Чархи Гардун
28.02.2013 09:48

Назари Худованд, бозии лотерея ё дуои модар?

Лањзаи таърихї: 5-уми феврали соли 2013, соати 7:00 сардухтури таваллудхонаи №3-и шањри Душанбе Светлана Гулмањмадоваро вазифадор карданд, ки рўйхати он занњоеро, ки санаи 5-уми феврал аз соати 7 то 8-и субњ таваллуд мекунанд, ба Вазорати тандурустї ва раёсати тандурустии шањр пешнињод намоянд. Сардухтур супоришро иљро кард. Ў намедонист, ки ин супориш ба чї хотир аст. Танњо соати 7-и бегоњ аз асли воќеа бохабар шуд: ба ў аз њукумати шањри Душанбе занг зада, хабар доданд, ки «Шарифова Майсара, ки дар таваллудхонаи шумо бистарї аст, фарзанди ў шањрванди њаштмиллионуми Тољикистон шуд»
-Дар ин соати муайяншуда 2 нафар зан дар таваллудхонаи мо фарзанд ба дунё оварданд ва њамин хел шуд, ки кўдаки Майсара Шарифова њаштмиллионум нафари кишвар интихоб гардид, - мегўяд Светлана Гулмамадова.
Чаро таваллудхонаи №3?
Воќеан чаро макони таваллуди тифли 8 миллионум мањза таваллудхонаи №3 интихоб шуд? Падари ин тифли накўпай Рањмоналї Рањмонов, ки зодаи дењаи Тўдаи ноњияи Њисор асту дар мањаллаи 112-и пойтахт дар хонаи як шиносаш зиндагї мекунад, соати 4-и субњи 5-уми феврал, њамсари интизори фарзандашро ба таваллудхонаи №3 оварда, ба дасти дояњо супурду худ дар гирду атроф интизорї кашид. Ин фарзанди аввалини онњо буд. Соати 7 ба ў хабар доданд, ки њамсараш духтар таваллуд кардааст. Пас аз он Рањмоналї осуда шуда, аз паи кораш рафт. Он лањзањо ў намедонист, ки ин тифл дар зиндагии онњо чї дигаргунињоро ворид месозад.
Бегоњии он рўз соати 6 Рањмоналї аз кор баргашт. Ба ў гуфтанд, ки ба њамсараш хўрок барад. Дар таваллудхона, ваќте хўрокро дода, ба ошёнаи 1-ум мефаромад, ба ў хабар доданд, ки тифли ў шањрванди 8-миллионуми љумњурї ба њисоб гирифта шудааст. Ва аз ў хоњиш намуданд, ки ба воситаи телевизион баромад карда, шодии худро аз шањрванди њаштмиллионум шудани тифлаш баён созад.
Дуои модар мустаљоб шуд
Рањмоналї Рањмонов соли 1994 ба ќисмњои сарњадбонии Русия ба хизмат рафт ва баъди адои сарбозї дар асоси шартнома хизматашро давом дод. Онњо дар нуќтањои даргир хизмат мекарданд. Сержант Рањмонов дар њифзи сарњад ба буѓумдард мубтало гардид, аммо хизматро тарк накард. Соли 2005 ўро ба нафаќа гуселониданд. Њамяроќонаш ба Русия рафта, он љо ба нафаќа баромаданд ва аз тарафи њукумати Русия соњиби хона гаштанд. Рањмоналї бо сабабњои оилавї аз паси њамяроќонаш рафта натавонист. Аммо ваќте модараш фањмид, ки Путин ба њамяроќони писараш хона додааст, дар њар намозаш дуо мекард, ки Президенти Тољикистон Рањмонов њам ба писари ў чун Путин хона дињад.
Ваќте бегоњи 5-уми феврал Рањмоналї ба њамсараш хўрок бурду аз воќеаи фарањбахш бохабар гардид, даме, ки кормандони телевизион хоњиш карданд, то ба духтараш номе монад, ў ба модараш занг зада, гуфт, ки дуояш мустаљоб шуд:
-Президент Эмомалї Рањмон ба оилаи Рањмоновњо хона ваъда додааст. Модар ба наберааш Сумайя ном гузошт. Сумайя аз аввалин занњо буд, ки ба дини мусулмонї гаравидааст. Сипас, барои ин кораш муќобилон ўро њалок карданд. Акнун аз паю ќадами неки Сумайя Рањмоналї соњиби хонаи 2 њуљрагї гардид.
Рањмоналї соли гузашта дар синни 37- солагї хонадор шуд. Арўсаш њамсояи писари аммааш буд. Рањмоналї њоло кори доимї надорад. Додараш устои таъмири мошинњост. Рањмоналї дар таъмир ба ў ёрї мерасонад.
Падари Рањмоналї Ќурбоналї Рањмонов тракторчї буду аз бемории диќќи нафас азоб мекашид ва њамин дард ўро барваќт ба гўр бурд. Рањмоналї њам касби падарашро хуб медонаду пас аз ба нафаќа баромадан 2 сол бо трактор кор кард, аммо саломатиаш набардошт.
Рањмоналї орзуњои зиёд дорад. Пеш аз њама мехоњад, ки духтарашро тарбияи хуб дињад. Калон ки шуд, роњи ояндаи зиндагиашро худаш интихоб мекунад.
Роњат сафеду бахтат кушода бод, Сумайя!
У Ширин


Комментарий №1    Написал: Takuma    27 апреля 2013 11:07    Цитировать
We definitely need more smart pepole like you around.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Октябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"