Чархи Гардун
26.01.2012 10:02

ИСЛОМИ ТУРКӢ МОРО БА КАЪБАИ МУРОД НАМЕРАСОНАД

ИСЛОМИ ТУРКӢ МОРО БА КАЪБАИ МУРОД НАМЕРАСОНАД

Имрӯз баъзе аз муҳаққиқон мехоҳанд, ин ҳодисаҳои таърихиро таҳриф карда, давлатдории манғиту хонҳои муғулро дар ин мантиқа давлатдории тоҷикон ном баранд, ки ин аз ақли солим берун аст.
***
Туркия дар мантақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои сиёсии худро дорад ва тақлиди кӯр-кӯрона аз таҷрибаи он метавонад фарҳанги миллии тоҷиконро фалаҷ кунад, зеро ин ҷо таҳмили фарҳанги бегона ба ин мардум бештар мегардад ва ин падидаи нав набуда, таърихи ҳазорсола дорад.

Дунявияти Туркия мавриди тақлид нахоҳад буд.
чаро имрӯз Туркия барои рушди маориф дар Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст? Гӯё, ки Тоҷикистон худ барои рушди маорифи миллӣ имконият надорад. Мо низ бетаҳаммулона барои интишори фарҳанги туркӣ имкониятҳои зиёд фароҳам овардаем. Дар ҳоле, ки Туркия маҳдуд кардани интишори фарҳангу забони миллатҳои дигар, аз ҷумла забони форсиро дар сатҳи давлатӣ қабул карда буд.

