Чархи Гардун
28.06.2012 09:52

5 соли СМТ: аз дастовардҳо то мушкилот

22 июни соли ҷорӣ дар толори хурди КТН «Шарқи озод» бо ташаббуси роҳбарияти ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон» конфаронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Мушкилоти таъсиси телевизиони мустақил дар Тоҷикистон дар мисоли бурду бохти ТВ «СМТ»» доир гардид. Дар чорабинии мазкур перомуни воқеият ва мушкилоти телевизиони мустақил директории ТВ СМТ Зиннатулло Исмоилов, раиси Иттфоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов ва профессор Иброҳим Усмонов ибрози назар намуданд. Сипас, иштирокчиёни конфаронс- роҳбарону намояндагони созмонҳои журналистӣ, мақомоти давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони мустақил роҷеъ ба мавзӯъҳои баррасишаванда андешаи худро пешниҳод намуда, тавсияҳои мушаххасро дар мавриди ҷойгоҳи шабакаҳои мустақили телевизионӣ ва дурнамои фаъолияти онҳо таҳия сохтанд. Тавре зикр гардид, таъсис ва фаъолияти шабакаҳои мустақили Тоҷикистон бинобар мушкилоти вобаста ба шаффоф набудани раванди иҷозатномадиҳӣ, мушкилоти пахш дар манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла, тӯли ду соли ахир ҳалли худро наёфтани қазияи ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон» бо пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, мақоми шабакаҳои мустақил дар ҷомеаи кунунӣ, мӯҳтаво ва сифати барномасозии онҳо, инчунин, номуайян боқӣ мондани сарнавишти телевизионҳои мустақил ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ боиси он мегардад, ки дастрасии мардум ба воситаҳои мустақил ва алтернативии ахбор душвортар мегардад.
Ширкаткунандагони ҷаласа аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки ҳукумати Тоҷикистон то кунун натавонистааст "қонуншиканӣ"-и пойгоҳи низомии Русияро дар қаламрави худ пешгирӣ кунад.
Тавре директори шабака З. Исмоилов баён дошт, дар ҳоле ки телевизиони Симои мустақилли Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия барои пахши барномаҳояш мавҷи 29-ро харидорӣ кардааст, аммо аз тирамоҳи соли 2009 рӯи ин мавҷ барномаҳои дигаре тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия пахш мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, пойгоҳи низомии Русия ҳаққи пахши барномаҳои худро дар ҳудуди берун аз пойгоҳи худ надорад.
Гуфта мешавад, пойгоҳи низомии Русия фиристандаҳоеро дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб насб карда, ба василаи онҳо барномаҳои телевизиони "ОРТ"-и Русияро рӯйи мавҷи барномаҳои СМТ пахш мекунад.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки дар ин қазия мақомоте, ки мавҷи нодурустеро ба СМТ фурӯхтаанд, гунаҳгоранд, вале мақомот мегӯянд, ки ин мавҷ замоне ки расман холӣ маҳсуб мешуд, дар ихтиёри телевизиони СМТ қарор дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли профессор Иброҳим Усмонов, бар ин назар аст, ки калиди ҳалли ин қазия дар дасти ҳукумат аст ва бояд аз ҳукумат талаб карда шавад, на аз пойгоҳи низомӣ.
Дар ҳамин ҳол, директори СМТ Зиннатулло Исмоилов мӯътақид аст, ки дар қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи пойгоҳи низомӣ омадааст, ки танҳо дар сурати дастрас набудани каналҳои русӣ тавассути моҳвора, пойгоҳи низомӣ метавонад фиристандае барои худ насб кунад, аммо чунин иҷозаро пойгоҳи низомӣ нагирифтааст.
Ширкаткунандагон дар охири конфаронс ба қароре маданд, ки ниҳоди масъул барои ҳалли ин мавзӯъ қабл аз ҳама Хадамоти давлатии алоқа ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ҳастанд, ки танзими фаъолияти ҳамаи радио ва телевизионҳо дар кишварро бар ӯҳда гирифтаанд. Дар ниҳоят, тасмим бар ин шуд, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ бори дигар бо ирсоли номае ҳалли ин қазияро аз ин ниҳодҳо тақозо кунанд.
«Чархи гардун»


Комментарий №1    Написал: Wai    7 августа 2012 05:26    Цитировать
That's not just logic. That's really senslibe.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"