Чархи Гардун
25.11.2013 09:44

Абдуқодирзода беасос ҳам сухан мегӯяд?

Дар Тоҷикистон зиёда аз 40 000 масҷид ва як масҷиди марказӣ вуҷуд дорад. Рӯзҳои ҷумъа ба масҷидҳои ҷомеъ ба ғайр аз намозгузорони ватанӣ инчунин бисёр шаҳрвандони хориҷӣ, махсусан кормандони воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронӣ ширкат меварзанд. Махсусан, дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе анбӯҳи намозгузорон беҳисоб мешавад. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар яке аз намозҳои ҷумъаи аввали моҳи октябри соли равон дар амри маъруфаш мегӯяд, ки айни замон 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 90 ҳазор тоҷикон дигар динҳо, аз ҷумла насрониро қабул кардаанд. Ин рақам дар тамоми расонаҳои интернетӣ ва чопӣ дастраси мардум гардид ва боиси баҳсҳо ҳам шуд, ки кӣ гунаҳкор аст, то тоҷикон исломро тарк намуда, ба дигар динҳо пайвастаанд. Мо хаттиву даҳонӣ борҳо аз Раёсати Шӯрои уламо пурсидем, ки чанд нафар намояндаҳои динҳои дигар дар Тоҷикистон исломро пазируфтаанд ва баръакс. Мутаассифона, аз миён қариб 2 моҳ гузашт, ёвари Раиси шӯрои уламо бо номи Маъруф ба саволи гузоштаи мо ҷавоб наёфт.
Ниҳоят, рӯзи ҷумъаи 15 ноябри соли равон баъд аз адои намози ҷумъа хабарнигори «Чархи гардун» аз Саидмукаррам Абдуқодирзода пурсид, ки рақами 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба дигар динҳо пайвастанро аз куҷо гирифтааст ва дар ҳамин давра чанд нафар намояндаҳои дигар динҳо исломро пазируфтанд? Домулло Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфтанд, ки 150 ҳазорро бадоҳатан ба забон овардаанд ва он асос надорад. Инчунин мавсуф гуфтанд, ки миқдори аз намояндагони дигар динҳо ба ислом рӯй оварданро низ намедонанд.
Пас, чунин андешаҳои муғлақ ва баҳсбарангез ба кадом хотир аст?
Имомхатибон, ки ба мардуми зиёд сарукор доранд, бояд донанд, ки сухани дар минбар гуфтаи онҳо сухани расмӣ ба ҳисоб меравад. Хангоми амри маъруф дар гуфтани сухан ва махсусан рақам, эҳтиёт бояд кард. Ба ин маънӣ, сухан созанда бошад, на сӯзанда.
К. Аҳмад


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июнь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"