Вазири наву мушкилоти кӯҳна
Чанд соли ахир вазири собиқи маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов яке аз чеҳраҳои «асосӣ»-и матбуот ҳисоб меёфт. Гӯё ҳама камбудиҳои соҳаи маориф маҳз ба ӯ марбут буданду бо рафтанаш аз курсии вазирӣ тамоми мушкилот ҳалли худро хоҳанд ёфт. Инак, вазири нави маориф рӯйи саҳнаи сиёсат омад ва мардум, бахусус, омӯзгорони заҳматкаш бо умеди дигаргуниҳо дар кору фаъолият ва зиндагияшон ба қавле «шаб рӯз мекунанд». Шояд бо омадани вазири нав ва кордонию лаёқати ӯ номи омӯзгор аз рӯйхати табақаи ниёзманду камбизоати ҷомеа хат зада шавад? Он омӯзгороне, ки бо сабаби камии маош ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, баргарданду сатҳи дониш дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ каме боло равад?
Муаллим аз бачаи авбош метарсад
Президенти мамлакат дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар аз костагии ахлоқи ҷавонон, беаҳмиятии падару модарон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ изҳори нигаронӣ кард, ки хеле бамавқеъ аст. Чаро мактаб наметавонад бо ду-се наврасаки авбош, ки бачаҳои дигарро гумроҳ сохта, ба моҷаро мекашанд, мубориза барад? Чунки онҳо «пушт» доранд! Маҳз ана ҳамин «соҳиб»-дорҳо дар ин гуна корҳо далеранд ва сарвари мамлакат ҳақиқати ҳолро гуфтанд, ки муаллими бечора ҳам аз бачаи авбош метарсад. Бисёр хуб мешуд, ки ақаллан дар мактабҳои пойтахт кормандони ҳифзи ҳуқуқ вобаста карда шаванд, то бадахлоқон қадамашонро дониста монанд.
Комиссия меояд!
Як падидаи номатлуби дигар дар соҳаи маориф «комиссия омад» аст, чанд рӯз пеш аз омадани «меҳмонон» маъмурияти мактабу омӯзгорон, бачаҳо, фаррошон, ҳатто падару модарон аз омадани онҳо огаҳӣ меёбанд. Ба кадом восита, худи онҳо медонанд… Чи тавре, ки вазири нави корҳои дохилӣ аз «лаҷом задани бенӯхтаҳо» корро сар кард, хуб мешуд, вазири нави маориф корро аз ҳушёр намудани хоболудҳо оғоз кунад. Бисёр ба ҷо мебуд, ки ҷаноби вазир бе ягон огоҳӣ (чунки разведкаи мансабдорчаҳо хеле хуб кор мекунад) тамоми мактабҳои пойтахтро аз назар мегузаронид ва ба дилхоҳ синф даромада, бо толибилмон саволу ҷавоб мекард, аз онҳо диктанту иншо гирифта, сатҳи донишашонро мефаҳмид. Ба таърифу тавсиф ва ҳисоботҳои бардурӯғи масъулин бовар накарда, санҷида муайян намудан лозим аст, ки айб дар ош аст ё дар мош? Сари он бояд андешид, ки чӣ гуна иззату ҳурмат ва номи мӯътабари муаллимро барқарор бояд кард?
Мактаб занона мешавад
Занона шудани пешаи омӯзгорӣ хатарест ба тарбияи ҷавонмардии фарзандони мо, дар аксари мактабҳо 99% муаллимонро занон ташкил мекунанд, чунки мардон ризқрасони оила ба шумор мераванду бо маоши хеле ками омӯзгорӣ қаноат намекунанд. Чорае бояд андешид, ки ҷавонон на аз тарси хизмати ҳарбию соҳиби диплом шудан, балки аз рӯйи ҳавас пой ба остонаи донишгоҳи омӯзгорӣ монанд. Ногуфта намонад, ки ҷавони тарбияи хуб гирифта аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намекунад ва агар аз ҳуқуқҳои худ огаҳӣ дошта бошад, дилхоҳ қумандони муштзӯрро ҳам «дар ҷояш мешинонад». Барои муаллимони ҷавон шароит фароҳам овардан зарур аст то тарбияи насли наврас ҳадафи асосии онҳо гардад.
