Чархи Гардун
25.11.2013 09:48

Командаи нави президент ва курсиҳои кафшершуда

Ба истеъфо рафтагон бозмегарданд?
Тибқи қонунгузории кишвари мо пас аз шонздаҳуми ноябр, яъне баъди қасам ёд кардани Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон, ҳукумати мамлакат ба истеъфо рафт. Дар зеҳни бисёр касоне, ки муҳлати нави сарварии Раҳмонро марҳилаи рушду пешрафти Тоҷикистон дидан мехоҳанд, як савол чарх мезанад: Ба истеъфо рафтагонро боз сари мансаб мехонда бошад? Ҳарчанд синни аксари вузаро ва мансабдорони мӯҳтарами мо кайҳо сарҳади нафақаро убур карда бошад ҳам, онҳо аз курсии худ ҷунбидан намехоҳанд. Ё шояд қонуни булаҷаби аз мансаб рондани нафақагирон мисли дигар қоидаҳои нонавишатаи ба ашрофзодаҳои тоҷик хос, танҳо ба камбағалон дахл дошта бошад? Байни мардум дар ин хусус латифаи машҳуре ҳаст: Аз тоҷики наве, ки солҳои сол аз курсии вазирӣ поин намешуд, касе ранҷидаасту ӯро ҳушдор додан хоста гуфтааст: -Хайр раис беҳуда нагуфтаанд, ки чархи фалак гардон асту рӯзе навбати мо низ мерасад. Раисро пинакаш вайрон нашуда, посух додааст, ки додар, мо чархи фалакро кафшер кардаем ва дигар намегардад! Шояд ин бофтаи кадом инсони шӯхтаъбе бошад, аммо аз ҳақиқат дур нест. Барои ман аҷибаш он аст, ки кафшери чархофалакро президенти навинтихобшуда Эмомалӣ Раҳмон ин навбат ва билохира меканда бошад ё…?

Аз маршировка то тарси порахӯрӣ
Аз ҳама муҳимтарин сохтор соҳаи маорифи кишвар аст, ки беш аз ҳама ба табадуллоту навоварӣ ниёз дорад. Ин нуктаро борҳо таъкид кардаанд. Вазири вақти маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов бо фармонҳои булаҷаби худ мудом «меҳмони фахрӣ»-и расонаҳои хабарӣ буд. Зоҳирпарастӣ дар соҳаи маориф мероси ҳамин вазир аст, ки онро Нуриддин Саидов низ давом дода истодааст. Кор то ҷое расидааст, ки ҳозир аз муаллимон низ формаи ягона талаб мекунанд. Дар шароити Тоҷикистон ба кор бурдани тарзу усули таълимии баъзе давлатҳои Аврупо, аз он шаҳодат медиҳад, ки вазирони мо сатҳи зиндагии мардумро мисли худашон гумон мекунанд. Олимони моро зарур аст, ки қонуну қоидаи таълиму тадрисеро корбаст кунанд, ки ба сатҳи зиндагии тоҷикон, табиат ва хулқу атвори миллати мо ҷавобгӯ бошад. Омӯзгори имрӯз ғайри таълиму тарбияи насли наврас боз ташвишҳои зиёде дорад, ки оддӣ карда гӯем, ӯро аз кораш мемононанд. Аввалин қадам аз ҳама гуна ҳангомаҳои зиёдатӣ, аз қабили маршировкаю тафтишҳои ҳудаю беҳуда халос кардани муаллимон мебошад. Сохторҳои ҳуқуқӣ, ба қавли маъмул «коррупсия»-ро зарур аст, ки тарсондани муаллимони бечораро барои даҳ сомонию понздаҳ сомонӣ як сӯй гузошта, беҳтараш аз директорон ва муҳосибони мактабҳо пурсон шаванд, ки маблағи сарикасии аз тарафи ҳукумат ҷудошуда куҷо мешавад? Оё муаллими оддӣ аз он фоидае мебинад ё не?! Бисёриҳо вазири маорифи кунуниро чун марди ташкилотчӣ васф мекунанд, шояд илҳоми тозакориҳои ҷаноби Саидов баъди аз истеъфо баргаштанаш ба ҷӯш биёяд? Зеро бисёриҳо бар онанд, ки мӯҳлати ӯ ҳанӯз «буд» нашудааст ва ба курсияш бармегардад.