Дар асри 20 баъди озод шудан аз мустамликаи давлатҳои Аврупои халкҳои мусулмон шаклҳои анъанавии давлатдорӣ яъне монархӣ ва ё умумиҷумҳуриявиро ихтиёр карданд. Дар айни замон шакли ҷумҳуриявии давлатдорӣ аз низомҳои гуногун, яъне низоми исломӣ ва дунявӣ иборат аст. Масалан Арабистони Саудӣ шакли монархия, Покистон, Эрон шакли исломӣ, Туркия ва кишварҳои пасошуравии Осиёи Маркази шакли ҷумҳурии дунявии давлатдориро интихоб карданд. Ҳамчунин дар кишварҳое, ки низоми дунявии давлатдориро интихоб карданд, таносуби дину дунявият бо баъзе вижагиҳои хос амалӣ гардидааст.
Истиқлолияти миллию давлатӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар баробари болоравии худшиносии миллӣ ва динӣ мусоидат кардан, барои ин кишварҳо мушкилоти навро эҷод намуд. Азбаски эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои маънавии истиқлолияти миллию давлатӣ маҳсуб меёбад, ҷомеа ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ таваҷҷӯи бештар зоҳир намуд. Вале муносибат ба таърих, ба фарҳанги миллӣ ва динӣ дар ин давра ба мавзӯи баҳси тӯлонии миёни доираҳои зеҳнӣ, динӣ, ва сиёсӣ табдил ёфта, то ҳол андешаи ягона доир ба масъалаи нақши арзишҳои миллию динӣ дар рушду такмили давлати миллӣ вуҷуд надорад. Махсусан мақом ва нақши ислом дар ҳаёти сиёсӣ- иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва сатҳи таъсиру нуфузи он ба қишрҳои мухталифи он ба ин дам мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор нагирифтааст. Зеро имрӯз ислом ҳамчун дин арзиши фарҳангӣ- маънавӣ ба сифати яке аз омилҳои амнияти мантақа аҳамияти хоси сиёсӣ касб кардааст. Азбаски ислом бо фарҳанги миллӣ дар тӯли таърих печида ташаккул ёфтааст ва ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ дар қатори арзишҳои миллӣ дар давлати миллӣ метавонад нақши мутаҳидкунанда бозад. Дар айни замон аз як тараф аз он гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ҳамчун омили сиёсӣ барои расидан ба қудрат истифода баранд, аз тарафи дигар давлатҳои абарқудрати дар кишварҳои мусулмонӣ манфиатдор низ барои ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеа ва баъд ворид шудан ба он исломро истифода мекунанд. Аз ин рӯ, масъалаи дастгирии ташкилотҳои динӣ аз ҷониби баъзе давлатҳо ё бо дасти давлатҳои дигар дастгирии ин ҷараёнҳо дар Осиёи Марказӣ як амали муқаррарӣ шудааст.
Маълум аст, ки низоми сиёсии ҳамаи кишварҳои пасошӯрвии ин мантақа дунявӣ аст ва дар ин давлатҳо ҳеҷ кадом дин ба сифати идеологияи давлатӣ пазируфта нашудааст. Маълум аст, ки дунявият бисёрақидатӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳоло дар ин кишварҳо ислом аслан дар се шакл амал дорад:
- исломи маросимӣ, ки миёни мардум бештар нуфуз дорад.
- исломи ҳамчун тарзи зиндагӣ, ки хоси қишрҳои муайяни рӯҳоният аст.
- исломи сиёсӣ, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ- диниро ташкил медиҳад.
Дар вақтҳои охир таблиғи сохти дунявияти Туркия ва умуман тақлиди кӯр- кӯрона аз он хеле ривоҷ ёфтааст, ки cабабҳои худро дорад.
Туркия ягона давлате, ки таҷрибаи дунявиятро дар миёни кишварҳои мусулмонӣ дар амал татбиқ кард, дар ҳоле ки чунин андеша барои мусулмонон умуман бегона ва ғайриимкон дониста мешуд. Ин идеяро Камол Отатурк аз фазои холӣ нагирифта буд, балки барои он заминаҳо мавҷуд буданд:
1.Таъсири ниҳодҳои идеологии ғарб ҷиҳати таҷрибаи татбиқи дунявият дар кишварҳои мусулмонӣ.
2.Фаъолияти идеологҳои ҷавони Турк ба монанди Иброҳим Шинасӣ, Намин Кемал, Али Суавӣ, Фитрат ва ғ. ки дар интишори ин идея саҳм доштанд. Махсусан идеяи Зиё Гекалп (1875-1924) дар андешаи сиёсии Камол Отатурк таъсири ҷиддӣ дошт. Маҳз идеяи Гекалп доир ба давлати миллии туркӣ бо муайян намудани сарҳад, ва аҳолии туркзабон ва ҳокимияти туркӣ тамоми туркҳоро ҷамъ овард. Меҳвари идеологияии ин давлат принсипи «як давлат», «як миллат», «як забон» гардид. Гекалп ҳанӯз солҳои 1908 идеяи ҷудо кардани дин аз давлатро ба таври қотеъона ва ҳамаҷониба дастгирӣ карда, идеологияи олии аз нав«эҳё кардани туркия баъди шикасти империяаш» дар асоси татбиқи дастовардҳои тамаддуни ғарбӣ барои ҷомеа пешниҳод намуд.
Гекалп мегӯяд: Асри мо асри ҳукмронии андешаи миллӣ ва фарҳанги миллӣ аст. Миллати турк мисли миллатҳои дигар фарҳанги миллӣ, фарҳанги тоисломӣ ва исломии худро дорад ва туркҳо на танҳо онҳоро бояд ҳифз кунанд, ҳамчунин фарҳанги миллии туркӣ: забон, урфу одат ва маросимҳои миллиро дар манотиқи дигар бо ҳар роҳ бошад интишор намояд.Ин идеяро баъдан натсистҳои фашизм низ татбиқ карданд. Вале фашистҳо ин идеяро бо роҳи зӯроварӣ татбиқ карданд.Туркҳо бошанд идеяи мазкурро аз тариқи маблағгузории барномаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва динӣ дар зери шиори «туркизм» ва ба он мувофиқ сохтани таълимоти исломӣ нақшаҳои сиёсии худро пиёда сохт. Туркизм исломро танҳо ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ барои эҳёи идеологияи миллӣ мавриди истифода қарор додаст, на аз ин бештар.
