Чархи Гардун
26.01.2012 10:02

Оҳи ҳасрат

Тақрибан ду сол боз дар маҳаллаи мо пири солхӯрдае аҳён-аҳён пайдо мешавад. Садои ҳазину гирифтаи хиррияш: «Ҷорӯб, ҷорӯб мефурӯшам!» дар қаъри худ як ҷаҳон андӯҳу навмедиро ниҳон карда. Бастаи ҷорӯбҳои дар тахтапушташ ҳамоил қомати пиронаи ӯро боз ҳам хамидатар нишон медод. Қабзаи риши сап-сафед, чеҳраи пажмурда, пешонии пурожанг, бинии теғкашида, чашмони фурӯрафтаи обрав, рагҳои барҷастаи гардан, кафи дастони шахшӯлу лоғар, сару тани нимдошт ва ҷо-ҷо дарбеҳхӯрдааш дар дили кас раги раҳму шафқатро ба ҷунбиш меовард.
Ҳар бори бо мӯйсафед рӯ ба рӯ омадан, намедонам аз чӣ бошад, ки диламро панҷаи ғаму дард фишор медод. Барои дур кардани ин эҳсоси ногувор зери лаб оҳистаяк ба ӯ салом медодам. Ӯ низ дасти росташро, ки аксар вақт холӣ буд, боадабона рӯи кундаи синааш бурда, посухи салом медод. Ҳамин дам қираи нигоҳи ман лаҳзае беихтиёр рӯи дастони мӯйсафед мелағжид: панҷаҳои чун шохи хушкидаи дарахти чормағзи солхӯрда дароз-дарози нӯгҳояш хамида, нохунҳои дурушту шикастаи ба чанголҳои каргаси пир монандаш дар дилам андӯҳу тарсро бармеангехт. Зуд чашмонамро аз ин манзараи даҳшатзо мегурезондам ва қадаммониям шиддат мегирифт. Дигар ҳатто ҷуръати ба қафо баргашта нигаристан намекардам. Ӯ вазнин-вазнин қадам монда, аз ман хеле дур мешуд, аммо садои қадаммонияш то дер гоҳ бехи гӯшам зангӯла менавохт. Борони суолҳои бесару нӯг рӯи боми майнаам нақора мезад: «Чаро ман наметавонам ба чашмони ин пири баднамуд беибо нигарам?», «Чаро ҳангоми бо вай рӯ ба рӯ омадан, эҳсоси дарду ҳузн вуҷуди маро ба ларза меорад?», «Чаро дидори ӯ бароям азоби виҷдон аст?», «Охир, ман ӯро намешиносам, ки чӣ ҷонзодесту то имрӯз чӣ ҳаётеро аз сар гузаронидааст, пас, чаро бо диданаш деви ғам панҷа бар гулӯям мезанад?» «Шояд дар симои пурваҳми ин гандапир фарҷоми умри инсонӣ, ё гузашта аз он, шабаҳи марг нуҳуфтааст?»… Намедонам… Баъзан рӯзҳои истироҳатро, ки дар хона бо хондани китобу рӯзномае ва ё тамошои филме «кӯр» мекардам, садои ӯ аз кӯча мерасид. Бо шунидани ин бонг хотирам парешон мегашт ва озореро дар ҷисму ҷонам ҳис менамудам. То дер гоҳ боз ҳамон симои даҳшатзову манҳус аз пеши назарам дур намегашт ва ҳавсалаи машғулият ба коре надоштам…
Ин тирамоҳ тақдир маро бо ҳукми тасодуф бо ӯ ҳамтабақ гардонд. Дар хона танҳо будам. Садои занги дар баланд шуд. Дарро кушодаму мӯйсафедро дар рӯ ба рӯи худ дидам. Боз ҳамон эҳсоси нофорам вуҷудамро фаро гирифт. Даступо хӯрдам. Аз рӯи одат, барои тарсро аз худ рондан, саломаш додам. Ӯ посух гардонду аввал аз гармии ҳаво шикоят кард, сипас, баҳона пеш овард, ки аз рӯи эҳтиёткорӣ оби қубурҳои сари кӯчаро наменӯшад, то ба бемории сироятие гирифтор нашавад. Аз муқаддимаи бесарунӯгаш маънӣ бардоштаму ба хона, сари як пиёла чой даъваташ намудам. Зеро кайҳо боз ҳаваси бо ӯ ҳамсӯҳбат гардиданро дар дил мепарваридам. Ҳарчанд барои ин баъзан ҷасоратам сустӣ мекарду гоҳе фурсат намеёфтам. Ин лаҳза бошад, ҳам ҳавсала мувофиқ афтода буду ҳам фурсат муносиб омада буд дар хонаи холӣ.