Аз хокории вазири фарҳанг то ошёни мадҳиясароён
Аз байни тамоми вазирони Тоҷикистон, шахсан ман нисбати вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ эҳтиромро қоилам, зеро дар аксар ҷамъомадҳои «хоксорона», ки вазирони дигар ташрифашонро «эб» намебинанд, ӯ бо як хоксории ба худ хос ширкат меварзаду муносибаташ низ бо мардум хеле олист. Дар давраи вазирии Асрорӣ муносибатҳо дар доираи фарҳангу ҳунар хеле рушд кард ва байни Тоҷикистону дигар мамолик низ равобити фарҳангӣ барқарор гашт. Телевизиони кишвар чеҳраи миллат ба шумор меравад ва Асадулло Раҳмонов чун ҷавони кордон аз командаи Раҳмон шояд дар ин вазифаи масъул боқӣ монад, вале бояд бигӯям, ки телевизиони мо рисолаташро ба таври бояду шояд иҷро намекунад. Агар гӯям, ки симои Тоҷикистон намоиши хуби ҳирфаие надорад, ки онро бо пазмонӣ интизор шавӣ, хато намекунам. Боре ба корманди як шабакаи телевизионӣ ин саволро додаму ӯ гуфт, ки барои ин маблағ лозим аст. Саволи беҷавоб ин куҷо шудани маблағи аз рекломҳои беҳисоб ба даст омадаи шабакаҳои ватанӣ мебошад… Бисёр мехостам, ки сарвари нави Кумитаи радио ва телевизиони кишвар ошёни булбулакони мадҳиясаро набудани ин ниҳоди муҳими давлатиро исбот намояд. Ва агар имконият бошад, тариқи озмун журналистони босаводу забондонро новобаста аз мавқеи географияшон ба кор фаро гиранд. Намоиши кӯчаҳою хиёбон ва боғу гулгаштҳоро дар телевизион кӣ «кашф» кардааст, намедонам, аммо ин ҳама ниқобест барои рӯйпӯшсозии танбалиҳои худашон. Ба ҷойи ин намоишҳои хубе таҳия намуда, ба бинанда пешниҳод намудан лозим аст…

Ҷавонони мо шоистаи корзор нестанд?
Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев 18 сол боз сарварии ин сохтори масъулро ба ӯҳда дорад ва аз касе пӯшида нест, ки дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар бисту ду соли соҳиби истиқлолият будан ҳаргиз «ҷавонони шоистаи корзор» хидмат накардаанд. Зеро онҳо соҳиб ва маблағ доранду барои паноҳ ёфтан аз хизматӣ ҳарбӣ ё ба донишгоҳ дохил мешаванд ё гурехта ба Россия мераванд. Аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардани ҷавононро ҳар кас ҳар хел шарҳ медиҳад. Баъзеҳо мегӯянд, ки сарбозон нони дуруст намеёбанд хӯранд, бархеи дигар аз ҷо доштани дедовшинаву маҳалгароиву зӯроварӣ дар байни сарбозон мегӯянд. Вазири дифоъ дар 18 соли сарварияш натавонист ақаллан мушкилоти «Облава»-ро ҳал кунад. Чун аз хизмати ватан сарпечӣ кардани ҷавононро мебинам, дар дил мегӯям, ки ҳама даст ба сина задану худро ватандӯст нишон додани вазирону кабирони мо ДУРӮҒ аст! Аммо касе намехоҳад сабаби ин амали нангинро, ки барои ҷавонони имрӯз айб ҳисоб намеравад, ҷиддӣ ҷустуҷӯ кунад? Магар вазире, ки дар 18 сол натавонист сафарбарии ҷавононро ба сафи артиши миллии кишвар ташкил кунад, масъулияти худро назди ВАТАН иҷрошуда медонад? Шояд вазири нав дар роҳи дифоъи кишвар навоварие дохил намояд? Дар бораи сохторҳои ҳуқуқии кишвар ҳаминро гуфтаниям, ки аксарият бар онанд, ки дилхоҳ кори ба милисаю суду додситон афтидаро бо додани маблағи муайян ҳал намудан мумкин аст. Ман албатта ба ин боварӣ надорам, зеро дар ин сохторҳо низ ҳастанд афроди банангу номус ва ҳақталош, аммо мошинҳои қимматбаҳои хориҷӣ, қасру кӯшку давлату боигарии аксари кормандони ин сохторҳои бонуфузро дида дудила мешавам. Охир, маоши онҳо низ баробари маоши як омӯзгор ё як рӯзноманигор аст, пас ин қадар шукӯҳу шаҳомат аз куҷо ва аз ҷайби кист?

