Чархи Гардун
23.02.2012 09:37

Дар асорати тарма

Дар асорати тарма

Шоҳидони воқеа мегӯянд, додрасе нест, то ба сарвақти мардум бирасад, масъулин мегӯянд, вазъи баамаломада зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Тайи се рӯз аст, ки мусофирони роҳи пулакии «Душанбе - Хуҷанд» дар асорати тарма мондаанд.
Бино ба гуфтаи масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон Ориф Нозимов, бар асари тармафуроии рӯзи 19 феврал ҳудуди 200 нафар бо 13 мошини сабукрав ва ҳудуди 70 мошини борбар дар ағбаи Анзоб миёни тарма мондаанд. Ба қавли мавсуф, барои раҳоии онҳо техникаҳо сафарбар шудаанд. Манбаъ меафзояд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои "бандиён"-и тарма дар ағбаи Анзоб маводи ғизоӣ фиристодааст. Гӯё ин кӯмакҳо аз нону орд, консерву қанд ва чою макарон ва ҳамчунин либос иборат мебошанд.
Ба қавли масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам, 12 мошини ин вазорат ва ширкати IRS машғули барфтозакунӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд будаанд.
Вале зимни омодасозии хабари мазкур нафаре бо телефонии идораи ҳафтанома дар тамос гардида,худро Қурбоналӣ Раҳмонов муаррифӣ намуд ва бо изтироб арз намуд, ки ба доди мардуми дар асорати тарма монда дар тамос шавем ва воқеиятро нависем. «Чунки – изҳори таассуф ва дилмондагӣ кард Раҳмонов, - хабарҳои тавассути сайтҳо пахшшуда дар мавриди кӯмаки техникиву маводи ғизоии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва IRS воқеӣ нестанд». Сипас, барои тақвияти ин суханонаш ҳамсӯҳбати «Чархи гардун» рақами телефонии мобилии ҳамкораш – Холибек Солимбековро пешкаш намуд, ки ҳуқуқшинос ва дар ширкати «Сомонсервис» мудири шӯъбаи кадрҳо шуда кор мекардааст.
Чун бо рақами пешниҳодшуда бо Солимбеков дар тамос шудем ва аз ӯ пурсидем, ки дар куҷо қарор дорад, номбурда бо эҳтиросу эҳсос ва яъсу навмедӣ чунин иброз дошт:
-3 шабонарӯз шуд, ки дар асорати табиат қарор дорем, худро як илоҷ карда ба даруни галереяи наздикии нақби Истиқлол аз ҷониби Варзоб гирифтем. Ҳамроҳам 17 – 18 нафари дигар ҳамроҳонам низ ҳастанд. Мо куб о илоҷе дар галерея панаҳ бурдем, вале ҳоли бечораҳои дар ҳавои кушод зери барфбуда чист, худ тасаввур кунед. Ҳамин муддат нон нахӯрдаем. Занону кӯдакон аз тарсу гуруснагӣ ва хунук чӣ кор карданашонро намедонанд.
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иддао дорад, ки бо маводи ғизоӣ аз ҷумла, нону консерв асирони тармаро таъмин намуда истодааст…
- Ҳамин гапҳои дурӯғ чӣ даркор, ака, як марди харакӣ аз Зиддӣ донаи нонро 10 сомонӣ ба савдо гузоштааст, ки ғизои мардуми дар ин ҷо дармонда ҳамон аст.
- Чӣ қадар мардум дар байни тарма мондаанд?
Ба тахминам, қариб 1500 мошин аз ду тараф ин ҷо ҷамъ шудаанд, ки хатари фалокат ва фурӯ рехтани бало ба сари онҳо ҳар лаҳза таҳдид мекунад. Дар пеши назари худам 5 мошинро тарма бо одамонаш фурӯ бурд, ҷавоне бод оду фиғон хабар расонд, ки ҳамроҳонашро тарма бурдааст…, ҳамчунин як трактори ҳамон IRS - и таърифии шумо журналистҳоро ҳам бурд, дигарашро намедонам…
- Ҳоло кадом ниҳодҳои муваззаф ва масъул ба «асирмондагон» кӯмак расонда истодаанд?
- Ҳеҷ кадомаш. Ман ҳайронам, охир ҳамин IRS пули мардумро мехӯрад, вале наметавонад, дар ҳамин рӯзи сахт ба додашон рассад?
- IRS мегӯяд, роҳро тоза карда истодааст –ку?