«Агар мо хоҳем ба давраи ҷаҳолат бар нагардем динро бояд тавре ислоҳ кунем, ки манфиату хусусиятҳои миллии моро ҳифз кунад ва барои талаботҳои ҷомеаи мо ҷавобгӯ бошад. Аз ин рӯ, мо бояд анъанаҳои таърихи исломро омӯхта, арзишҳои ба тамаддуни муосир мувофиқро қабул ва такмил диҳем. Яъне исломро на ҳамчун фарҳанги мустақил ё қисмати таркибии фарҳанги миллӣ, балки як унсури иловагӣ барои инкишофи андешаи миллӣ бояд қабул кард, ки он минбаъд ин заминаи ақидатии бунёди давлати миллӣ- дунявии туркӣ шуд. (Гекалп З. «Турция и его национальная идея»).
Дар сатҳи назария миёни миллатгароии туркӣ ва исломӣ ягон зиддият мавҷуд нест, зеро яке «туркизм» ба сифати омили миллӣ ва дигаре «ислом» ба сифати омили байналмиллалӣ пазируфта шудааст. Аз ин рӯ, туркгароӣ исломро асосан воситаи мубориза ба худшиносии миллии миллатҳои ғайритурк истифода мебарад. Бо назардошти ҳамин принсипи туркизм соли 1928 мақоми конистутсионии дини ислом ҳамчун дини давлатӣ аз байн бурда шуд. Бо ин амал Туркия барои ҳамкорӣ бо ғарб роҳ кушод ва тавонист дар рақобати бозори истеъмолии кишварҳои ғарбӣ ворид гардад ва мавқеъи худро дарёбад.
Барои кишварҳои ғарб ва ИМА Туркия ҳамчун кишвари татбиқи таҷрибаи дунявият ва идеяҳои ғарбгароӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, нуфуз пайдо кардани туркҳо дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ то андозае аз заҳмат ё бурди туркҳо бошад, аз тарафи дигар натиҷаи татбиқи сиёсати ИМА ва Ғарб дар Шарқ мебошад. Азбаски бо сабаби пош хӯрдани империяи Шуравӣ ИМА ва Ғарб имрӯз сиёсати худро дар кишварҳои мусулмонӣ бе миёнарав амалӣ карда истодаанд, Туркия мақоми пешинаи худро аз даст дод ва дигар аз ҷониби онҳо ҳамчун кишвари татбиқи андешаҳои сиёсӣ дар Шарқ моҳияташро аз даст дод, инро воқеаҳои соли охир собит карданд.
Ҳарчанд аксари мардуми кишварҳои Осиёи Миёна аз нигоҳи эътиқодӣ мусулмонанд, вале чуноне, ки аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, нақши омили динӣ- мазҳабӣ дар барангехтани низоъҳои қобилавию миллӣ аз байн нарафтааст. Хусусан туркҳо дар Осиёи Марказӣ аз ин омил барои худ манфиат бештаре бардоштанд. Омили динӣ барои туркҳо ҳам ба сифати барангехтани низоъҳои динӣ- мазҳабӣ дар миёни миллатҳои ғайритурк ва ҳам ба сифати муттаҳид сохтани халқҳои мусулмони мухталиф истифода шудааст.
Пас савол ба миён меояд, ки чаро имрӯз Туркия барои рушди маориф дар Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст? Гӯё, ки Тоҷикистон худ барои рушди маорифи миллӣ имконият надорад. Мо низ бетаҳаммулона барои интишори фарҳанги туркӣ имкониятҳои зиёд фароҳам овардаем. Дар ҳоле, ки Туркия маҳдуд кардани интишори фарҳангу забони миллатҳои дигар аз ҷумла забони форсиро дар сатҳи давлатӣ қабул карда буд.
Ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта як барномаи дурнамои сиёсӣ барои мақом ва нақши Туркия дар рушди иқтисодӣ- иҷтимоии давлатҳои ғайритуркӣ таъсис дода шуда буд, ки масъалаҳои зер дар бар мегирифт:
1. Баланд бардоштани таъсири исломи мӯътадил барои танг кардани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷараёнҳои исломӣ.
2. Таҳким бахшидани нақши ташкилотҳои динӣ ва фондҳову барномаҳои махсус дар давлатҳое, ки ба доираи манфиатҳои Туркия дохиланд:
3. Таблиғ намудани арзишҳои миллӣ ва динӣ бо назардошти манфиатҳои давлати миллӣ.
Агар аз нигоҳи сиёсати давлати Туркия ва муносибати онҳо бо ислом нигарем ду роҳу усули асосии татбиқи исломро мушоҳида мекунем:
1.Исломи сиёсиро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ- туркӣ дар миёни фарҳангҳои ғайр истифода бурдан.
2. Аз ҷониби Туркия истифода кардани омилҳои исломӣ дар мубориза бо қавму мазҳабҳои ғайритуркӣ ба хусус бо курдҳои шиа ва арманиҳо.
Дар айни замон бояд гуфт, ки ҳарчанд ислом аз ҳаёти сиёсии кишвари Туркия берун шуд, вале таъсири он дар ҳаёти сиёсӣ бартараф нагардид ва бо мурури замон тақвият ёфта истодааст. Демократия имконият дод, ки ташкилотҳои нави динӣ, ҷараёнҳои пинҳонӣ ва дигар ҳизбҳое, ки тарғиби исломро тақвият медоданд,ташкил шаванд.Дар раванди бисёрҳизбӣ исломиён бо истифода ва дастгирии ҳизбҳои дунявӣ дар ҷомеа таъсир мерасонданд. Ҳарчанд солҳои 1980 бо қувваи низомиён, ки кафолати пойдории давлати дунявӣ ба ҳисоб мераванд ҳаракатҳои исломӣ пахш мешуд, вале воқеъият нишон дод, ки заминаҳои исломи сиёсӣ устуворанд. Муносибат бо ташкилотҳои динӣ ва умуман бо дин дар ҳаёти маънавии ҷомеаи Туркия ва зиёда аз ин ҳамчун омили асосии маърифати сиёсӣ ва унсури идеологияи системаи сиёсии Туркия боқӣ монд.
