Чархи Гардун
26.04.2012 09:30

Шавҳари бадгумонам ҷевон мекобад

2 сол шуд, ки мо доктор Маҳмуд Кабириро меҷустем ва хушбахтона, аз гӯшаи «Машварати рӯҳшинос» -и «Чархи гардун» дубора пайдо кардему бисёр хурсанд шудем.
Проблемаи мо дар масъалаи муносибати занушавҳарӣ кӯҳна аст ва доктор дар ёд доранд. Шавҳари ман маро рашк не, балки бадгумонӣ мекунад ва беҳуда ба кори нокардае муттаҳам месозад. Ҳамааш аз он сар шуд, ки соли 2001-ум шавҳарам бо бадгумонӣ дар кори муносибати маҳрамона маро бо ронандаи такси муттаҳам карданӣ шуда, пинхонӣ дар сумкаам дастгоҳи сабткунаки рақамиро, ки 24 соат сабт мекунад, мондааст. Ман бедарак аз он ба кор рафта меомадам. Як рӯзе маро «дар соати 2-и рӯз ту ишқбозӣ кардӣ» гуфта, гунахгор кард. Маро пеш аз ҳама соати 2-и гуфтааш ҳайрон кард ва далел пурсидам. Ӯ ба ман сабти «бозича»-ашро пеш овард. Дар он ҷо садои «дами сард» кашидани ман сабт шуда будааст. Шавҳарам инро «вақти алоқаи ҷинсӣ» маънидод кард. Ҳар сухани ҳимоявии ман асар надошт.
Рӯзе аз рӯҳшинос Маҳмуд Кабирӣ дарак ёфтем ва барои рӯшанӣ андохтан ба даргоҳи ӯ рафтем. Бо тамкин моро гӯш карда, сабаби аз соати 2-и рӯзи гумонбар шудан пурсидааст. Ман дар ҳолати беёдӣ шарҳи воқеаро гуфтаам:
- Нозири роҳ мошини борбари моро манъ кардааст ва ман дар ин вақт аз дил гузаронидаам, ки: «безор карданд бо ҳамин ҳуҷҷатпурсияшон» ва «дами сард» кашидаам. Ҳамин тавр, чанд сол аз таҳқири шавҳарам халос будам ва ҳамин ки «Шӯхиҳои Аловуддин» ва «Лаҳзаҳои гуворо» бо баҷокунии ошиқонашон дар ҷевон ва балкон тарики телевизион пахш шуд, дубора фикрҳои бадгумонӣ дар зеҳни шавҳарам пайдо шуданд. Ӯ доим ҷевон ва балкон мекобад. Кор ба дараҷае расидааст, ки гиря карда, ёрӣ мепурсад. Умедворем, ки доктор Кабирӣ боз ба мо кӯмак мекунад.
С.А. ш. Душанбе

Дар ёд дорам, баъди аз ин ҳолати ногувор баромаданатон чӣ тавр шавҳаратон аз шумо узр пурсида буд. Вақте шуури ҷамъият ба шахсе «минбар» медиҳад ва иҷозаи воридсозии иттилоот ба шуури мардум шакл мегирад, бояд натиҷаи таъсироти онро дарк кунад. Яке аз воситаҳои тарбияи одамон бо шӯхӣ ва ҳазлҳост, ки паёмбари гиромӣ ҳам ҳазли манфиатоварро раво донистааст, вале масхараи касони дар мушкилӣ бударо ҷоиз надонистааст.
Масалан, дар фарҳанги мардуми мо ошиқиву маъшуқабозиро тарғиб кардан хуб нест: Оқибати он ба ҷудошавии оилаҳо, ҷанҷолҳои хонаводаҳои солим ва воридшавии фарҳанги бегонаи Ғарб оид мешавад. Монанди ин, дар яке аз шӯхиҳояш ҳунарпешаи хушсалиқа Аловуддин Абдуллоев майзадаро бо гап аз майнӯшӣ бозпас мегардонад, ё масъалаи забондониро ҳунармандони «Лаҳзаҳои гуворо» бо маҳорати аҷиб талқин мекунанд. Хуб мешуд, Вазорати фарҳанг ба мундариҷаи шеъру суруд, спектаклу саҳнаҳои ҳаҷвӣ диққати ҷиддӣ медод.
Дар масъалаи шавҳари шумо гуфтаниям, ки ӯ ба бемории ақл, яъне ба фикрҳои безоркунанда гирифтор шудааст, ки хушбахтона, табобатшаванда аст, ҳарчанд вақти дарозтарро талаб мекунад. Агар ӯ бемории равонӣ (қалбӣ ё психикӣ) медошт, худро бемор намеҳисобид.
Ташхиси ҳолати саломатии шавҳаратон «Неврози фикрҳои безоркунанда» аст. Шохаҳои он ба вайроншавии эҳсос, ки меҳвараш дар фикри носолим аст, мебошад ва бе табобат одам азоб мекашад. Шавҳаратон аз фикри безоркунанда раҳо ёфтан мехоҳад ва дар роҳи ба ин мақсад расиданаш мо кӯмак мерасонем. Мо шуморо интизор, як оила обод шавад, хиште аз девори чамъият дуруст шавад.
Бо эҳтиром,
доктор Маҳмуд Кабирӣ


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"