Чархи Гардун
25.11.2013 09:43

Масъулин кай масъулият эҳсос мекунанд?

-Як тараф ист!
-Ин ҷо гард!!
-Хап шин!
-Сағира, куҷо зур мезанӣ!
Ин лаҳза аз бозори серодами «Корвон» гирифта нашудааст. Ин дар рӯзи вуруди меҳмонон ба маросими савгандёдкунии Президент сабт гардид…
-Яке аз ӯҳдадории муқаддаси сокини пойтахт будан-саҳмгузорӣ дар қабули расму анъанаҳои давлатӣ-пазироии меҳмонони олирутба, ширкат дар тадбирҳои оммавии марбути ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Агар дар чунин тадбирҳо шаҳрвандро расман даъват карда бошанд - ин ӯҳдадорӣ масъулияти дучанд касб мекунад. Табиист, ки дар тадбирҳои расмӣ масъулини тартиботи ҷамъиятӣ - идораҳои қудратӣ муваззаф ҳастанд, ки меҳмононро хоҳ дохилӣ ва ё хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи муайяншуда пазироӣ ва гусел намоянд. Мутаассифона, 20 сол боз иддае аз мақомоти масъули тартибои ҷамъиятӣ ин таомул ва расмро ёд нагирифтанд.
Чанде пеш ба маросми савганёдкунии Президент даъват шудем. Дар ҳудуди наздик шудан ба кӯчаҳои протоколӣ мақомоти қудратӣ мардумро дар масофаи хеле дур нигоҳ дошта, ба ҷои мусоидат барои ворид шудан, баръакс мамониат мерасонданд. Албатта, тадбирҳои амниятӣ инро талаб мекунанд. Вале ба ҳама маълум аст, ки бе даъватномаи расмӣ ягон кас дар он вақту соат ба ҳудуди протоколӣ наздик намешавад.Пас, чаро идораҳои ҳифзи тартибот ба торҳои асаби даъватшудагон, меҳмонон чанг мезананд. Мо- ку ба ин бархӯрд одат кардаем, аммо меҳмонони маърака аз чунин дағалрафторӣ дар пазироӣ нороҳат мешаванд ва барои худ бардошти дигаре аз Тоҷикистон армуғон мебаранд.
Фарид Маздак


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"