Ба ҳам омадани фарҳангӣ аврупоӣ бо фарҳанги исломӣ ва миллии туркҳо дар ҳаёти Туркия системаи сиёсиву иҷтимоии наве, ки ҳам принсипҳои демократии Еврупо ва ҳам исломиро дар бар мегирад, ташаккул ёфт.
Дар ибтидо Камол Отатурк исломро ҳамчун омили карахткунандаи рушди иқтисодӣ дар ҷомеа маҳдуд сохт. Аммо маҳдуд кардани доираи фаъолияти ташкилотҳои динӣ барои пайдо шудан ва амал кардани ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ҳақиқат мафҳуми дунявият то ҳол барои мардуми авом нофаҳмо мондааст. Шояд дунявият дар Аврупо ба тағйир додани муносибатҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ- иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ таъсир расонида бошад, вале дар он шакли татбиқи он дар Туркия ғайриимкон буд, зеродар ин ҷо шакли дигари тафаккур ва муносибатҳои ҷамъияти вуҷуд дошт. Ислом дар ҳаёти мардум таъсири зиёд дошт ва қариб тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ дар чорчӯбаи ислом амалӣ мешуданд. Бо вуҷуди ҳамин хам давлат тӯли даҳсолаҳо хеле кӯшиш ба харҷ дод, то ҷомеаи дунявии мушобеҳ ба ғарбро созад, вале воқеаҳои солҳои охири Туркия нишон доданд, ки татбиқи низоми дунявӣ дар Туркия ба мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ омадааст. Чунки ҳамаи ин ислоҳотро асосан теъдоди ками мардуми мансабдор пайгирӣ мекарданд, аксарияти мардум бошад дар сатҳи ҷомеаи суннатӣ зиндагӣ мекард. Дар натиҷа дунявият дар доираи маҳдуди мансабдори он маҳдуд монд. Ҳарчанд аксарият заъиф гардидани исломро интизор буданд, аммо дар солҳои 60-80–и асри гузашта раванди ворид гардидани ислом дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бештар шуда, марказҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва марказҳои хайрия ташкил ёфтанд. Илова бар ин дар майдони муборизаҳои сиёсӣ миёни ҳизбҳо барои ишғоли ҳарчи бештари курсӣ дар Парлумон нақши ислом аз пешина бештар гардид. Зиёда аз ин баъди солҳои 80- ум ҳизбҳои дунявӣ низ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз ислом истифода мебурданд ва баъдан ин як амалӣ муқаррарӣ гардид. Дар ин раванд исломиҳо низ соҳиби таҷрибаи бой шуданд, ки дигар онҳоро ба назар нагирифтан ғайриимкон буд.
Бо қувват гирифтани ҳизбҳои динӣ ашаддитарин душмани онҳо артиш, ки кафили пойдории давлати дунявӣ буд, тадриҷан бо исломиҳо на танҳо муносибатҳои ҳасана ба роҳ монд, ҳамчунин имрӯз баъзе aфсарони олирутбаи артиши Туркия ин идеяро барои ҷомеаи Туркия қобили қабул намеҳисобанд. Дар натиҷа ҳизбҳои исломӣ дар интихоботҳо бе ягон мамониат овози бештарӣ мардумро ба даст меоранд.
Аз ин рӯ, аз ин таҷрибаи Туркия давлатҳои пасошӯравӣ бояд барои худ бардошт кунанд. Пеш аз ҳама онҳо барои ҳифзи манфиатҳои давлати дунявӣ корҳои зеринро бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба танзим дароранд:
1Танзими фаъолияти ташкилотҳои динӣ.
2.Пиёда сохтани барномаи давлатии маорифи динӣ дар кишвар.
3.Ба низом даровардани табъу нашри маводи динӣ, фаъолияти ташкилотҳои хайриявӣ ва мақсаднок истифода намудани онҳо.
Туркия дар зери таъсири фарҳанги Аврупо аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ва технологӣ хеле пеш рафт, ки ин ба тафаккури динии мардум низ таъсири худро дошт. Ҷомеаи Туркия дар давоми 70-соли даврони карахтии Осиё ҳамаҷониба пеш мерафт ва чандин ислоҳотҳо дар соҳаи дин амали сохт ва таълимоти диниро ба талаботҳои рӯз мувофиқ кард.
Аммо, нуқтаи асоси барои мо он аст, ки Туркия дар мантақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои сиёсии худро дорад ва тақлиди кӯр-кӯрона аз таҷрибаи он метавонад фарҳанги миллии тоҷиконро фалаҷ кунад, зеро ин ҷо таҳмили фарҳанги бегона ба ин мардум бештар мегардад ва ин падидаи нав набуда, таърихи ҳазорсола дорад. Аз ин бармеояд, ки кушодани марказҳои гуногун аз ҷониби Туркия ва маблағгузории барномаҳои мухталиф пеш аз ҳама бо мақсади ҳифзи манфиатҳои геополитикии Туркия пиёда мегардад. Яке аз роҳҳои ворид гардидани туркизм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Тоҷикистон омили динӣ мебошад, зеро туркҳо бо мардуми ин мантиқа мазҳаби муштарак доранд. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз туркҳо бо дастгирии арабҳо ва истифода аз омили мазҳабӣ давлати Сомониёнро барҳам заданд. Ҳамон вақт маҳз омили мазҳабӣ тоҷиконро аз давлатдории миллӣ бенасиб кард. Имрӯз баъзе аз муҳаққиқон мехоҳанд, ин ҳодисаҳои таърихиро таҳриф карда, давлатдории манғиту хонҳои муғулро дар ин мантиқа давлатдории тоҷикон ном баранд, ки ин аз ақли солим берун аст.