Мӯйсафед хоҳишамро бе дудилагӣ пазируфт. Дастархон густурдам, чою нон овардам. Мақсадам огоҳӣ пайдо кардан аз рӯзгори гузаштаи ӯ буд. Вале вай худро нороҳат ҳис мекард. Дар ҷои нишастааш гӯё дар нӯги сӯзан бошад, бетоқатӣ мекард. Аз чӣ бошад, ки нонро ба чои пиёла тар карда мехӯрду дигар ба нуқле даст намезад.
Ба назарам одобро нигоҳ медошт ва ё банди андешаи дигаре буд магар, ки сарашро болои сандуқи синааш фароварда буду аз як нуқтаи номаълум чашм намеканд. Ман бошам, ҳарчӣ зудтар ба мақсад расидан мехостам.
Фурсат бошад, бедареғ ғанимати худро аз даст медод. Барои мӯйсафедро аз банди андеша ва хиҷолат вораҳондан, аввал аз савдои имрӯзаи ҷорӯбҳояш пурсон шудам. Баъдан, аз куҷо дастрас намудану дар як рӯз чӣ қадар фоида диданашро пурсидаму оиди бо ин маблағи андак чӣ гуна аҳли хонаводаашро таъмин карда тавонистанаш суол кардам. Батадриҷ сӯҳбати мо қӯр мегирифт. Ва ниҳоят, пайти мувофиқ ҷуста, сари риштаро ёфтам ва аз рӯзгори гузаштааш пурсидам. Ӯ як лаҳза сукут кард. Сараш гӯё зери бори гароне монда буд, ки аз нав рӯи сандуқи синааш фурӯ «афтид». Рагҳои барҷастаи гарданаш гӯё тавони бардоштани ин бори вазнинро надоштанд. Намедонам, ин манзара чанд дақиқа тӯл кашид. Аз пурсиши кардаам пушаймон шудам. Андешаҳои мубҳаму мавҳум майнаамро «хӯрданд». Вайро аз ин ҳолат раҳонидан мехостам, вале сухани тасаллибахшу узромезеро пайдо карда наметавонистам. Ниҳоят, мӯйсафед панҷаҳои хушкидаву шахшӯлашро ба рухсораи пурожангу дуди ҳасратхӯрдааш бурд. Маълум, ки чашмонаш нам гирифта буданд. Аранге пайкараш ларзид дар назарам. Пас аз чанде оҳи пурдарде аз қафаси сина берун бароварду канда-канда ба сухан оғозид:
- Ман ҳам як замон зиндагии хуше доштам, - гуфт ӯ ва дубора хомӯш монд. Боз панҷаҳояшро ба рӯяш бурду ашкашро пок кард. Ман дигар хомӯширо авло дониста будаму намехостам вайро аз ин ҳолат берун созам. Гӯшам ба даҳони ӯ буд, ки чӣ мегӯяд. Мӯйсафед оқибат сар бардошт. Бо аҷала ба қаъри чашмони ман тезу тунд нигарист. Дар нигоҳаш як ҷаҳон рози ниҳони олуда бо алам нуҳуфта буд. Вале нигоҳаш маънии дигареро ҳам дар умқи худ таҷассум мекард: ӯ донистан мехост, ки оё заҳри дили озурдаашро ҳамсӯҳбате чун ман дар худ таҳаммул намуда метавонад ё не?
Аз чӣ бошад, ки ин навбат нигоҳаш маро натарсонд, балки ба кунҷковии бештаре маҷбур сохт. Барои ба боварии мӯйсафед даромадан гуфтам:
- Зиндагӣ гоҳе одамро зинсавор мекунаду гоҳи дигар ба пушташ зин мезанад.
Ӯ маънидоронаву бо аломати тасдиқ сар ҷунбонд ва гиреҳи дили захминашро боз намуд:
- Бале, бале, як замоне ман ҳам зиндагии хуш доштам ва савори аспи толеъ. Соҳиби ду фарзанди хубрӯ ва ҳамсари боиффату бовафо будам. Имрӯз бехонаву дар ва аз зану фарзанд бенасибам. Ба ҳамааш хушдоманам боис гашт. Маҳз ӯ маро ба кӯи дарбадарӣ афканд.
Хушдоманам зани миёнасоли хушпайкару хубчеҳрае буд. Азбаски шавҳараш бармаҳал дунёро падруд гуфта буд, аз танҳоӣ азоб мекашид ва тез-тез ба хонаи мо меомад. Баъзан шабҳоро дар хонаи мо рӯз мекард. Дар ин гуна ҳолатҳо гоҳе дуздида ҷониби ман нигоҳи меҳрборе ҳадя менамуд. Ба таври худ сӯям дом мефиканд. Аз нигоҳи хуморолудааш пай мебурдам, ки косаи дилаш ғарқоби ҳавасу шаҳватҳост. Ҳарчанд ин нигоҳҳои пурхумору лабрези таманноҳо лаҳзае саропои маро «мехӯрданд»-у чун мум об мекарданд, вале ногаҳон ба худ меомадаму дар худ меларзидам ва «Худоё, дар паноҳи исматат нигоҳ дор»- гӯён гиребони тавба мегирифтам. Рӯзҳо паси ҳам ба ин маром мегузаштанд. Оқибат шайтони лаин тухми меҳри варо дар дили вайрони ман кишт. Ҳис мекардам, ки рӯзҳои охир дар бораи хушдоманам зиёд фикр мекардагӣ шудаам. Ҳар боре, ки ӯ роҳ мерафт, ноаён дуздида аз пасаш нигоҳ мекардам. Бахусус, ҷавлон зада роҳ рафтанҳояш, пистонҳои дамидаву гардани мисли шир сап-сафедаш, ронҳои барҷаставу соқҳои симинаш, ки аз зери пироҳани ҳарир намуда меистоданд, оташи шавқу шӯри маро бештар ангезиш медоданду саги баднафси ҳавасамро сӯяш киш-киш медоданд. Ин ҳангом ақлам кӯр мегашту эҳсосам ба ҷунбиш медаромад.
