Чархи Гардун
28.03.2013 09:24

Деҳқонзани тоҷик чӣ мушкилот дорад?

28 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нахустин мулоқоти миллии занҳои кишвар таҳти унвони «Нақши зан дар ислоҳоти аграрӣ» баргузор хоҳад гашт. Ин мулоқот бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии CAMP Кӯҳистон ва ташкилоти Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта он ба мавзӯъи баробарии гендерӣ дар марҳилаи ислоҳоти аграрӣ бахшида шуда аст. Беш аз 100 нафар бонувон – намояндагони сохторҳои давлатӣ, коршиносони миллӣ, намояндагони хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ, ассотсиатсияҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, кооперативҳо бо ҳам сари мизи гирд ҷамъ омада мубодилаи собиқаву ибрози назар хоҳанд намуд.
Дар арафаи баргузории ин мулоқоти нахустини миллӣ мо низ тасмим гирифтем ба масъалаи ислоҳоти аграрӣ дар кишвар ва мушкилоти занҳое, ки имрӯз дар ин соҳа заҳмат мекашанд, рӯ биёрем.
Замин ва заҳмати беқадри зан?
Пӯшида нест, ки қувваи асосии кори мамлакат айни замон рӯ ба муҳоҷирати корӣ намуда берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд. Мутобиқи омори имрӯза беш аз 1,2 миллион нафар, ки аксаран мардҳоянд, дар муҳоҷирати корӣ дар Федератсияи Русия қарор доранд. Дар соҳаи кишоварзии мамлакат бошад наздики 550 ҳазор нафар машғул ба коранд ва ҳамагӣ 2% маҳсулоти дохилиро истеҳсол менамоянд. Некӯаҳволии 70% аҳолии кишвар аз соҳаи кишоварзии мамлакат вобаста аст ва бо сабаби афзоиш ёфтани берун аз кишвар рафтани қувваи асосии корӣ, бори сангини зиндагӣ бар дӯши занҳо ва пиронсолон афтодааст. Аз ин лиҳоз, аксари мушкилоти соҳаи аграрии ҷумҳуриро ҳоло занҳо новобаста аз он, ки дар аксари ҳолатҳо онҳо аз ҳуқуқу имкониятҳое, ки мардҳо дар ин роҳ доранд, бархӯрдор нестанд, бар дӯши худ гирифтаанд. Масъалан, ба занҳо назар ба мардҳо камтар қитъаи замин ҷудо гашта маошу имконият, имтиёз ва дастрасии занҳо ба дигар маъхазҳои молиявӣ низ аз мардҳо фарқ мекунад. Ҳамчунин, нақши анъанавии зан дар ҷомеа барои доштани имконоти лозима дар баробари мард низ барои пештрафти зан монеа эҷод намуда дастрасии занро ба замин ва бозори замин коҳиш медиҳад. Дар навбати худ бошад мувафақияти ислоҳоти аграрии кишвар аз ширкати зан ва потенсиали ӯ вобаста аст.
Боз як нуктаи дигарро бояд таъкид дошт, ки татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи аграрӣ бояд ба қисмати зиёди аҳолии мамлакат фоида биёрад. Аммо татбиқи баъзе аз элементҳои ин ислоҳот, ба мисли ислоҳоти замин ва ислоҳоти хоҷагиҳои фермерӣ (деҳконӣ) метавонад таъсири манфии хешро ба гурӯҳҳои муайаншудаи аҳолии Тоҷикистон, алалхусус қишри камбизоати мамлакат, расонад.
Собиқаю малакаи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари мутараққӣ нишон медиҳад, ки занҳо бештар имкони рушд ва ташаббускорӣ доранд ва беҳтар аз мардҳо идеяҳои худро амалӣ месозанд. Барои ҳамин лозим аст, ки таваҷҷӯҳ ба занҳо дар ин ҷода бояд афзун гардида баҳри зиёдтар огоҳӣ ёфтани онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлат, аз ислоҳоти соҳа, қонунгузорӣ ва дигар дастурамалҳо кор пеш бурд. Зеро қонунгузории кишвар барои фаъолияти занон дар мамлакат имкониятҳои хубро фароҳам овардааст ва барои истифода аз чунин шароит дар байни занҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро бештар гузаронидан воҷиб аст.
Зани деҳқон ва мушкилоти ӯ