Чунин як имтиҳони таърихӣ боз баъди 10 аср ба сари мо тоҷикон омад ва бозии навбатии ашхосе, ки туркҳо онҳоро тайёр карда буданд бо мардуми тоҷик ба чи анҷом ёфт. Маҳз ҳамин дастпарварони туркҳо мардуми ин мантиқаро ба гирдоби баҳсҳои сохтаи мазҳабӣ кашиданд, ки барои тоҷикон оқибатҳои нангин овард. (Таърихи инқилоби Бухоро С. Айнӣ 1917).
Чанд лаҳза ба давраи таърихӣ бармегардем, то ин масъала равшантар гардад. Ҳанӯз аз соли 1912 ҳаракату марказҳои зиёд таъсис ёфтанд, ки мақсади асосии онҳо муайян намудани мавқеи мусулмонони Туркистон дар оянда буд. Моҳи апрели соли 1917 дар шаҳри Тошканд аввалин ҳаракати сиёсӣ «Туркистан мусулмон маркази шурасӣ» (Шурои марказии мусулмонони Туркистон) таъсис ёфта, баъд дар заминаи он «Шуройи исламийа» ва «улама джамийати» ташкил ёфта буд. 26 апрели соли 1917 «Шуройи исламийа», конгресси «Туркистан мусулмонлари биринчи қурултай»-ро барои муайян намудани ояндаи Туркистон даъват намуд. Дар ҳамаи ин ташкилотҳо ягон тоҷик роҳбар набуд. Баъдан ҳизби сиёсии Осиёи Миёна «Турк одама марказийат партийаси» ( Партияи марказии мардумони турк) таъсис ёфт, ки на танҳо мавҷудияти тоҷиконро эътироф накард, балки онҳоро дар ин мантиқа аз доираи ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва динӣ тамоман канора карданд ва дар даврони тақсимоти ҳудудӣ дар Осиёи Миёна тоҷикон умуман ягон нуфузи муайянкунанда надоштанд. Боз ҳамин хатогии таърихиро такрор карданд. Яъне ибораи ҳазорсолаи пеш бартарияти миллат аз нав эҳё гардид, ки тоҷикон, натавонистанд муҳимтарин унсури ояндаи зиндагии худро муайян кунанд, боз ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ қурбон шуданд.
Имрӯз тааҷубовар он аст, ки чаро бештаре аз ба ном зиёиву донишмандони миллати ин масъаларо дуруст дарк накардаанд, ки андешаҳои «почтенного» Фатҳулло Гюленро, ки мағз андар мағз хусусияти туркгароӣ дорад ва синтези андешаҳои фарҳанги туркӣ бо фарҳанги аврупоӣ мебошад, мисли пешин боз бар мардуми тоҷик таҳмил мекунанд. Ин зиёиён то ҷое аз худ бегона шудаанд, ки гуё танҳо идеяҳои Фатҳулло Гюлен дунёро наҷот медодааст ва инро дар ҷомеа таблиғ мекунанд, чанд ҷумла аз андешаҳои олими тоҷик Одил Нодир дар бораи ин наҷотдиҳандаи зикр мекунам:
«…И проведя маленькую работу, охвативаюшую основопалагающие принципы двежения Гюлена, которые, я думаю, являются гарантией мира и согласия на земле, и другие, вызвавшие мой интрес, темы я подумал, что будет важным и полезным поделиться с ними в первую очередь с нашими государственными деятелами и научными кругами, а затем и с народом Таджикистана», Книга «Идейние пространство Гюлена» О. Нодир 2010.
Шояд баъзе зиёиёни тоҷик дар тарғиби идеяи туркизм манфиати шахсии худро дошта бошанд, вале тарғиби ин идеяҳо ба фарҳанги миллӣ ва давлатдории тоҷикон метавонад зиён оварад ва чунин андешаҳо барои ягон тоҷик дастурамали корӣ нахоҳад шуд. Агар ин идеяи пешқадами Гюлен ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ меовард, шояд онро дар ҳалли мушкилоти дохилии Туркия, аз ҷумла, муноқишаҳо бо курдҳо, арманиҳо ва миллатҳои дигар татбиқ мекарданд. Вале мебинем, ки ин тавр нест.
Хуб мешуд, ки мо аз таҷрибаи давлатҳое, ки бо мо муносибатҳои беғаразона доранд, ба мисли Ҳиндустон, Малайзия ва ғ. бештар бардошт намоем, зеро дар ин кишварҳо халқу миллатҳои гуногун, пайравони адёни мухталиф зиндагӣ доранд. Масалан Ҳиндустон мақсади таҳмили фарҳанги миллии худро болои тоҷикон надорад, зеро робитаҳои иқтисодӣ барои ин кишварҳо муҳимтар аст. Илова бар ин дар давлати дунявии Ҳиндустон ҳамаи дину мазҳаб ва миллатҳо, новобаста аз ақалият ё аксарият будан ҳама баробарҳуқуқанд. Аз ҳамин нигоҳ омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи давлати Ҳиндустон барои мо мувофиқтар аст.
Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистонро зарур аст, низоми дунявияти худро бо назардошти хусусиятҳои фарҳангӣ, миллӣ ва сатҳи маърифати динию дунявии мардум ироа намояд, зеро тақлид ва ё ба таври механики нусхабардорӣ кардани таҷрибаи дигарон метавонад қувваҳои наверо ба майдони муборизаҳои сиёсӣ-идеологӣ кашад, ки дар ояндаи барои давлати миллӣ мушкилоти нав эҷод намоянд.
Маҳрами Анварзод, муҳаққиқ


