Чархи Гардун
25.11.2013 09:45

АБДУҶАББОР ШИРИНОВ: БА СОЛИ 2014 ХУШБИН БОЯД БУД

13 ноябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ба вакилони МН МО ҶТ дар мавриди Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ва ҳисоботи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Точикистон дар нӯҳ моҳи соли 2013 гузориш дод. Баъди шунидани ҳисобот хабарнигори «Чархи гардун» Кароматуллоҳи Аҳмад бо А. Ширинов мусоҳибае анҷом дод, ки мӯҳтавои он манзури хонандагон мегардад.
- Кадом омилҳо мавҷуданд, ки сол аз сол дар мамлакати мо нархҳо боло мераванд ва таҳлилгарон инро аз беқурбшавии пули миллӣ вобаста медонанд. Пешбинӣ барои соли оянда чӣ гуна аст?
- Хушбин бояд буд. Мӯҳтавои саволи Шуморо бо забони бонкӣ таваррум гӯянд, ки маънояш беқурбшавии пул аст. Бо вуҷуди фишорҳои иқтисодию молиявӣ таваррум дар соли 2014 7,5 фоиз пешбинӣ шудааст—Вале барои нигоҳ доштани мӯътадилии ҳачми пул Бонки миллӣ чӣ чораҳоро анҷом медиҳад?
-Афзоиши миёнасолии пулҳои захиравӣ соли 2014 то 16,0 фоиз ва афзоиши нишондиҳандаи васеи ҳачми пул то 14,0 фоиз пешбинӣ мешавад.
-Чаро мо бештар ба маблағҳои хориҷӣ ниёз дорему воридот аз содирот зиёд аст?
-Дар замони муосир бе ҳамбастагӣ бо давлатҳои дуру наздик кор кардан ғайриимкон аст. Дар 9 моҳи соли 2013 ҳаҷми гардиши савдои хоричӣ 3,8 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 4,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин натичаи сулҳу оромӣ ва боварии сармоядорони хоричӣ ба Тоҷикистон мебошад. Ҳаҷми содирот ба 880,1 миллион доллари амрикоӣ расид ва ҳаҷми воридот ба 2,9 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд. Таносуби воридот нисбат ба содирот 3.3 маротибаро ташкил мекунад.
-Ҳоло пойдории қурби пули миллӣ дар кадом сатҳ аст?
-Дар давоми 9 моҳи соли 2013 қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА тамоюли пасти тағйирёбӣ дошта, ҳамагӣ 0,1 фоиз паст рафтааст. Яъне агар дар аввали сол қимати 1 доллари ИМА 4.7639 сомонӣ бошад, пас дар интиҳои сол 4.7685 сомониро ташкил намуд.
- Барои устувории низоми бонкӣ чӣ чораҳо пеш гирифта шудааст?
-Ба ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ба маблағи 902.2 миллион сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4.2 миллион доллар қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо карда шуд.
-Ҳачми пулҳои зазиравии мо ба чӣ миқдор аст?
-То 30 сентябри соли 2013 4,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 19, 3 фоиз зиёд аст.
-Ҳоло мо чанд бонк ва чанд ташкилотҳои қарздиҳандаи расмӣ дорем?
- То ҳамин вақте ки сӯҳбат менамоем, дар Тоҷикистон 143 ташкилоти қарзӣ, аз чумла 16 бонк бо 321 шӯъба, 121 адад ташкилоти маблағгузории хурд бо 68 филиал ва як адад ташкилоти қарздиҳандаи ғайрибонкӣ фаъолият доранд.
-Дороии ташкилотҳои қарздиҳӣ чӣ қадар аст?
-12.3 миллиард сомонӣ.
-Пасандозҳо мардум чӣ?
-Ин нишондод ба таърихи 30 сентябри соли 2013 5.3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд аст.
-Вале чуноне маълум аст, қарздиҳӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт имрӯз гӯё ба ҳукми мӯд даромадааст.
-Ин талаботи муносибатҳои бозоргонӣ мебошад. Қарз мулкро рушд медихад. Дар 9 моҳи соли 2013 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 6.4 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин 37.1 фоиз зиёд мебошад.
- Ҳамаи қарзҳо ҳатман баргардон мешаванд?
-Бале , дар ҳамин давра 4.8 миллиард сомонӣ қарзҳо пардохт шудаанд. Қарзҳои додашуда дар давраи ҳисобот чунин аст: Ба соҳаи савдои хоричӣ 26.1 фоиз, ба соҳаи саноат 19,8 фоиз, матлубот 14.9 фоиз, кишоварзӣ 12.3 фоиз ва сохтмон 10.0 фоиз.
-Барои соҳибкорони хурду миёна қарзҳои хурд даркор аст. Дар ин самт вазъ чӣ гуна аст?
-Қарзҳои хурд ба ин самт 3.4 миллиардро ташкил дод, ки афзоиш нисбати соли гузашта 48,7 фоиз мебошад.
- Маош ва нафақа ва дигар хизматрасониҳои пулакӣ ба воситаи банкоматҳо сурат мегиранд ва вазъ дар ин самт чи гуна аст?
-Миқдори умумии кортҳои пластикӣ то 30 сентябри соли 2013 668 ҳазорро ташкил дод. Шумораи банкоматҳо ба 515 адад расидааст ва ин рақам дар соли 2014 боз ду баробар афзоиш хоҳад ёфт. Боз 942 адад нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд, савдо ва хизматрасонӣ дорем.
Хулоса, соли 2014 бо дар ҳама соҳаҳо ба натиҷаҳои баланд соҳиб шуда, сатҳи зиндагии мардумамонро баланд мебардорем.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"