Чуноне ки Мукаррама Эгамназарова, раиси Маркази дастгирии ҳуқуқии «Занони деҳот» иброз медорад, амалиёбии Барномаи ислоҳоти кишоварзии ҶТ барои солҳои 2012-2020 барои хамаи онҳое, ки ба замин сару кор доранд хеле бомаврид аст. Ин ислоҳоти гузаронида шуда дар соҳаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ( фермерӣ) озодии интихоби ҳама намуди зироати кишоварзӣ , гузариш ба тарзи нави хоҷагидорӣ тақвият дода иқтидори ин соҳаро хеле афзун гардонид. Акнун замин соҳибашро ёфт, деҳқон бо як дилпуррии хос метавонад аз тахти дил меҳнат намуда, аз сатҳи камбизоатӣ каме ҳам бошад барояд. Ҳаминро бояд кайд кард, ки дар пешравӣ ва амалӣ гардидани ислоҳоти аграрӣ дар ҶТ саҳми занҳо хеле зиёд хаст. Қариб 75 фисади қувваи кориро дар саҳро занон ташкил менамоянд. Онҳо хеле қувваи бузург дар соҳаи кишоварзӣ мебошанд.
- Маркази Дастгирии Ҳуқуқии «Занони деҳот» соли 5 ум аст, ки бо Лоиҳаи ислоҳоти замин дар ҶТ фаъолияташро пеш бурда истодааст. Минтакаҳои кории Марказ чор ноҳияи вилояти Хатлон- Қубодиён, Ҷиликул, Қумсангир ва Ҷалолиддини Румӣ мебошад. Марказ фаъолияти хешро бо омӯзиш барои деҳқонон ва истифодабарандагони замин, машғулиятҳо, мизҳои мудаввар ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба занон пеш мебарад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки то имрӯз занҳои деҳот бо чунин проблемаҳо рӯ ба рӯ мешаванд: пурра дастрас набудани захираҳои замин ба занони деҳот, надонистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дар ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бад ба роҳ монда шудани муносибатҳои меҳнатӣ дар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, надоштани Шаҳодатномаи саҳми замин ва маълумоти кам доштан дар бораи саҳми замин, озод набудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, дастрас набудани маблағ барои занҳо- қарзҳо барои пеш бурдани фаъолият, надоштани Дафтарчахои меҳнатӣ, ҳаққи ками маблағ дар ҳолатҳои ба нафақа баромадан ва Варақаҳои корношоямӣ дар давраи беморӣ ва таввалуди фарзанд, иброз медорад Мукаррама Эгамбердиева.
- Проблемаи дигаре, ки мо дар боло онро номбар намудем, ин бад будани муносибатҳои меҳнатӣ дар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ аст. Чандин нафар занҳо ба мо мурочиат намуда, мегуфтанд, ки тӯли солҳои зиёд наметавонанд ҳаққи варақаи корношоямиашонро, ки ҳам хеле маблағи ночизро ташкил мекунад, бигиранд. Мисол, зане бо номи Зебогул аз ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Қумсангир ба мо гуфт, ки тӯли солҳои зиёд дар хоҷагӣ фаъолият дорад, аммо дар ин муддат барои таваллуди ду нафар фарзанд танҳо 27 сомонӣ ҳаққи варақаи корношоямӣ гирифтаасту халос. Чандин нафарони дигар дар хусуси надоштани Дафтарчаи меҳнатӣ ва бо маблаги хеле кам ба нафака баромаданашон низ ба мо муроҷиат карданд, мегӯяд Мукарамма Эгамбердиева.
Кайбону Бобоева, раиси хоҷагии деҳқонии «Кайбону», пайвандгар ва ниҳолпарвари шинохтаи вилояти Хатлон, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд, ки мушкилоти асосии занони деҳоти маҳалли хешро дар набудан ва ё дастрасӣ надоштан ба техникаи кишоварзӣ медонад.
- Дар хоҷагии мо, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷой гирифта аст, наздики 25 занони деҳот саргарми коранд. Ягона мушкилие, ки имрӯз сади вусъати кор мегардад, ин на ҳама вақт дастрасӣ доштан ба техникаи кишоварзӣ, алалхусус, тракторҳо барои ҷуфт кардани замин, мебошад. Занҳои мо новобаста аз дигар мушкилот аз ӯҳдаи киштукор мебароянд ва ҳар яке муносиби қуввати хеш соҳиби замин аст. Соли гузашта барои занҳо тухми картошка тақсим карда будем, ҳама аз ӯҳдаи киштукори он баромад ва ҳосили хуб ҳам ба даст гирифтем. Имсол низ ният дорем картошка бикорем ва ман мутмаинам, ки занҳои деҳкони мо на танҳо бо сари баланд аз ӯҳдаи ҳосили нав низ мебароянд, балки ҳосилнокиро афзиш медиҳанд, то ин ки аз маҳсулоти ватании кишоварзӣ дастархони мардум ғанӣ гардад. Зани тоҷик метавонад аз ӯҳдаи тамоми кор барояд, агар имконият, шароит ва дастгирӣ дошта бошад, - таъкид медорад Кайбону Бобоева.

Ҷамила Ҳусейнова


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"