Комментарий №1    Написал: илхом    26 января 2012 12:31    Цитировать
маколаи хуб! тахкик ва назари лоики омузиш!


Комментарий №2    Написал: ш.....а    27 января 2012 22:12    Цитировать
хамихе маколахо нависед ки ягон чи хонанда аз хондагиаш бардорад.Дар ин бора гуфтаниам ки аз ин корхо албата ки зиеиен фоидахои хусуси мегиранд аммо имрузхо он мактабхое ки дар точ.фаолият мекунанд замонави нестанд ба истиснои гимназияю литсейхои шахси ва фарзвндони халки бечора дар чунин чохо шароити хонданро надоранд пас бояд ки ба маори пеш аз хама диккати махсус зохир намоянд.Агар мактабхои точики хубтар аз мактабхои турки дарс диханд ба фикрам касе фарзандашро ба литсейхои турки намесупорад ва туркхо низ охиста-охиста мераванд

боз ногуфта намонад ки муаллимони турк дар точикистон1200с. ба хисоби миена маош мегиранд дар холе ки муалимони точик дар ватани худ 200-300с пас худатон хулоса кунед бад точикои бечора ба гарибихо рафта кор накунанд фарзандони онхоро ки мехуронад.Мо точикон дусткуши душманшодкунандаем sad


