Чархи Гардун
30.05.2013 09:35

Сарчашмаи меҳру андеша

Нависандаи заҳматписанд, ки ба таҳқиқи бадеии зиндагиву дунёи пуртазоди инсонҳо сари кор мегирад, масъулияти хешро дар назди адабиёт ва суханварӣ дарк карда, пайваста мекӯшад, ҳунари худро такмил диҳад ва асарҳои дархӯри инсонҳо офарад ва аз навиштаҳояш бӯи дард ояд. Зеро сухани бедард ҳарчанд дар пероҳани зебои суханбофӣ пешниҳод шавад ҳам, ҳеҷ гоҳ ба дили хонандаи нозукбин роҳ намеёбад. Дар асарҳои чунин адибони масъулиятшиносу дардошно ҳатман садои қалби пурэҳсос, хислати мушоҳидакорӣ, нозукбинӣ, нигоҳи амиқ ба зиндагӣ, садоқату самимият бараъло акс меёбанд.
Равшани Махсумзод аз зумраи ҳамин гуна адибони адабиёти муосири тоҷик аст, ки инак, тӯли ду даҳсола хоксорона қалам мекашад ва бори вазнини суханофариро ба дӯш гирифта, мекӯшад ҳамеша сухани судманду ибратомӯз гӯяд. Банда аз пешниҳод шудани маҷмӯаи нави ҳикояву қиссаҳои ӯ таҳти унвони «Пули Сирот» барои дарёфти Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хеле хушҳол гаштам ва китоби мазкурро, ки аз даҳ ҳикоя, ду қисса ва андешаҳои муаллиф ба ҳам омадаанд, бори дигар ба чашми таҳқиқ хонда, ба тарзи тасвир, ҳусну латофат ва ширинии сухан, банду баст ва сохти муколамаҳо, истифодаи ибораҳои рехта, мақолу зарбулмасалҳо аҳамият дода, Равшани Махсумзодро, ки дастпарвари Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) асту аз мактаби мӯътабари эҷодӣ ва муҳити адабии саршор аз адабиёту санъати воло, ки ба ҷаҳониён бузургтарин адибону санъаткоронро додааст, ба қадри тавон дарси адабӣ, ҷустуҷӯи эҷодӣ, диди мушоҳидакор ва суханварӣ андӯхтааст, хеле нозукбин ёфтам. Аз ҳикояву қисса ва андешаҳои нависанда пеши назарам як манзараи ҷаззоби рӯзгори инсонҳоро, ки пур аз шебу фароз, гармию сардӣ, ихтилоф, бархӯрди ақидаву талошҳо баҳри камолоти маънавӣ, зафар ёфтани некӣ ба бадӣ ва ғайраҳо падид омаданд. Пас аз мутолиа ба хулоса омадам, ки нависанда Равшани Махсумзод ба афкори худ, ҳар ҳарфу андешае, ки менависад, дар назари хонанда ва аҳли ҷомеа, наслҳои гузаштаи адибон, устодон, зиёда аз ин, пеш аз ҳама дар назди виҷдони худ эҳсоси ҷавобгариву масъулият менамояд.
Ҳарчанд дар назари аввал одӣ менамояд, аслан, навиштан, рӯи коғази сафед овардани ин ё он саргузашту рӯйдоди зиндагӣ кори саҳл нест ва он аз нависанда дарёфт ва дарки амиқи заминаҳои иҷтимоии онро тақозо менамояд. Дар ҳар ҳикояву қиссаҳои Равшани Махсумзод зуҳуроти иҷтимоии некиву бадӣ, қадршиносиву носипосӣ, садоқату хиёнат, вафову бевафоӣ, самимияту бадхӯӣ, ишқу фаҳш, эҳтирому шинохти некии инсон ва подоши он, қадри одам, пайванди наслҳову муқаддасоти оиладорӣ моҳирона ба тасвир меоянд ва мо бидуни муҳобот садои дили ҳассосу дардошнои муаллифро мешунавем. Нависанда ба зуҳур омадани гуна-гуна хислатҳои неку бади инсониро алалхусус дар симои пирони рӯзгордида, ки дар тӯли умри дарози хеш аз пастию баландӣ ва сардию гармии ҳаёт гузашта, дар шоҳроҳи он ба одамони хӯю хислаташон мухталиф рӯбарӯ омадаанд ва сабақи зиндагӣ бардоштаанд, нишон додааст. Барои мисол, метавон рӯзгори сабақомӯзи инсони рӯзгордида Абдулло Хол ва келини бадфеъли ӯро аз ҳикояи «Атолафронт», мӯйсафеду кампираш («Дили зан»), Ёқуб Раҳмону Ҳоҷӣ Халил («Антогонизм»), Собит Адҳам («Шоҳид»), муаллим Баҳодуров ва Аббос («Қадри одам»), муйсафед ва ҳамсояи дузди ӯ («Ду некӣ») ва ғайраҳоро пеши назар овард. Нависанда бо офаридани ин образҳо ба хонанда ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ як бадӣ бе ҷазо намемонад ва некӣ ба ҳар азоб бошад ҳам, оқибати кор пирӯз мешавад.