Рӯзе занам ба беморие мубтало гардид. Табобати хонагӣ ҳолашро беҳ нагардонд. Ноилоҷ ӯро ба беморхона бурдем. Нигоҳубини кӯдакон ба дӯши хушдоманам афтод. Акнун хушдоманам шабу рӯз дар хонаи мо ба сар мебурд. Нисбати ману фарзандонам хеле нармиву меҳрубониҳо мекард. Бароямон хӯрокҳои хуштаъму болаззат омода месохт. Ҳар вақте ки дастархон мегустурд, чою хӯрокро оварда мегузошт ва аз рӯ ба рӯи ман мешинаст. Вақти нишастан бари доманаш хеле боло мешуд. Ман чун одати доимӣ ғайриихтиёр чашмам ба ронҳои булӯрини вай гиреҳ мехӯрд. Куртаи бо ронҳои барҷастааш часпида шавқи маро зиёд мекард. Оби даҳонамро бо азоби алиме фурӯ бурда, аз ин манзараи дилфиреб чашм канда наметавонистам. Ӯ ҳам бо қирраи чашм ҳавасхӯрии маро наззора намуда, лаззат мебурд ва бо як ишваи ба худаш хос аввал оҳи шикастаеро аз димоғ берун оварда, сипас, ронашро молида-молида, доманашро поён мекашид. Чунин ҳолатҳои шаҳватзо рӯз ба рӯз ҳоли маро табоҳу иродаамро абгор менамуданд ва ноаён ба гирдоби балои худобехабарӣ мекашиданд. Дар вуҷудам ду нерӯ ба ҳам хархашаву муноқиша доштанд: яке мегуфт, «Ҳарчӣ бодо бод…», дигаре исрор мекард: «Аз роҳи шайтонӣ баргард».
Минбаъд чӣ дар хонаву кӯча ва чӣ дар ҷои кору маҳфили дӯстон бо авзои парешону хаёлҳои мағшуш мегаштам. Бо вуҷуди ин, мекӯшидам, ки парешонҳоливу хаёлолудагиям аз нигоҳи ҳамкорону атрофиён пӯшида боқӣ монад. Шабҳо ман дар кати рӯи ҳавлӣ, зери дарахти хурмо мехуфтам. Хушдоманам дар хона, паҳлӯи набераҳояш. Як субҳ чашмонамро кушодам, ки аллакай рӯз равшан шуда буд. Хушдоманам ба сутуни айвон такя намуда, чашми ҳавасу меҳрубонӣ аз ман намеканд. Чеҳрааш андаке гирифтаву маҳзун метофт. Ҳолати онлаҳзаинааш раҳми ҳар бинандаро меовард. Бо ҳаракати по рӯйпӯшро аз болоям дур афкандам, то рамуз гирад, ки ман бархостаниям, вале ӯ ҳанӯз ҳам нигоҳи шаҳвату ҳавас аз ман намеканд. Ҳамин дам дидам, ки ду қатра ашки марворид аз ду рухсораи арғувонияш ҷӯя кашиданд. Ва ӯ беибо ҷониби ман қадам ниҳод. Ман ҳам худро якпаҳлӯ гирифта, барояш ҷой холӣ кардам…
Ҳамин шуду ману хушдоманам бо пайдо шудани фурсати мувофиқ гоҳ дар хонаи мо, гоҳ дар хонаи ӯ бо ҳам вомехӯрдем. Рӯзҳо моҳу моҳҳо сол мешуданд. Муносибати маҳрамонаи ману хушдоманам идома дошт, вале ҳарду мекӯшидем, то пардаи ин роз пеши касе надарад. Рӯзе боз ӯ меҳмони хонаи мо шуд. Шаб дар хонаи мо монд. Ман аз рӯи шарти адаб дар хонаи дигар хобидаму ӯ бо духтарашу набераҳо дар хонаи шафат. Як поси шаб дар рӯям гармиеро эҳсос намуда, бо ҳарос чашмонамро кушодам. Ӯ бо ҳирс рӯи ҷогаҳи ман сари ду зону нишаставу сару рӯямро мебӯсид. Лабони гарму нарм ва накҳати атрогини баданаш, ки ба димоғам ошноиҳо дошт, дар вуҷудам ҳиссиёти гувороеро бедор намуда, саги шаҳватамро киш-киш дод. Ҳарду ба ҳам печидем. Дар ҳоли мастии ишрату лаззати оғӯши якдигар будем, ки ногоҳ нолаи ҷонхароше баланд гардид ва он лаҳзаро аз ҳам шикаст. Ҳаросон сар боло намудаму дар пойгаҳи хона ҳамсарамро дидам. Аз ин манзара ба даҳшат афтода буду бо тамоми овоз дод мезаду рӯю мӯй меканд….
