Чархи Гардун
23.02.2012 09:37

Cадриддин Наҷмиддин: Бо Ораш «Гоҳе - гоҳе» - ро тақдим мекунем

Яке аз ситораҳои тобони эстрадаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин имрӯз бо садову навози шевояш мухлисони зиёдеро на танҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Афғонистону, Ӯзбекистон ва Аврупову Амрико пайдо намудааст. Мо бо воситаи шабакаи интернет бо ин сароянда сӯҳбатеро доир намудем, ки онро барои хонандагони рӯзномаи «Чархи гардун» ин мусоҳибаро пешкаш мекунем.
- Акаи Садриддин, аввалан шуморо бо иди Артиши миллӣ табрик мегӯем. Баъдан, чун аксари мухлисон шуморо бо суруди «Чил-чил садои борон» мешиносанд, мехоҳем бидонем, ки оё ин суруди аввалини шумо буд, ки муаррифигари шумо гардид?
-Не ,суруди аввалини ман «Ҷудоӣ» ном дорад. Вале маҳз тавассути суруди «Чил-чил садои борон» ман мухлисони зиёде пайдо кардам.
- То имрӯз чанд албоми худро баровардед?
- Панҷ албоми худро пешкаши мухлисон гардонидам. Ба наздикӣ барои омодасозии клип ва баровардани албоми нав нияти ба Амрико рафтан дорам. Мехоҳам, ки бо сурудҳои навэҷодгардида мухлисонамро шод гардонам.
- Вақте шумо қаблан дар Амрико будед, бо сарояндаи эронӣ - Мансур ҳамкориҳо доштед. Алъон, сатҳи ин ҳамкориҳои эҷодиятон дар кадом поя қарор доранд?
-Бале Мансур аз лаҳзаи авали шиносоӣ моро хуш пазируфт. Ва дар вақти корҳои эҷодӣ ба манн бисёр маслихатҳои хуб дод. Барои он, ки мо ҳамзабонем. Ман Мансурро ҳамчун устоди хеш ҳурмат мекунам. Умуман, вақте ман ба Амрико сафар намудам, бисёр чизҳоро омӯхтам. Беҳуда нагуфтаанд, ки сафар кардна ҷаҳонбиниро васеъ мекунад. Саъдии Шерозӣ нисфи умри худашро дар сафар гузаронидааст.
- Ҳадаф аз ин сафаратон ба Амрико чист?
- Чун ҳамешагӣ омода сохтани клипҳои нави эҷодӣ.
-Махфӣ набошад, мегуфтед, ки барои як клипро ба навор гирифтан чӣ қадар маблағ сарф мешавад?
-Чаро нагӯям. Масалан клипи «Девонаам» дар штати Калифорнияи шаҳри Лос Анҷелос ба навор гирифта шуд, ки барои он 5 ҳазору 800 доллар маблағ сарф шуд. Умуман, вақте мо ба Амрико сафар мекунем, то 22 ҳазор доллар маблағ сарф мешавад.
- Айни ҳол ба эҷоди кадом сурудҳои нав саргарм ҳастед?
-Баҳри мухлисонам 2-3 суруди нав омода сохта истодаем. Худо хоҳад, баъди як моҳ хамроҳи Ораш суруди «Гоҳе-гоҳе»-ро ба мухлисон пешкаш мекунем.
- Акаи Садриддин, ҳоло, ки мо сӯҳбат дорем, аллакай ин сурудатон дар гӯши ман садо дода истодааст. Ва умедамон комил, ки дар ҳамовозӣ бо Ораш ин суруд ҳусни тозае гирифта, баъди чанде дар фазои диёр танинандоз мегардад. Барои интихоби матни суруд ва оҳанг ба шумо ки ёрӣ мерасонад?
-Албатта, бе дастгирӣ кор пеш намеравад. Маро дар ҷодаи санъат Ҳасан Чиллаев, Ёқубҷон Абдуллоев, ки бастакор ҳастанд, дастгирӣ менамоянд.
-Зиндагӣ барои шумо чӣ маъно дорад? Шумо ҳатто чунин суруд ҳам доред: -Зиндагӣ чист?Хуни дил хӯрдан…
-Зиндагӣ барои ман ин осудаҳолии фарзандонам мебошад. Умуман, вақте кас соҳиби фарзанд мешавад, барои беҳ кардани шароити онҳо, ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам моддӣ кӯшиш мекунад. Тарбият мекунад, ба вай роҳ нишон медиҳад, чуноне, ки волидонам ба ман роҳ нишон доданд. Охир, фарзанд меваи умри инсон аст. Аз ҳама рӯзҳои хушбахттарини ман ин рӯзи таваллуди фарзандонам мебошад.
- Чун шумо дар бораи фарзанд сухан кардед, мехостам бидонам, ки чанд фарзанд доред? Мехоҳед, ки онҳо хам мисли шумо сароянда шаванд?
Худованд ба ман се фарзанд ато намудааст. Ду духтар ва як писар. Ва ману ҳамсарам имрӯз, барои он ки онҳо инсони нек шуда ба воя расанд, талош меварзем. Албатта мехоҳам, ки онҳо сарояндаи асил шаванд.
- Бисёр мухлисон чунин мегӯянд, ки Валиҷон Азизов ба шумо тақлид намуда суруд мехонад. Оё ҳамин гап рост аст?
- Ин миш-мишҳо нодурустанд. Валиҷон додари маънавим аст ва мо ҳамроҳ кор мекунем, ҳамроҳ эҷод мекунем. Чуноне ки мегӯянд, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
- Шумо ба онҳое,ки ҳофиз шуданиянд, чи маслиҳат доданиед? Ва нақшаҳои шумо дар оянда.
Онҳое, ки истеъдоди сурудхонӣ доранд, истеъдоди худро сайқал диҳанд. Дар оянда мехоҳам, барои мухлисонам сурудҳои беҳтаринро сароям. Ва барои ба ин мақсад расиданам айни ҳол кӯшиш ба харҷ дода истодаам.
Нилуфар Умарова


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"