Чархи Гардун
31.01.2013 09:13

СКЕЛЕТИ ДИНОЗАВР ДАР ДУШАНБЕ?

Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душан¬бе имрӯзҳо қисме аз хонаҳои истиқоматии кӯчаи Телмани ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯчонида мешаванд. Рӯзи 28 январи соли 2013 ҳангоми ҷамъу гир кардани ҷиҳози хона ва тахтаву чӯбҳои бино аз зери замини фарши манзили Қурбонбек Холов (кӯчаи Телман-42) склети ҷонвари мӯҳрадори монанд ба динозавр пайдо гардид. Ҳамон бегоҳ аз ҷониби директори телевизиони «Пойтахт» Абдуқодир Талбаков ин лаҳзаҳо нишон дода шуда, мавсуф онро динозавр номид ва аз таърихшиносон, зоологҳо, палеонтологҳо ва ғайра хоҳиш намуд,ки ақидаашонро оиди ин рӯйдоди нодир иброз доранд.
Рӯзи 29 январи соли равон хабарнигори «Чархи гардун» аз пайи таҳқиқи ин мавзӯъ шуд ва соати 9:30 то 10:00 дар манзили Қурбонбек Холов буд ва ин лаҳзаҳоеро, ки мебинед, ба дастгоҳи суратгирӣ сабт намуд. Дар манзили Қ. Холов тамошоби¬нони зиёди ватаниву хориҷӣ ҷамъ омадаву ин бозёфтро тамошо мекарданд. Соҳибхона бозёфташро динозавр бо ду бачааш арзёбӣ менамуд.
Баъди сурат гирифтан онро бо мақсади ин ки «оё воқеан ҳам ин склети динозавр аст ё не» ба Институти таърих, мардумшиносӣ ва археологӣ рафтам, ки дар ин ҷо Шӯрои илмӣ ҷараён дошт. Ҳангоми танаффус аз дирекори Институт Академик Раҳим Ма¬сов ҳоҳиш наудам, то ҳамроҳи олимон ба ин масъала равшанӣ андозад. Ӯ аз мудири шӯъба палеонтоллог Филимонова Татяна Германовна ҳоҳиш намуд, ки ба саволҳои журналист равшанӣ андозад. Т. Г. Филимо¬нова бо камҳавсалагӣ гуфт, ки ба ҷои воқеа нарафтаасту рафтан ҳам намехоҳад ва сар¬дакак ба сурат нигариста, динозавр будани ин скелетро рад намуд. Вале дар сӯҳбат яке аз геологҳои машҳури мамлакат Муродулло Ҷанобилов гуфтанд, ки ин лаҳзаи намоиши телевизи¬ониро тамошо кардаанд ва афзуд, ки онро хато дар эфир динозавр номидаанд. Зеро динозаврҳо 160-170 миллион сол пеш буданд, дарозиашон 45 метр ва вазнашон то 50 тонна буд. Дар Тоҷикистон 18 сол пеш дар минтақаи Варзоб скелети динозавр ва дар ноҳияи Айнӣ пайи пои ди¬нозавр кашф шудааст. Аз сабаби набудани маблағ ва мутахассис скелети пайдогардидаи динозавр дар Варзоб несту нобуд гардид. Олими мавсуф ин скелетро динозавр наномид, вале дар мав¬риди ба кадом ҳайвони муҳрадор вобастагӣ доштани он низ хулосаи иҷмолӣ бароварданро салоҳ на¬донист.
Аҷиб, дар осорхонаҳои бузур¬ги шаҳрҳои Маскав, Вашингтон ва ғайра скелетҳои динозаврҳои бузургҷуссаро эҳтиёткорона му¬носибат менамоянду нигоҳ медоранд. Дар Тоҷикистон бошад, ба осори ёфт¬шуда бесалоҳиятиву бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Агар чунин нест, пас чаро 18 сол қабл скелети динозаври дар Варзоб ёфтшуда аз хунукназарӣ нобуд гардиду дар Айнӣ пайи пойи динозавр тадқиқ нашуда боқӣ монд.
Дуруст аст, ки ске¬лети ёфтшуда шаклан (он ҳамагӣ 25 см. даро¬зи дорад) ба динозавр монандӣ дораду ха¬лос. Вале ку олимони тоҷик, ки воқеиятро таҳқиқ намуда, мар¬думро аз банди ҳангома раҳонанд?
P.S.Дар ҳамин ҳол, мо аз ягона мутахасисси плантеологи тоҷик Фирдавс Холиқович Ҳакимов хоҳиш намудем, ки дар бораи ба кадои ҳайвони муҳрадор вобаста будани онро андешааш¬ро иброз намояд. Шумораи ояндаи «Чархи гардун» - ро интизор бошед.
Кароматуллоҳи Аҳмад


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"