Яке аз масъалаҳое, ки дар бисёр навиштаҳои Равшани Махсумзод каму беш ба тасвир меоянд, ба қадри зиндагӣ расидан ва баҳои умри инсон мебошад. Қаҳрамони ҳикояи «Бозгашт» сардухтур Сарвар Одил ва мудири хоҷагии беморхона, ва ҳамчунин баъзе ҳамдеҳагон, хабари ба деҳа овардани тобути ҳамдеҳаи шаҳрии худ Мафтун Шокири олимро шунида, домани ин андеша, яъне баҳои умри инсониро фарох паҳн мекунанд. Яке аз умри пурбаракати Мафтун Шокири донишманду хоксор ва ҳақталош қисса мекунаду дигаре аз бегонапарастию ҳангоми дар Донишгоҳи тиббӣ ба ҳайси муаллим кор карданаш нисбат ба ҳамдеҳагони донишҷӯй бепарво будани ӯ, ва хостгорони бародарашро, ки барои духтараш хостгорӣ рафта буданд, аз хонааш ноумед баргардонидани вай даҳони шикоят мекушоянд.
Сардухтур баъди ба хок супоридани муаллими худ Мафтун Шокир аз бефаҳмии баъзе ҳамдеҳагони пастфитрати хеш дарғазаб ба беморхона бармегардад ва дар долон ба кампири Назрӣ, ки чанд соли охир аз фишори баланди хун азият мекашид, дучор меояд. Кампир аз духтур дору мепурсаду дағалона ҷавоби рад мешунавад. Аммо вақте кампири ранҷида ҳини рафтан ин суханҳои пур аз меҳру омехта ба дарду ҳасратро ба забон меорад, дили Сарвар Одил аз қадрдонии вай нисбат ба устоди хеш равшан мешавад ва баъд ба дасти фаррош доруи кампирпурсидаро ба ӯ мерасонад. «Кампири Назрӣ аз ин муомилаи сарди сардухтур, ки рӯзҳои пешин ханда, аз лабонаш канда намешуд, моту мабҳут оҳиста аз ҷой хест ва:
- Беҳуда шуморо мунтазир шудам, гӯед. Э вой сарам! – гӯён даст ба сараш бурд ва лангон-лангон ҷониби баромадгоҳ рафт. – Кадом рӯзе мисли Мафтун Шокир мемураму… бечора Мафтун! Одамизод ҳам бекора будааст. Аҷаб овози фораме дошт. Ҳангоми дарав агар суруд мехонд, садояш кӯҳу камари Саримаскро об мекард. Ана, рафт ба хонаи охираташ»…
Қиссаи «Пули Сирот» низ таҷассумгари мақоми инсон дар маҷрои зиндагӣ ва баҳои умри ӯст. Нависанда дар ин қисса тибқи мақоли «Ҳарчӣ коштӣ, оқибати кор ҳамон медаравӣ» амал намуда, дар симои Воҳиди нашъаманд гӯшзад менамояд, ки инсон дар оғоз ҳар амали худро бояд дар мизони ақл баркашида, сипас иқдом кунад, зеро номусу шараф ва боварӣ мисли шиша нозуканд, чун шикастанд, пайванд карданашон амрест муҳол. Инсон бояд руҳи баланд дошта бошад, ҳаргиз дар шоҳроҳи зиндагӣ ноумед нашавад ва бо вуҷуди душвориҳо шарафи инсонии худро зери по накашад. Одам бояд пайваста побанди ҷустуҷӯ бошад, афтад, хезад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ, сарфи назар аз мушкиливу дангдастиҳо, навмед нагардад, сабабҳои шикасту бохташро таҳлил кунад, аз ҳар комёбӣ хушнуд шавад ва онро баҳри парвози нав, фатҳи қуллаи баландтаре замина ҳисобад. Вагарна, раҳгум мезанад, дар чорсӯи умр ҳайрон мемонад.
