Чархи Гардун
31.08.2010 15:35

Акси калла ба шӯрбо

Аз сюрпризҳои ҳафтаи равон ба дараҷаи рекордӣ расидани нархи писта дар бозорҳои пойтахт буд. Дар ин пойга чун ҳамешагӣ бозори «Саховат», ки дар он аз саховат бӯйе ба машом намерасад, пешсаф аст. Рӯзи 28 –уми август нархи як кило пистаи туркӣ дар забони ҳаннотони ин бозор 70 сомонӣ садо медод. Дарҳамин ҳол, ҳамагӣ 8 – 10 метр дуртар аз растаи пистафурӯш қарордошта бо ҳуруфи калон навишта шуда буд: «Орди Қазоқистон, 50 кг, 88 сомонӣ» Яъне, ба 1 килову 220 грамм пистаи туркӣ метавон 1 халта орди қазоқӣ бихарӣ! Ҳамин ҳолат айнан дар он бозорест, ки ҳамагӣ се рӯз пеш Раиси шаҳри Душанбе масъулини бозорашро барои бемасъулиятиву бенизомӣ дар низоми нарх ба масъулият кашида буд. Аҷиб, ин амали масъулини бозори «Саховат» аз бехабарӣ бошад ё худхоҳӣ? Ба ҳар ҳол, ба назари манн чунин намуд, ки танбеҳи шаҳрдорӣ ба пӯсташон кора накардааст.
Умуман, Қарори Раиси шаҳрро дар мавриди танзими нарху наво бозорҳои пойтахт ҳамагӣ як ҳафта бо дили нохоҳам риоя карданду халос. Дурусттараш, то гузаштани маъракаи мазҳакаомез, вале ба истилоҳ, рейди рекламавии ТВ «Пойтахт», ки ҳамарӯза мардуми ба суроғи сару либоси мактабӣ аз хона бадаррафтаро истинтоқ мекард, то дар ҳузури онҳо гӯшти 18 сомона харанд... Ана, рейди каллабиёраки «Пойтахт» ба охир расиду гӯштфурӯш ултиматуми худро гузошт: Гӯштро 18 сомонӣ мефурӯшад, вале бо пӯсту чарбуву рӯдаву ишкамба…
Бо ҳамин ҳолат хабарнигори «ЧГ» рӯзи 24 август дар дӯкони № 19 – и бозори «Саховат» рӯ ба рӯ омад. Фурӯшанда шарт мегузошт, ки гӯштро ба шарте 18 сомонӣ мефурӯшад, ки агар мо аз се кило зиёд харидорӣ намоем ва ӯ ба ҳар кило 200 – 300 граммӣ шуш илова намояд! Харидор розӣ намешуд, вале фурӯшандаи роҳикордон роҳи ҳалли моҷароро зуд ёфт: Ака, 22 -ӣ те, бешушша мебарӣ!
Ба эътирози мо, ки Қарори Раиси шаҳр ва ғамхориҳои шаҳрдорӣ дар ҳаққи қассобон чӣ мешавад, ӯ беғамона даст афшонду шояд «аз бало - ҳазар» -гӯён пушт гардонд.
Чунин ҳолат дар аксари бозорҳои пойтахт ва дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Шаҳрдории пойтахт бо иқдоми наҷиб низоми нархии маводи аввалияи ғизоиро дар моҳи шарифи Рамазон ҷорӣ карда бошад ҳам, он таъсири бемайлони худро ба маҳсулоти дигари берун аз рӯйхат расонд. Яъне, акси калла ба шӯрбо зад. Масалан, ангуре, ки то фарорасии Рамазон 3 -4 сомонӣ арзиш дошт, ҳамакнун, ба 7 -8 сомонӣ, бодирингу помидор аз 1 -1,5 ба 2- 2,5 сомонӣ тухми мурғ, ки нархаш аз 45 дирам сар мешуд, акнун ба таври стандартӣ 65 дирам муқаррар шуд. Ҳамин минвол, мо гӯё нархи гӯшту ордро бо илова кардани ҳамагуна лашу луш ва задан аз кило ба қарори шаҳрдорӣ мувофиқ намудем, вале лаҷоми нархи маҳсулоти дигар аз даст рафт.
Танҳо дар арафаи Рамазон рейди Тоҷикстандарт мавҷудияти наздики 700 адад тарозуҳои «найрангбоз» -ро дар бозорҳои пойтахт ошкор ва мусодира намуд. Кӣ мегӯяд, ки ин тарозуҳо баъди аз бозор баромадани кормандони Тоҷикстандарт дубора ба «фаъолият» шурӯъ накардааст? Нозирони маошхӯри худи бозорҳо ба куҷо менигаранд? Худи онҳо бо қаллобону ҳаннотони ҳаққимардумхӯр ҳамлуқма нестанд?
Модоме аз ҳоли ҳозир маҳсулоти ба истилоҳ, дастархонии идона аз қабили мағзу мавизу бодому писта 3 -4 маротиба боло рафтааст, шакке нест, ки дар иди Рамазон нархи ҳар килои онҳо ба нархи қимати халтаи орд баробар мешавад. Дар ин сурат, ордфурӯшу гӯштфурӯш низ барои аз даст нарафтани «шарафи худ» обро ба лаби ҷӯй баробар хоҳанд кард. Табиист, дар мо нарх, ки боло рафт, дигар майлу рағбати поён фаромаданро надорад. Мегӯянд, ин ҳам ба менталитети чиновникҳоямон алоқамандие дорад. Ҳамин ки ба маснаде расиданд, дигар кушӣ ҳам намефароянд…
Ё шояд як қарори дигар шаҳрдорӣ зарур бошад, то нархи меваву мағзу мавиз ҳам танзим карда шавад?
М. МАҚСАДУЛЛОҲ


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июль 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"