Сипас, дар як ҳоли ваҳшатзадагӣ худро ба ҳавлӣ зад ва девонавор сӯи дарвоза давид. Шояд мехост ҳамсояҳоро ба кӯмак даъват намояд, то худаш шоҳиди ягонаи ин воқеаи гӯшношунид набошаду ба савдозадагӣ муттаҳам нагардад. Ману хушдоманам аз тарсу ҳайрат шах шуда будем. Бо қирраи чашм ба хушдоманам нигаристам: косаи чашмонаш хун гирифта буданд. Нигоҳи хушдоманам низ ба ман печиду омирона бонг зад: «Бикуш, хунашро худам ба гардан мегирам!» Ман пуршаст худро ба берун задам. Бо чанд ҷаҳиш ба ӯ расидам ва занамро аз банди мӯяш кашола карда, ба хона даровардам ва озод бардошта ба рӯи бистари модараш хобонидам. Ҳамсарам ҳанӯз ҳам бехудона дод мезад ва ҳазён мегуфт. Барои он ки овозаш дигар набарояд, ман кафи дастамро ба даҳонаш пахш намудам. Ин дам модараш ба сӯи ман болиштеро дароз кард. Болиштро ба даҳону биниаш зер кардам. Он муштипар ҷонҳавл дасту по мезад, аммо наметавонист аз дасти ман раҳо ёбад.
Оҳиста-оҳиста даступозаниҳояш суст шудан гирифт ва ниҳоят аз ҳаракат бозмонд. Баъди ин ман болиштро ба сӯе партофтам. Сараш ба ҷониби чап ғалтид. Чашмонаш ҳанӯз кушода буданд, вале нафас намекашид. Дар қаъри чашмони ҳалқа-ҳалқаи обияш бо хатҳои бароям нохоно чизе навишта шуда буданд, ки ман аз дарки онҳо оҷизӣ мекашидам. Танҳо баъди дидани ин манзараи риққатовар вуҷудамро як ҳолати пушаймонӣ фаро гирифт.
Деви ғам ба ҷонам панҷа мезад, гӯё аз гулӯям ворид шудаву диламро мехарошид. Нафас дар гулӯям дармонда буд. Акнун ба худ омада будаму меандешидам, ки чӣ ҷинояти мудҳишеро содир намудаам. Охир, аз зани вафодорам, аз модари ғамхори фарзандонам абаддуддаҳр ҷудо шудаам, вале пушаймонӣ суд надошт, ғайри оҳу вовайло. Ва сари беҷони ҳамсарамро сахт ба оғӯш кашидам, аммо нола дар гулӯям буғӣ гашта буд, ғайри ҳиқ-ҳиқи монанд ба ҷонканӣ чизе аз он берун намеомад. Нафас чанде ба ин минвол дар гулӯям мешикаст ва сипас, ногаҳон гӯё роҳи халосӣ ёфта бошад, ки кушода шуд. Аз қаъри дил фиғони ҷонкоҳе кашидам ва қатраҳои ашки хунбор чун селоб ба рухсораи сарду беҳиси занам чакидан гирифтанд. Вуҷуди ӯ дар пеши чашмонам хурду вазнин мегашт. Ҳарчанд ӯро ба қафаси синаам ҷафстар менамудам, то аз гармии баданам вуҷуди ӯ гармӣ пайдо намояду ба ҳаракат ояд, аммо ҳама умедам барбод мерафт. Ниҳоят сарашро рӯи фарш гузоштам. Бо нӯги ангуштонам чашмони аз зиндагӣ носерашро пӯшидам.
Дар як фурсати кӯтоҳ тамоми дафтари хотиротамро боди хаёл мисли навори синамо варақгардон намуд. Ва нисбати хушдоманам нафрати азиме дар дилам ғулғула андохт. Аз оташи ғазаб ларзидам. Зуд ба қафо рӯй гардонидам. Хушдоманам, ки ин ҳама ҳолатро бо кундиву карахтӣ мушоҳида мекард, аз нигоҳи теғдорам тарсид ва худро ақиб кашиду бо маккории мусолиматомез канда-канда гуфт: «Тақдираш ҳамин будааст, берӯзиро…. Парво накун, духтари кенҷагиям моли туст. худам оварда ба бағалат меандозам».