Обунаҳои маҷбурӣ
Ҳавасмандкунӣ дар байни омӯзгорон дида намешавад онҳо дар ягон ид, ҳатто иди касбияшон мукофотпулӣ намегиранд, аммо дар мавсими маҷбурӣ обуна кардан ба нашрияҳои давлатӣ нақшаро аз ҳисоби эшон пур мекунанд. Омӯзгор маҷбур аст, як маоши худро сарфи обуна созад, ман инро бо далел мегӯям. Соли гузашта вазири маорифи ҳамонвақта дар нишасти матбуотие изҳор доштанд, ки касе ҳақ надорад омӯзгоронро маҷбурӣ обуна созад, аммо омӯзгорони зиёде ба идораи ҳафтавор занг зада мегуфтанд, ки сарварони мактабҳо бо исрори идораҳои маорифи ноҳия онҳоро маҷбурӣ обуна мекунанд. Албатта, муаллими асил бояд аз матбуоти даврӣ бохабар бошаду сермутолиа, аммо на ба таври маҷбурӣ.
Дарсшиканӣ барои чорабиниҳои давлатӣ
Як мушкилоти дигар дарсҳоро шикаста, ба чорабиниҳои давлатӣ ҷалб намудани хонандагону муаллимон мебошад, шояд ин дар тарбияи зебоипарастию ватандӯстии шогирдон таъсири мусбат дошта бошад, аммо ба муаллим чун ба хизматгор муносибат намудани раисони ноҳияҳову мудирони маориф беодобиест ногуфтанӣ. Президент дар маҷлиси васеи ҳукумат мушкилоти соҳаи маорифро таҳлилу баррасӣ намуда, қайд карданд, ки директорони мактабҳо на бояд зиёда аз панҷ сол дар як ҷой кор кунанд, пешниҳоди олиҷаноб, аммо боз хубтар мебуд, сарвари мактабро омӯзгорон интихоб мекарданд. Ба ин вазифаи муҳим бояд шахсоне пешниҳод гарданд, ки таҷрибаи бойи омӯзгорӣ ва кор бо кӯдаконро дошта, дар соҳаи худ комёбиҳои назаррасро ноил гаштааст.
Муҳандисони рӯҳан шикаста
Ёд дорам, соли гузашта дар машварати августии омӯзгорони яке аз ноҳияҳои пойтахт иштирок доштам. Дар паҳлӯям омӯзгори солдидае ғамгину мушаввашхотир менишаст, ҳангоми сӯҳбат аз гап гап баромаду ӯ ба ман директори мактабашон - ҷавонмарди сабзинаи лоғарандомро нишон дода гуфт: Имрӯз барои ду пула гап он қадар хақоратам дод, ки… Оё шахсе, ки одоби оддии муошират бо одамонро намедонад ва зани аз худаш 10-15 сол калонро меранҷонад (ҳақорат он тараф истад) ҳаққи ба муасиссаи таълимӣ, маскани илму маърифат роҳбарӣ карданро дорад? Албатта не! Тасаввур кунед, ҳоли он муллимеро, ки баъди таҳқиру ҳақорат ва неши озори ин гуна роҳбарон ба дарс медарояду дарс мегӯяд. Мегӯянд, ки муаллим муҳандиси рӯҳи инсон аст, оё муҳандиси рӯҳан таҳқиршудаю озордида метавонад ба олами хаёлоти як синф бача навоварие ворид созад? Мушколоти кор, камбудӣ ва норасоиҳои дар он ҷойдоштаро на ба воситаи таҳқири якдигару дашному хақорат, балки аз рӯйи қонунҳои ҷорӣ ва бо маслиҳат ҳал кардан лозим аст.
Камбудиҳои гуфтаи мо хеле кам аст, назар ба он чӣ ки дар ин соҳаи тақдирсози миллат вуҷуд дорад, аммо дар баробари омӯзгорон мо низ таманнои ҳалли онҳоро дорем. Фаромӯш набояд кард, ки бе рушди маориф ҳеҷ миллату давлате ояндаи хуб надорад. Шояд вақти он расидааст, ки дар ҳақиқат ҳам рӯй бар мактаб биёрем, зеро ҳар хубию бадӣ, пешрафту мувафақият аз он сарчашма мегирад!
Зеро:
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати пойдор хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр.
Ҳилолаи Баҳриддин