Ба ин маънӣ, образи Воҳид дар қиссаи «Пули Сирот», ки унвони бағоят рамзист, мисоли равшан аст. Вай, Воҳид, баъди нагузаштан аз имтиҳонҳои мактаби олӣ, тифоқо ба як марди аксбардор, ки бар асари майпарастӣ ҳама чиз, аксар муқаддасоти зиндагиву оиларо бохтааст, шинос шуда, аз ӯ бисоти охиринаш – фотоаппаратро мехарад. Ва ба деҳа баргашта, ба шарофати пешаи суратгирӣ муҳаббат, обрӯ, пул меёбад, соҳиби хонаи обод мегардад, оиладор мешавад. Аммо тадриҷан аз худ қонеъ гашта, ба оянда бепарво менигарад, ба айшу нӯш дода мешаваду оқибати кор раҳгум мезанад, аз маърака, таваҷҷӯҳ, меҳру муҳаббати наздикон ва ҳамдеҳагон маҳрум мемонад, аз боварии эшон баромада, ба дарди бади нашъамандӣ мепечад. Ва ҳатто занашро ҳам ба оғӯши ин касофат тела медиҳад. Ниҳоят мефаҳмад, ки лоақал саги дайдуи кӯча ба ӯ, ки бемору маҷрӯҳ, таҳқирдида дар миёни партовгоҳи ифлос мехобид, нигоҳ намекунад. Нависанда, бо вуҷуди ин, дар лаҳзаҳои охирини ҳаёташ низ қаҳрамони хешро ба андеша водор мекунад, то ҳаёти хешро пеши назар биёрад, ки дар куҷо хато карду чаро ба ин ҳол афтод? Ин лаҳзаҳо дар қисса басо табиӣ, дилангез ва ибратомӯз тасвир ёфтаанд. Воқеан, вазифаи адабиёти асил ин ба андеша водор кардани хонанда, умуман, насли одамизод аст.
Аз ин рӯ, метавон эътироф кард, ки миёни қиссаҳои солҳои охир падидомада ва интишорёфта қиссаи «Пули Сирот» аз ҷумлаи беҳтаринҳост ва бозёфти хуби нависанда Равшани Махсумзод аст.
Қиссаи «Ду муҳоҷир» низ хонданбоб аст. Тундбоди ҷанги шаҳрвандӣ ва айёми пурталотуму тазоди солҳои навадуми қарни гузашта ва тақозои тақдир ду ҷавонмард - Латифи Фозил ва Носирро ба шаҳри зебою таърихии соҳили Нева, ба кӯи ғурбату мардикорӣ мебарад. Тасодуфан онҳо дар лаби кӯл, ки Носир вазифаи танзимгари истифодаи қаиқҳоро иҷро мекарду дигаре ба хотири беҳдошти саломатии духтарчаи бемораш қариб ҳар рӯз ба соҳили ҳавояш нарму шифоангези кӯл меояд, аввал шинос ва баъд ошно мешаванд. Хонанда пас аз воқиф гаштан аз рӯзгори Носир, ки дар сарзамини Афғонистон ҷангидаасту ба васияти дӯсти ҳамяроқу ҳамнабардаш Ҳабиб содиқ монда, ба ҳамсари ӯ ҳамхона мешавад ва аз бисёр монеаҳои сангин, ки пайвандон барояш аз тангназарӣ эҷод кардаанд, ба сари баланд мегузарад, меҳр мебандад, ӯро дӯст медорад. Қудрати адабии асар ва истеъдоди Равшани Махсумзод, аз ҷумла, дар ҳамин зоҳир мешавад.