Комментарий №3    Написал: Мухочир    28 января 2012 07:13    Цитировать
САРВАРОНИ ТУРКТАБОР!!!!
Хеле ачиб аст, чаро бахри рушди форси-точикие, ки дар тамоми чахон чор мезанему фахр мекунем, ки мо Рудакиву, Синову, Чоми дорем, сайъу талош намекунем.
Ва ё шояд Рудакиву, Синову, Чоми низ мустамликаи русхо буданду турктабор? ва ё шояд онхо низ ба хати кирилли эчод мекардан?
Хамааш маълум САРВАРОНИ ТУРКТАБОР !!!!!!!!!!!


Комментарий №4    Написал: кцкц    29 января 2012 11:00    Цитировать
Анварзод!

Бисер хам чахонбиниат танг аст. Беакл, ту мардумро гумрох накун. Хайфи умри ту.


Комментарий №5    Написал: zuhuriddin    1 февраля 2012 02:10    Цитировать
in gaphoi shumoro khele tatbiq kardan dushvor hast
ba sistemai peshbarii davlat dar tojikiston nigar
oe in sistemaro dar yagon joi dune didai b??
yahud yahudro va turk turkro sarfi nazar az dinu mazhabash duist medorad ammop tojik chi ???
balki huikumati tojikiston baroi farzandonash chi karda ast
behtarin aqlhoi tojik dar ba darand agar dar vatan boshand khoru bekorand
oe bo in tasarufoti kur kurona mo bo turkiya raqobat karda metavonem ??
in hama khobu khael buda yak bori sangine baroi nasli oyandai tojik meros memonad
khudo madadgori tojiki bechora !!!!!!


