Чархи Гардун
12.01.2012 09:27

Рӯйканӣ барои кавалер

Субҳи барвақте бо як кори зарур ба беморхонаи Қарияи Боло рафтам. Дар истгоҳи назди дарвозаи асосии бемористон бо манзараи ногуворе вохӯрда, таъбам хира гашт. Ду духтари тахминан 17-18 сола бо ҳамдигар чунон ҷангу ҷанҷоле доштанд, ки ба қавли мардум қиёматро қоим карда буданд. Чанд нафар тамошобин ҳам доштанд. «Ту ҷӯгии худозада, кавалери мара зада гирифтаниӣ?! Дониста бош, ки ҳардуятро мекушам!!!» - наъра мезад яке ва духтарон дигарӣ бошад, аз ӯ паст намеомад, «Э –маймун, кавалерта бгӯ, ки аз қафои ман саги бӯгир воре нагарда, фаҳмидӣ? Мада фарқ надорад, чарида мегардам. Охи лоха, ки ёфтӣ, чида истифодаш набурдӣ?!»
Аввал гумон кардам, ки ин ду нафар аз тоифаи духтарони бадахлоқанд, аммо баъдтар гумонам ботил баромад. Ҷавони қоматбаланди зебое, ки дар бараш сумка дошт, онҳоро халос карданӣ шуда, зери маломаташон монд: -Дафъ шав аз ин ҷо занаксифат, сардорита рафта дар синф нишон деҳ, ӯро тела дод яке аз духтарон. Ҷавон: -Ҳоло истед, ман рафта ба муаллима гӯям, гӯён дастафшон рафт. Духтарон баҳсро давом дода, оқибат ба ҳамдигар часпиданд, дигар бетарафиро ба худ раво надида, байни онҳо даромада, кӯшиши халос карданашонро кардам, аммо беҳуда. Ҳамин вақт ронандаи таксие ба мададам шитофту мо «ҷанговаронро» аз ҳам ҷудо кардем. Ронанда яке аз онҳоро ба машруткае савор карда фиристоду ман духтараки дувумиро насиҳат кардам:
-Наход ба ҳамин ҷавонию зебоӣ дар қади кӯча рӯйканию мӯйканӣ карда, худатро шарманда намоӣ? О дар дунё писар қаҳт назадааст-ку, ба ту ҳам мерасаду ба вай ҳам!
Духтар каме мулоим шуда, аз шиддати асабоният гирён шуду гуфт:
-Апаҷон шумо намефаҳмед, ӯ дӯстдоштаи маро кашида гирифтанист.
-Агар дӯстдоштаат сидқан нисбати ту меҳр дошта бошад, ҳеҷ кас ӯро кашида гирифта наметавонад, -ором карданӣ шудам ӯро, аммо дар ҷавоб як суханҳое шунидам, ки…
-Апаҷон, ман ду сол боз, аз синфи нӯҳумиям бо он бача мегардам ва мо аллакай ҳамхоба шудаем… Давоми суханҳои духтараки бешарм ба гӯшам намедаромаданд, фақат медидам, ки лабонаш меҷунбанду халос.
Ӯ дар ҳамин авҳол бо ман хайру маъзурро нася гузошта рафт. Пас аз рафтанаш бо як даҳшат сари гуфтаҳои ӯ мулоҳиза рондам. Охир духтараки синфи ёздаҳ аллакай номусашро аз даст додаасту мисли фоҳишаҳои кӯча фикрронӣ мекунад, пас куҷост покизагию порсогии зани Шарқ, ки мо ин қадар дар борааш сухан мегӯему аз минбари баланди матбуот, симою садо зани тоҷикро беҳтарин ва зеботарин зани дунё мехонем. Оё мо ба ин ҳақ дорем? Аз ҳама бадтараш он буд, ки ду нафар ҷавони тамошобин бо оҳанги норизоёна ба мо эрод гирифтанд, ки чаро мо намондем, ки онҳо «беваҷанг»-ро тамошо карда, дар телефонҳои мобилияшон сабт намоянд. Шармандагӣ аз ин беш мешавад, ки ҷавони тоҷик ба ҷойи дифоъ намудан аз шаъну шарафи хоҳари худ, ҷанги онҳоро сабт намуда, ба ҷаҳониён тариқи интернет намоиш доданиянд? Ҳайронам, ки пеши роҳи ин бадахлоқиро кӣ бояд бигирад, вале метарсам дер нашавад…
Маҳваши Баҳодур