Забони ҳикояву қиссаҳои Равшани Махсумзод назокати хос доранд, ҳар ифодаву ибораҳояш рӯшану аниқ, суфтаву равон, серобурангу дилрас ва басо хушсадоянд. Дар тасвири манзара, бунёди муколама ё андешарониҳои психологии қаҳрамон, ки гоҳо ба «ман»-и нависанда бамаврид омезиш меёбанд, он вазъи рӯҳонии қаҳрамон, шодиву нишот, ғаму дард, мавқеи инсониву шаҳрвандӣ ва дунёи ботини онҳоро таҷассумгар аст. Бояд иқрор шуд, ки на ҳар адиб ба ин муяссар мешавад, зеро кор ба забон мушкилтарин рукни эҷод аст. Ҳар хонандаи нозукбин ҳангоми хондани ҳикояҳои «Дили зан», «Атолафронт», «Бозгашт», «Интиқом», «Қадри одам», «Ду некӣ» ба мулоҳизаҳои зикршуда бовар ҳосил мекунад.
Дар қисмати сеюми китоб, ки «Андешаҳо» ном дорад, муаллиф ба ҳисси баланди қадршиносӣ аз ҳунар ва заҳмати беминнати адибону санъаткорони фарзона, ки дар рушди фарҳангу адабиёти мо ҳиссаи бориз гузоштаанд, аз қабили рассоми машҳур Ашӯр Ҳайдар, адибони чирадаст Пӯлод Толис, Абдулҳамид Самадов, Расул Ҳодизода, Муаззама Аҳмадова ва амсоли инҳо андешаронӣ мекунад. Ҳамчунин, нависанда дар ин қисмат баъзе мушкилоти ҷомеаи мо, аз ҷумла, норасоиҳои соҳаи маориф, беқадрии муаллим ва ба таври бояду шояд қадр нагаштани меҳнати сангини ӯ, коста шудани маънавиёт, алалхусус одоби ҷавонон, аз китобхонӣ дур мондани ҳамзамонон ва ғайраҳоро ба қалам додааст. Воқеан ҳам, андешаҳои Равшани Махсумзод инъикосгари дили ҳассосу масъулияти баланд ва мавқеи шаҳрвандии ӯ нисбат ба заҳмати ҷонфидоёнаи инсонҳои озода эҳтиром гузоштан аст, ки бо офаридаҳои хеш ба рушди фарҳанги миллат саҳми беандоза доранд. Мо ҳамагон хуб медонем ва бояд дарк кунем, ки то ба гузаштагон арҷ нагузорему меҳнати ҳамзамонони худро қадр накунем ва илму фарҳангро пайваста ривоҷ надиҳем, баҳри баланд бардоштани маънавиёти инсонҳо ранҷ накашем, дар ягон соҳа ба чизе ноил нахоҳем гашт.
Ба ақидаи инҷониб, адабиёт он гоҳ рушд мекунаду анъанаҳои адабӣ идома ёфта, ғанӣ мегарданд, ки ба ҳар асару бозёфти ин ё он адиб саривақту беғаразона баҳои арзанда дода шавад. Ин лаҳза беихтиёр як падидаи машҳур ба ёд мерасад: Фёдор Достоевскийи ҷавон, ки хизматчии қатории почта буд, ҷуръат карда, асари аввалинашро ба нависанда Д. Григорович медиҳад ва ӯ дастхатро пеши Николай Некрасов мебараду ҳарду то поси шаб онро хонда, соати чори саҳар Достоевскийро аз хоб бедор мекунанд, то шӯҳраташро муборакбод гӯянд. Мунаққиди маъруф В. Белинский мегӯяд: «Ба андеша оед, чун ин асар нахустин кӯшиши офаридани романи иҷтимоӣ аст…». Он асар «Одамони камбағал» ном гирифтааст.
Равшани Махсумзод як ин инсони шикастанафс, ки бо тавозӯъ, камоли масъулияти қаламкаш дар назди хонанда ва адабиёти ҳазорсолаамон рисолати адабии худро ба сомон меорад, марҳила ба марҳила пеш меравад, табиату истеъдоди фитрии худро бе валвалаву даъво такмил медиҳад. Ва китоби «Пули Сирот», ки далели ин гуфтаҳост, бешубҳа ба дарёфти ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сазовор аст.

Абдуғаффор Абдуҷабборов, нависанда, тарҷумон, узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Ноябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"