Чархи Гардун
27.06.2013 10:08

Тоҷикистон ошёни ваҳдат аст

16 сол пеш маҳз ба шарофати ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа давлати мо тавонист, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намояд.
Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро мо ҳамчун неъмати бебаҳо беш аз пеш дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
Ин рӯзи таърихӣ воқеан ба марҳалаи нави такомули давлати соҳибистиқлоламон оғоз бахшида, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.
Ва имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳамаи ободиву осудагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон меваҳои шаҳдбори истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошанд.
Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад.
Тавре ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад.
Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллати мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона ва аз таҳти дил дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем. Чунки:
Шукри ҳақ, шаҳбози дил дар ошёни Ваҳдат аст,
Тоҷикистон, то ҷаҳон боқист, ҷони Ваҳдат аст.
Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!
Далер Ҳасанов, котиби маҷлиси судии Суди н. Фирдавсӣ


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"