Чархи Гардун
23.02.2012 09:37

Равзанаи ягона: Пойга сар шуд. Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

*Ин «Равзанаи ягона» ба соҳибкорони ҳориҷиву ватанӣ чӣ хоҳад дод?
*То кадом андоза ин равзана метавонад мушкилотро осон намуда, садди роҳи қоғазбозӣ ва омилҳои коррупсиониро бигирад?
*Барои баррасии ин мавзӯъ мухбири мо бо Саидҷаъфар Розиев, директори КВД «Равзанаи ягона» дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ вохӯрда, перомуни фаъолияти равзанаи ягонаи гумрукӣ сӯҳбат намуд.




Моҳи майи соли 2010 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии ҷорӣ намудани системаи «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар ҶТ» қабул гардида буд. Барномаи мазкур самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати ҶТ дар 5 соли ояндаро аз рӯи расмиёти маъмурии соддакардашуда дар савдои беруна тавассути ҷорӣ ва истифода намудани системаи электронии коркард ва интиқоли иттилоот байни мақомоти давлатӣ ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайан месозад.
Чуноне ки Саидҷаъфар Розиев зимни сӯҳбат иброз намуд, мақсади таъсиси системаи мазкур – ин суръат бахшидан ба мубодилаи иттилоот дар байни мақомоти давлатӣ, ки барои ба танзим даровардани савдои беруна мувазаф карда шудаанд, инчунин байни мақомоти давлатӣ ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҳисоби таъмини автоматикунонидашудаи равандҳои маъмурии вобаста ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда мебошад. Инчунин, система содда кардани расмиёти пешниҳоди дархост барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда ва аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабули қарор аз рӯи онҳо тавассути ташкил намудани шабакаи ягонаи автоматикунонидашудаи иттилоотии қабули коркард ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад. «Равзанаи ягона» барои ташаккули махзани ягона ва мунтазами азнавкардашудаи ҳуҷҷатҳо, ки барои барасмиятдарории амалиёти савдои беруна зарур мебошад, мусоидат намуда таъмини шаффофияти равандҳои додани ҳуҷчатҳои иҷозатдиҳиро тақвият хоҳад дод.
- Ҳар як хоҳишманд метавонад маълумот ва ё маслиҳатро вобаста ба расмиёти савдои беруна аз веб-портали системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» ва ё аз маркази «Равзанаи ягона» бигирад. Веб-портали мо ба таври Он-лайн фаъол буда тамоми маълумот ва мақоми ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро дар бар мегирад. Сайти интернетии мо маълумотро оид ба тамоми табдирҳои танзимкунандаи тарифӣ – нархномавӣ ва ғайритарифӣ, иттилооти меъёрию маълумотдиҳӣ пешниҳод менамояд ва барои дастрасии истифодабарандагони бақайдгирифта ба интерфейси системаи «Равзанаи ягона» имконият медиҳад, ин кори соҳибкорони чӣ хориҷӣ ва чӣ ватаниро осон менамояд, таъкид медорад Саидҷаъфар Розиев.
Ба ақидаи коршинос, ташкили системаи иттилоотии «Равзанаи ягона» раванди басо ҳам мушкил мебошад, ки танҳо бо таври муқаррарӣ ҷорӣ намудан ва насби системаи иттилоотии электронӣ анҷом меёбад. Бинобар ин татбиқи ин барномаи давлатӣ бо дастгирии молиявии намояндагии комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта айни замон тамоми корҳои ҳуҷҷатгзорӣ оид ба такмили инфрасохтори иттилоотӣ, аз ҷумла таъмини барномавии дастгоҳӣ, телекоммуникатсионӣ ва системаи мақомоти давлатии ҷалбгардида гузаронида шуда истодааст. КВД «Равзанаи ягона» имрӯз алоқаҳои хешро бо як қатор вазоратҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, нақлиёт, Палатаи савдо ва саноати мамлакат, агентии «Тоҷикстандарт» ва дигар мақомотҳои лозима ба роҳ монда истодааст, то ин, ки раванди мазкурро бо ҷалби ин сохторҳои марбута ба роҳ монад.
- Масалан, ягон соҳибкори хориҷӣ дар яонда мехоҳад аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон моли зинда бубарад. Ӯ ба «Равзанаи ягона» муроҷиат менамояд, коршиносони мо ӯро бо иттилооти лозима таъмин намуда тамоми ҳуҷҷатгузориашро анҷом медиҳанд – аз сохторҳои лозима сертификату иҷозатномаҳои дахлдорро омода намуда барои зудтар амалӣ ёфтани кори соҳибкор кӯмак менамоянд. Иттилоот дар бораи ӯ тавассути базаи ягона ба тамоми хадамотҳо ва сохторҳои лозима дар марзҳои кишвар буда низ ирсол мегардад, то ин, ки вайро дар марз аз вақташ бештар нигоҳ надоранд. Инчунин, арзиши хароҷоти амалиётҳо барои анҷом додани хизматрасонӣ кам мешаванд, - мегӯяд мутахассис.
Системаи «Равзанаи ягона» дар кишвари мо падидаи нав аст, ки барои содда ва шаффоф гардонии савдои хориҷа, асосан интиқоли транзитӣ тавассути Тоҷикистон равона шудааст. То имрӯз ҳамчунин системаи равзанаи ягонаи гумрукӣ дар ҷумҳуриҳои ба мо ҳамсоя Қазоқистону Қирғизистон амал мекунанд ва чуноне ки Саидҷаъфар Розиев арзёбӣ менамояд, натиҷаҳои аввалини фаъолияти босамари системаи «Равзанаи ягона»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 хоҳем дид.
- Натиҷаҳои нахустини фаъолияти дусолаи мо дар моҳҳои июли соли 2012 маълум хоҳад шуд, аммо натиҷаҳои воқеиӣ кори мо пас аз ду соли дигар муайан мешавад. Бигузор камтар дер бошад, аммо босифат ва марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад ёфт. Системаи «Равзанаи ягона» - ин дараҷаи нави ҳамкории байни мақомоти давлатӣ ва соҳибкор буда метавонад барои паст кардани омилҳои корупсионӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷалби бештари соҳибкорони хориҷӣ барои истифодаи транзитӣ аз кишвар мусоидат намояд, - таъкид медорад Саидҷаъфар Розиев, директори КВД «Равзанаи ягона» дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ.
Ҷамила Ҳусейнова


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"