Аз ин пешниҳоди ногаҳонии хушдоманам гаранг шудам. Гӯё дасту поям шах гашта буд ва аз раъям баргаштам. Рости гап, он лаҳза дар кадом ҳолат қарор доштанамро худам ҳам намедонистам. Аз пешниҳоди ин аҷуза на хурсандиям аён буду на андӯҳгиниям.
Ин дам чашми рӯз мекафид. Хабари марги ҳамсарам дар маҳалла паҳн гардид. Ҳамсоягону хешу ақрабо аз дуру наздик як-як ҷамъ шудан гирифтанд. Вақте сабаби маргашро мепурсиданд, ману хушдоманам аз рӯи маслиҳати пешакӣ бедимоғона мегуфтем: «Сактаи дил». Ҳама бовар мекарданд. Замоне дар беморхона хобиданаш бароямон баҳонаи хубе шуда буд.
Ҳинни ҷасадро рӯи тобут гузоштан кӯдаконам худро ба рӯи ҷисми беҷони модарашон партофта, кафанро пора кардан мехостанд. Ин манзараро дида дилам реш-реш шуд. Эҳсос кардам, ки чӣ хатои пурдаҳшатеро содир кардаам. Хатогие, ки дигар илоҷи ислоҳ карданаш нест. Ва ғайриихтиёр аз дарди ҷонсӯз навҳа кашидам, гулӯ даррондам, вале…
Он рӯз хушдоманам аз ҳама бештар «месӯхт»-у сар ба девору сутуни айвон мезад. Баъди ба хок супоридани майит хушдоманам 40 рӯз дар хонаи мо монд. Тӯли ин муддат мо қариб, ки ногап будем. Аниқтараш, ман тобу тавони шаклу шамоили хунуку манҳусашро дидан надоштам. Ҳар боре нигоҳамон ба ҳам бармехӯрд, оташи дарду алам дар дилам аз нав аланга мезад ва мехостам башараи нопокашро реза-реза кунам.
Баъди гузаронидани маъракаи чил ӯ ба хонаи худаш рафт. Як ҳафта бедарак шуд. Танҳо ҳамин вақт ҳис кардам, ки танҳоӣ чӣ даҳшату шиканҷаҳое доштааст. Рӯҳи ҳамсарам ҳамеша бо ман буд ва шабу рӯз таъқибам мекард. Бар замми ин, хонаҳои барҳавову ҳавлии калони сердолу дарахт дар назарам назарногиру бенур метофт. Худро аз ин гӯша ба он гӯша, аз он хона ба ин хона мезадаму аз занам асар меҷустам. Либосҳояшро бӯй мекашидам, вале ҳайҳот…
Аламамро бо гиря сабук мекардам. Кӯдакон ҳам ба оҳу шевани мани ғамзада ҳамовоз мегаштанд. Шабҳоро бо бедорӣ рӯз мекардам. Аз хобидан метарсидам, зеро он манзараи манҳус баробари чашмонамро пӯшидан пеши назарам ба пайдо меомад. Мабодо хобам мебурд, дастони сафеди кафанпеч гулӯямро буғӣ мекард.
Аз бедарак ғайб задани хушдоманам боз ҳафтае сипарӣ шуд. Рӯзе ӯ ба хабаргирии набераҳояш омад. Духтари хурдияшро ҳамроҳ оварда буд. То бегоҳ онҳо дар хонаи мо монданд. Хонаву ҳавлиро рӯфтанд, либос шустанд, бароямон нону таом пухтанд, хуллас, рӯзгори нобасомони маро каме ба тартиб оварданд. Хушдоманам ҳинни рафтанаш, ки пардаи торикӣ мефаромад, бо сари хам гуфт: «Духтарам ин ҷо мемонад, дилашро худат ёб!».
Вақти аз дарвоза баромадан духтараш ҳам аз пасаш рафтанӣ шуд, вале ӯ насиҳатомез гуфт: «Хола бӯи модар дорад, духтарам. Ин ҷо истоданат хуб аст, ки бечора наберагонам аз бӯи ту хумори модар мешикананд». Баъди ин «панду андарзҳо» духтарак ноилоҷ пояшро ақиб кашиду ба истодан розӣ шуд.
Хоҳарарӯсам як ҳафта дар хонаи ман монд. Ӯ шикасту рехти рӯзгорро кам-кам саришта мекард. Агарчанде ки вай нав ба 15 қадам мемонд, вале бо вуҷуди ин аз синну солаш бузургтар метофт. Чеҳраи шукуфтаву бадани расида ва симои дилрабое дошт. Анҷиршафтолуҳои навдамидааш вақти роҳ рафтан ва ё каме даступо хӯрдан маҳин-маҳин меларзиданд. Ва ин ларзиш ҳавасу ормонҳои мурдаи маро аз нав зинда мегардонд.
Гоҳе худро сарзаниш менамудам: «Эй номурод, аз ӯ чӣ мехоҳӣ?»