Комментарий №6    Написал: Ba Muhakik    1 февраля 2012 17:03    Цитировать
Salom, Agar imkoniyat meshudkase ba man malumot medod ki hamin muhakikro mefahmidem, ki hast va chand soli tajriba dorad kujo hondagi boshad,


Комментарий №7    Написал: Adriano    5 февраля 2012 11:37    Цитировать
Boom shakalaka boom boom, problem sovled.


Комментарий №8    Написал: Точик    16 февраля 2012 21:58    Цитировать
Аллакай ин турктаборон шогирдони зиёде баровардаанд,ки дар хама чо аз мактабу аз маданияти турк мухофизат мекунанд!ИН ГУВОХИ ОН АСТ,КИ ТУРКОН БЕХУДА КОР НАКАРДААНД!Алакай самараша дида истодаанд!Бовар кунед холи ин шогирдчахои ин мактабхо манкуртчахо ин маколаро хонанд даххо суханхо менависанд дар зери ин макола!Барои онхо туркияву маданияти он аллакай аз хама боло!Боре дар сомонаи радиои ОЗОДИ дар ин бора маводе чоп шуда буд,дар ончо садхло манкуртчахо аз ин мактабхо мухофизат карданд!Хар сахари дар ин мактабхо талабахо гимни Туркияро мехонанд!Байраки Туркия дар ин мактабхо овехта шудааст!Ин мансабдорони бесаводи мо камтар пора гирифта чунин мактабхоро ичозат додаанд,ин бемагзи сарон намефахманд,ки окибати ин хуб нест!Солхои баъди инкилоб ана хамин хел точикони дар туркия тахсил карда идеяхои пантуркистонро дар Самарканду Бухоро пахн мекарданд ва бо забони турки харф мезаданд!Ва ана хаминхо боиси аз даст рафтани гахвораи илму адаб шахрхои точикон Самарканду Бухоро гаштанд!Хохиш мекардам ягон чунбиш ё гурухеро ташкил карда ба вазорати маориф мурочиат кардан лозим то программаи ин мактабхоро санчад!Хондани гимни мамлакати бегонаро баврои точикон манъ кунад!Бехтар мешуд умуман ин мактабхоро манъ кунад!Хатто дар узбакистон ки худ турктаборанд мактабхои туркиро манъ кардаанд!,ки ин бесабаб нест!Туркон аллакай батамом майнаи кудакони моро бо фильмхои худ вайрон кардаанд,имруз кудакон худро йигиту жолдусу хердусу балою баттар меноманд,хатто футболкахои йигиту ,хомиёну итдро модда кардаанд...фильмхои турки дар тамоми растахо фурухта мешавад!


Добавление комментария
   





e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Май 2012    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ

» ШӮИ БИЧАТ МАДА ДАРКОР НЕСТ!
» СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: АЗ ШАБНАМ ФАХР МЕКУНАМУ АЗ ФАРЗ ...
» МАРДАКҶОН, ЗАН ГИР!
» АСАЛИ МАН, ДӮСТАТ ДОРАМ!
» АРӮСИ ПАДАРУ ҲАМСАРИ ПИСАР
» ЗАН ГИРИФТ, НОМАРД!
» Роҳиби амрикоӣ Қуръонро сӯхт
» Домодҳои муҳоҷир, арӯсони интиз ...
» ДОМОДИ СИҶИНГ
» БАҲРОМ БА ЗАНАШ ХИЁНАТ КАРД?

Другие новости

Самому молодому участнику войны 87 лет
Они были безоружными
НИЧЕГО НЕ СТОИТ КОМУ-ТО ДОМ ПОСТРОИТЬ
Побороть инфекцию можно только сообща
Мы свободны или нет?
«Дикий» ВИРУС
Преимущества посуточной аренды жилья в Москве
Спрашивается
Юбилей
Вопросы коррупции обсуждались в «Кохи Вахдат»

Все другие новости

АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Май 2012 (121)
Апрель 2012 (135)
Март 2012 (207)
Февраль 2012 (166)
Январь 2012 (188)
Декабрь 2011 (272)

  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"