Хешони азиз, дӯстони ширин….
Ду рӯз пас аз интихобот дар нақлиёт шоҳиди гуфтугӯи ду марди миёнсоле гаштам. Яке айнакии зиёинамо ва дигаре бо тоқию ҷома ва калӯшу маҳсияш шабеҳи деҳотиён буд. Зиёинамо дар бораи шаффофияти интихоботу маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар байни халқ гап мезаду деҳотинамо гӯё ӯро намешунида бошад, мегуфт:
-Гул Шералӣ намерава - қудои ҷанобай, Ҳукумов - хеш, Бег Зуҳур - қудо, Матлубхон Давлатов - писархола, Убайдуллоев - рафиқи кӯҳна… Ҳисоби ҳамсафарам тамом нашуда, ман аз нақлиёт фаромадам ва аз дил гузаронидам, ки аз мардум ягон гапро пинҳон карда намешавад. Шояд дар ҳукумати нав сафи хешони азизу дӯстони ширин кам мешаванду Президенти тозаинтихоби кишвар, ки дар як марҳилаи сарнавиштсоз ба сари ҳукумат омада буд ва мардум ба хотири сулҳофарию хоксорӣ ва инсондӯстияш ба ӯ меҳр доранд, командаи наверо аз ҳисоби ашхоси чашмикордон тартиб медиҳад? Ба ҳар ҳол, мо хушбинем ва ба ояндаи ватану миллати хеш нигоҳи саршор аз меҳру умедворӣ дорем.
Маҳваши Баҳодур


Аввалин қадам, аз маршировкаю тафтишҳои беҳуда халос кардани муаллимон мебошад. Сохторҳои ҳуқуқӣ, ба қавли маъмул «коррупсия»-ро зарур аст, ки тарсондани муаллимони бечораро барои даҳ - понздаҳ сомонӣ як сӯй гузошта, беҳтараш аз директорон ва муҳосибони мактабҳо пурсон шаванд, ки маблағи сарикасии аз тарафи ҳукумат ҷудошуда куҷо мешавад?
***

Бисёр мехостам, ки сарвари нави Кумитаи радио ва телевизиони кишвар ошёни булбулакони мадҳиясаро набудани ин ниҳоди муҳими давлатиро исбот намояд.
***

-Гул Шералӣ намерава - қудои ҷанобай, Ҳукумов - хеш, Бег Зуҳур - қудо, Матлубхон Давлатов - писархола, Убайдуллоев - рафиқи кӯҳна… Ҳисоби ҳамсафарам тамом нашуда, ман аз нақлиёт фаромадам ва аз дил гузаронидам, ки аз мардум ягон гапро пинҳон карда намешавад. Шояд дар ҳукумати нав сафи хешони азизу дӯстони ширин кам мешаванду
***

Аз касе пӯшида нест, ки дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар бисту ду соли соҳиби истиқлолият будан ҳаргиз «ҷавонони шоистаи корзор» хидмат накардаанд. Зеро онҳо соҳиб ва маблағ доранду барои паноҳ ёфтан аз хизматӣ ҳарбӣ ё ба донишгоҳ дохил мешаванд ё гурехта ба Россия мераванд.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...
Международные грузоперевозки: ...
Преимущества конструкторов сай ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"