Даҳ рӯз пас хушдоманам боз меҳмони мо шуд ва дарзамон аз ман суол кард: «Дилашро ёфтӣ?» Дар ҷавоб ман хомӯширо ихтиёр кардам, вале нигоҳам худ ба худ аз чашмони зираку бозингари он маккора гурехтанд.
Сарамро хам кардам. Ӯ бо ҳамон оҳанги таънаомез: «Эҳ, латта, латтаи ношуд»,- гуфт ва бо шиддат вориди хона шуд.
Рӯз бегоҳ мешуд, вале ӯ бо духтараш аз хона берун намеомаданд. Ман дар дил ба Худо илтиҷо мекардам, ки шаб хушдоманам ба хонааш нараваду ин ҷо монад. Ва ӯ ҳам нарафт. Аз мустаҷоб гардидани дуоям дарун-дарун мешукуфтам, курта-курта гӯшт мегирифтам.
Вақти хоб ҳам расид. Ман ба хонаи хоби худ гузаштам. Хушдоманам ҳамроҳи духтараш дар хонаи хоби кӯдаконам монданд. Шаб аз нисф гузашта бошад ҳам, ман ҳанӯз бедор будам. Чашм аз дару тиреза намекандам. Пай мебурдам, ки имшаб зиндагии дилбазану якрангам нумӯи тоза хоҳад гирифт. Ҳамин воқеаро ман бесаброна интизорӣ мекашидам, вале он тӯл мекашид, гӯё охир надошт.
Аз бетоқатӣ гоҳ-гоҳ аз ҷойгаҳ хеста, то назди дар мерафтам, гӯшамро ба чашмаки дар сих мекардам. Аз тиреза ба торикии рӯи ҳавлӣ менигаристам. Ҳамин ки садое ё шарфаеро шунидам, зуд ба ҷойгаҳ даромада, умедворӣ мекашидам. Оқибат ин интизорӣ поён ёфт.
Дари хонаи хобам пуршаст кушода шуду аввал хушдоманам, аз паси вай хоҳарарӯсам ворид шуданд. Хушдоманам аз банди мӯи духтари эркатулфораш қапида, мисле ки гӯсфандро ба забҳхона мебаранд, ӯро кашон-кашон меовард. Духтарак шояд аз шиддати дарду озор ва ҳимояи иффати дӯшизагӣ бошад, ки вазнашро ба ақиб партофта, саркашӣ мекард. Бо ду кафи даст рӯяшро маҳкам пӯшида буд. Вале аз байни кафи дастону панҷаҳои хурдакакаш рухсораҳои арғувонияш аранге намуда меистоданд. Омезиши дастакони сафеду маҳинаш бо рухсораҳои лолагунаш, ва бар замми ин, ҷӯяк кашидани оби дидаи шашқатораш, аҷаб манзараи дилкаше доштанд. Мисли ҳавои борони бо тулӯи офтоб махлутшуда. Хушдоманам бо ситеза духтараш - лахти ҷигарашро ба сӯи ман тела дода гуфт: «Бахти ту ҳамин, дигар байни ману ту дилсиёҳие намондааст. Қарзамон баробар». Ӯ инро гуфту саросема аз хона баромад ва зулфини дарро аз берун қулф зад.
Духтарак дар кунҷи хона ғунча зада менишаст ва чун гурбачаи аз об кашида дарақ-дарақ меларзид. Ман барои тасаллои дилаш канда-канда гуфтам: «Тақдир ҳамин будааст,… аз он ҷои гурез нест…» Ҳиқ – ҳиқи ӯ зиёдтар шуд. Ман ноилоҷ хомӯш мондам. Чӣ гуфтанамро намедонистам, гап дар даҳонам ях баста буд. Андешаи «бо ин духтараки қайсар чӣ кор кунам», майнаамро гиҷ мекард. «Раҳояш кунам?». «Не-е!. Агар ӯро раҳо кунам, дигар ҳаргиз ба гарди доманаш нахоҳам расид. Шояд пагоҳ ба муаллим ва ё ягон хешовандаш шикоят кунад. Пас, ману хушдоманам шармандаи ду дунёву радди маърака хоҳем гашт». Чунин андешаҳои бесарунӯг хеле дар косахонаи сарам гирдоб заданд ва оқибат қарори маро рабуданд:
«Ӯ моли ман аст, намегузорам, то ба дигаре насиб кунад», - қатъӣ гуфтам ба худ ва ба оҳу фиғону дасту позаниҳои духтарак нигоҳ накарда, ӯро озод бардоштаму рӯи рахти арӯсӣ хобондам…
Субҳ чашми рӯз накафида хушдоманам дарро кушод. Баробари дидани модараш духтарак ду кафашро ба рухсораҳояш ниҳода, худро ҷонҳавл ба берун зад. Хушдоманам ин ҳолатро бо як табассуми маънидор наззора карда, ҷониби ман чашмакӣ зад ва аз қафои духтараш баромад. Бо ҳамин онҳо даҳ рӯз бедарак ғайб заданд. Ман мондаму кунҷи танҳоии хеш. Вале кайфияти он шаб вуҷуди маро ҳанӯз тарк накарда буд ва ба умеди рӯзи хушбахтӣ мезистам.