Ҳамагӣ ду тракторашон омад, якташа тарма бурд, яктои дигараш аз мардуми дармондаву мӯҳтоҷ солярка талабида истодааст. Мо, ки дар ин сармо намедонем, оқибатамон чӣ мешавад ва то кай инҷо хоҳем монд, худ ба ягона муттако – сӯзишворӣ ниёз дорем, то тани худ ва зану кӯдаконро аз сармо наҷот диҳем, чӣ гуна метавонем, ба онҳо солярка диҳем?
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон чанде пештар ба сокинони кишвар ҳушдор дода буданд, ки то рӯзи 23-юми феврал аз ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ ва минтақаи Рашт ба хотири дучор наомадан ба тармафароиҳо худдорӣ намоянд. Вақте шумо аз гузаргоҳ ё ба истилоҳ постҳо мегузаштед, касе монеъ нашуд, то аз хатари мавҷуда пешгирӣ намояд?
- Не. Мо аз ҷониби ноҳияи Айнӣ вориди нақби Истиқлол шудем, онро бемалол убур намудем, ҳамааш хуб буд. Вале дар наздикиҳои Майхӯра мошини мо ва дигар нақлиётро бозпас ҷониби нақб гардониданд. Чун ноилоҷ ба боло хазидем, пас аз тай намудани қариб 3 км. роҳ пеши роҳамонро тарма баст. Хостем бозпас ба ақиб баргардем, аз ин тараф ҳам тарма фаромад. Як илоҷ карда, худро ба ҷои бехавфтар, дохили галерея гирифтему паноҳ бурдем.
Агар пешакӣ огоҳ мекарданд, ки роҳ банд аст ё дар вақту соати муайян аз роҳ гузаред, мо ҳаргиз ба ин бало гирифтор намешудем.
Бо ҳамин ҳамсӯҳбатам гуфтугӯяшро бо сабаби он ки қувваи батареяи телефонаш тамом мешавад, хулоса кард. Пеш аз он ки гуфтугӯяшро қатъ намояд, умеди дидор намуд:
- Акаҷон, ман даҳшатеро, ки инҷо мардум тайи ин се рӯз аз сар мегузаронанду масъулин чорае намеандешанд, дар телефонии мобилиям сабт намудаам. Агар умр боқӣ бошаду аз ин ҷо наҷот ёбем, дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бароятон нишон хоҳам дод…
Ба Холибек ва ҳамроҳонаш саломативу дарозумрӣ хостам ва барои муайян сохтани воқеияти ҳодиса бо масъули дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон Ориф Нозимов дар тамос шудам. Номбурда гуфт:
- Ҳамин саҳар як ҳайат аз КҲФ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дар асорати тарма мондагон маводи озуқа иборат аз 1000 дона нон, 300 дона консерва, 300 кг орд, 32 кг макарон, 2 кг чойи хушк равон гардид.
Дар идомаи сӯҳбат номбурда бори дигар, сару садоҳоро дар мавриди ба ҳалокат расидани одамон ва мавҷудияти 1500 адад мошин рад намуда, афзуд, ки тибқи маълумоти Маркази наҷотдиҳии КҲФ дар километри 64 –ум, воқеъ дар дидбонгоҳи Майхӯра феълан 13 мошини сабукрав ва 70 мошини боркаш дар миёни тарма мондаанд. Ба қавли Нозимов, трактори ба эҳтимол зери тармарафта на аз IRS аст, балки он бояд ба хадамоти роҳ тааллуқ дошта бошад.
Баъди ин ду гуфтугӯ касс ҳайрон мемонад, ки ба кӣ бовар намояд: Ба шоҳиди айнии воқеа, ки мегӯяд, додрасе нест, то ба сарвақти мардум бирасад ё ба масъули Ҳукумат, ки мегӯяд, вазъи баамаломада зери назорати қатъӣ қарор дорад?
Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ


Комментарий №1    Написал: Зариф    26 февраля 2012 02:30    Цитировать
Рохи пулакии Дущанбе Чанокро хама хубихоящ аз IRS хама сарфахояш аз кисаи андозсупорандагон.


Комментарий №2    Написал: Мадад    26 февраля 2012 07:30    Цитировать
IRS+Taha=QavrRS


Комментарий №3    Написал: Iddrisu    8 марта 2012 18:28    Цитировать
That's what we've all been waiting for! Great psotnig!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Октябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"