mebinam va na mazhabamro tagir dodaam


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"