Рӯзе, ки хушдоманам боз меҳмони ман гашт, духтараш ҳамроҳаш буд. Аз омадани ӯ хурсандиям даҳчанд афзуд. Баробари фаромадани пардаи торикӣ ман ба хонаи хоби худ гузашта, интизори такрор ёфтани он воқеаи ширин будам. Интизорӣ боз ҳам тӯл кашид. Орзуҳои лаззатбахше вуҷудамро саропо месӯзонданд ва кому даҳонам мехушкид.
Ниҳоят дар кушода шуду хушдоманам бо духтараш ворид гаштанд. Ин дафъа ӯ аз банди мӯи духтараш намекашид. Фақат аз қафояш андаке тела дода меомад. Ман ба пешвози онҳо аз ҷойгаҳ ҷаста хестам. «Молатро соҳиб шав» -сухани оншабаашро такрор кард хушдоманам ва дарро боз аз берун қулф зад.
Духтарак дигар гиря намекард. Фақат нигоҳаш ба нуқтаи номаълуме дӯхта шуда, аз он чизеро хондан амри маҳол буд…
Баъд аз ин духтарак тез-тез ба хонаи мо меомадагӣ шуд. Бе кӯмаки модараш. Ҳар омаданаш бароям ид буд. Агар ду рӯз намеомад, бо ягон баҳона худам ба хонаашон мерафтам. Ҳамин тариқ духтарак ба синфи даҳ гузашт.
Мактабиёнро барои кӯмаки деҳқонон ба пахтачинӣ бурданд. Ҳамсари ман ҳам (пинҳонӣ мо никоҳи мусулмонӣ карда будем) дар қатори дигар хонандагон ба ин маърака ҷалб гардид. Рӯзҳои охири арафаи пахтачинӣ ногоҳ ӯ дар миёни ҷӯякҳо ба дарде гирифтор мешавад. Муаллимони даступохӯрда чӣ кор карданашонро намедонанд. Зеро ин шармандагӣ бояд сари чанд кас, аз ҷумла, директорро «мехӯрд». Директори ба ғам печида аз як тараф аз вазифааш метарсид, аз тарафи дигар, аз доғи якумрии мактаб ғам мехӯрд. Муаллимон маслиҳат карда, кӯдаки зинда тавлидёфтаро ҳамон лаҳза дар яке аз заҳбурҳои канори пахтазор гӯр мекунанд.
Ва байни худ қасам мехӯранд, ки аз ин сир ба касе лаб нахоҳанд кушод.
Ҳамсари маро низ таҳдид менамоянд, ки аз ин хусус ба касе даҳон накушояд.
Баъди чанде ғунучини пахта ҳам ба охир расид. Ҳама ба хонаҳояшон баргаштанд. Ҳамсари ман ба хонаи модараш баргашту ҳарду таъҷилан ба хонаи ман омаданд. Хушдоманам тамоми воқеаро ба ман нақл карда, шарт гузошт, ки бо кадом роҳе набошад, пеши роҳи овозашавии ин бенангиро бигирам.
Рӯзи дигар ба назди директори мактаб даромадам.
Ӯ аввал маро таҳдид намуд, бо қонун тарсонд. Аммо баъди холӣ кардани ғубори дилаш суроғаи кӯдакро гуфта дар охир таъкид намуд: «Эҳтиёт бош, ин шармандагӣ аз ҳамин ҷо берун набарояд».
Рӯзи дигар ман ба суроғ баромада, ҷасади тифлро пайдо кардам ва оварда, шабона дар қабристони маҳалла дигарбора ба хок супоридам. Ҳамсарам бошад, як рӯз ба мактаб равад, як ҳафта дар хона мемонд. Муаллимон ҳам сабаб намепурсиданд. Ҳамту як баҳо мемонданду халос. Хостам аз мактаб барорамаш, вале маъмурияти мактаб розӣ нашуд. Баъди хатми мактаб ба номаш як тӯйча кардам ва ҳамсарамро ба хона овардам. Нӯҳ сол зиндагии якҷоя ба сар бурдем, вале аз ӯ кӯдак ба дунё намеомад.
Дар ин миён ду фарзанди калониям, ки аз зани аввалаам буданд, хонадор шуданд. Онҳо дар хонаву дари алоҳида умр ба сар мебурданд.