Комментарий №1    Написал: nnn    12 января 2012 12:23    Цитировать
in vazisai padru modaron ast? farzandro tarbiy dihand? to dar kuchaho gaibat kardana!


Комментарий №2    Написал: ш.....а    13 января 2012 11:56    Цитировать
духтар ки кадри худашро надонад писар аз кучо медонад.Хами писарои имруза на ба чанг меарзанду на ба гапзани...Хамаи духтархо низ медонанд ки онхо барои прикол духтаронро истифода мебаранд аз чи бошад ки боз ба онхо бовар мекунанд.Аз ман насихат писар агар худашро куштани шавад ба у бовар кардан мумкин нест,


Комментарий №3    Написал: НАЗАРШО    14 января 2012 12:08    Цитировать
БЕХУДА НАГУФТААНД
Як макри зани лоша
садхо хара бор бошад,
Сад макр кунад шайтон
шогирди занак бошад.

Дарахти макри зан
сад шоха дорад,
Фалак аз дасти зан
андша дорад.


Комментарий №4    Написал: саодат    15 января 2012 16:59    Цитировать
женшина хранительницф семейного очага она должна быть везде пробиваемая


Комментарий №5    Написал: магамед    15 января 2012 18:35    Цитировать
Салом бародарону хохарони гироми!
Зан аз назари ислом бетарин адру манзалатро доро аст.
Зан модар аст. Модаре, ки мард ба сабаби вай аннатро соиб мешавад. «аннат зери адамои модарон аст». адиси Паёмбари Худо (алайиссалом).
Зан духтари мард аст. Духтаре, ки ба сабаби тарбияи хубу исломии вай мард соиби боои аннат мегардад.
Хахарони гироми кадри худатонро донед.зан чи дорад номус обру зан бояд мехрубону халим бошад.


Комментарий №6    Написал: Колхозчи зан.    16 января 2012 14:06    Цитировать
Хозир дар замона мо духтархои шармгину боифат ба хеч кас лозим нест..Дар корхонахо духтарони бешарму хайё. барои хушдоманхо келинхои кунлесаку гайбатчи..барои шавхархо бошад занхои шайтони хиллаггар лозим аст...инро хато мардо мегуянд ки гарени будай.


Комментарий №7    Написал: Агараном муисафед.    16 января 2012 15:57    Цитировать
охххххх боооооооо чавоби ачоиб зан аз колгоз


Комментарий №8    Написал: ш......а    16 января 2012 18:19    Цитировать
духтари бошарму хае доимо ва ба хама даркор аст.Агар хаму писаро а пешатон гуян ки оооооо гарени будай пас аник дон ки аз кафо ...... мегуянд.Так что дугонагон ба умеди гарениги нашаведу фардову киемати худро фикр кунед .


Комментарий №9    Написал: max    18 января 2012 05:25    Цитировать
Salom hoharon ma bisyor navishtani nestam 1 kum padaru modar dar in jo roli kalonro ijro mekunand 2 in ki darsoni tarbiyavi ba sinfhoi 8 to 11 guzaronida shavad to ki ba fandu fireb giriftor nashavand tanho ba duhtaron man hud borho shohidi in manzarahoi dil nopazir gashta budam. dar in sinu solashon onho hudro idora kada nametavonand.


Комментарий №10    Написал: shahboz    4 февраля 2012 04:02    Цитировать
хай 5панча баробар нест!!!


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"