Ману ҳамсарам дар хона танҳо мондем. Хушбахтона, соли даҳуми ҳамзистӣ ҳамсарам дуҷон шуд ва паи ҳам ду тифли дӯстрӯякро ба дунё овард. Хурсандии маро ҳадду канор набуд. Замона дигар шуд. Ман, ки дар колхоз ронанда шуда кор мекардам, хизматам ба касе даркор нашуда монд. Дар муассисае ба кори посбонӣ даромадам. Шабҳоро дар қаравулхона рӯз кардан лозим меомад. Рӯзона аксар вақт дар хона будам. Насим ном як ҳамсояамон, ки ҷавони хушқомату хушсӯҳбат буд, вақтҳои охир аз чӣ бошад, ки бо ҳар баҳона ба хонаи мо омада, соатҳо менишаст. Гоҳ-гоҳ ҳарду нард ё карта мебозидем. Вақте ӯ ба хонаамон ташриф меовард, ҳис мекардам, ки ҳамсарам зуд ба такудав медарояд. Дастархон мегустурад, чойи қаймоқӣ дам мекунад, хӯрокҳои бомазза мепазад. Ин муносибатҳо маро ба андеша мебурд, вале фикрҳои бадро аз майнаам бо азобе дур мекардам.
Шабе дар қаровулхона будам. Шаб аз нисф мегузашт, ки чароғи барқӣ хомӯш гашт. Ҳама ҷо торик. Хостам чароғи бобоиро гиронам. Гӯгирдро пайдо накардам. Аз қаровулхона то ҳавлиям тахминан 1,5 - 2 км роҳ буд. Ноилоҷ сӯи ҳавлӣ роҳ пеш гирифтам, то гӯгирд гираму баргардам. Вориди ҳавлӣ шудаму чашмам ба равшании чароғи хонаи хоб афтод. Чароғи хонае, ки хуштарин лаҳзаҳои зиндагии ман он ҷо гузаштааст, бедареғ месӯхт.
Равшании чароғ аз пардаи ғафси тиреза гузашта, рӯи ҳавлиро ба андозаи як чаҳорчӯба равшанӣ мебахшид. Ин равшании нимшабӣ, ки берун аз одат буд, хаёли маро ба сад кӯю гумон мебурд. Нӯги по ба дар наздик шуда, ба дарун гӯш андохтам. Садои нолишомези ҳамсарам канда-канда ба гӯш мерасид: «- Кош… ҳар шаб… биёӣ!... Дӯстат медорам… Ёдат кардам…»
Сухани охирини ҳамсарам гӯё путке буд, ки ногаҳон бар сари ман кӯфта шуд. Аз шунидани ин сухан якбора сарам чарх зад ва пеши чашмонамро пардаи сиёҳӣ фаро гирифт.
Тӯли чанд соли хонадорӣ ва ҳамхобагӣ боре аз ӯ чунин лафзи ширину ҷозибадорро нашунида будам. Ҳарчанд баъзан нидоҳои диловезу мадҳушкунанда аз забони ҳамсарам садо медод, вале он ҳам барои ман набуд.
Ин лаҳза якбора хун ба сарам заду дар ҷустуҷӯи теғи тезе афтодам. Ногоҳ поям ба чизе бархӯрд. Бинам, пойафзоли Насим. Ғазабам бештар аланга гирифт. Аз зери долон табареро гирифтаму бо аҷала ба хона даромадам.
Сари ҳамсарам дар рӯи синаи Насим буду дастони Насим мулоим-мулоим мӯи вайро шона мезаданд. Нигоҳам худ ба худ аз ин манзара лағжид. Ба кӯдакон нигаристам. Бароҳат мехобиданд. Нарм-нарм нафасгирии онҳо якбора ба оташи ғазаби ман об рехт. Дасту поям худ ба худ суст шуд. Табар аз дастам афтид. Оҳиста ба сари кӯдакон хам шудаму бо меҳр аз пешонияшон бӯсидам. Чашмонам об гирифтанд. Медонистам, ки ин бӯса-бӯсаи охирин ва бӯсаи видоъ буд.
Насиму ҳамсарам даҳшатзада ба ман менигаристанд. Ман ба онҳо кордор нашудам ва бо аҷала хонаро тарк намудам.
Инак, ду сол мешавад, ки шабҳоро дар масҷид саҳар мекунам… пайи рӯзгузаронӣ ҷорӯб мефурӯшам…»
Мӯйсафед дар ин ҷо нақлашро қатъ кард. Китфу бозувонаш маҳин-маҳин такон мехӯрданд. Забони ман аз гуфтор монда буд. Намедонистам, тасаллояш диҳам ё лаънат хонамаш. Пиёлаи чойи хунукшудаамро бо як нафас ҳӯрт кашидам. Вай низ ба ман пайравӣ кард ва дар ҳаққи дастархон дуо карданро нася гузошта аз ҷой бархост. Шояд дигар ин ҷо монданашро берун аз мантиқ мешуморид. Ҳинни аз дар баромадан нимшунаво гуфт: «Бадбахтӣ аз ин зиёд намешавад, бачам. Худо гӯ, ин рӯз ба сари душмани қаттолат наояд…»
М. МАҚСАДУЛЛОҲ


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"