Чархи Гардун
31.12.2013 09:43

Максим Шевченко: Тоҷикон бояд шарафи худро ҳимоя карда тавонанд!

Рӯзҳои 21-23 декабри соли ҷорӣ дар мавзеи Қарокӯли Ҷумҳурии Қирғизистон бо ибтикори ширкати JTI дар мавзӯи «Журналистикаи экстремалӣ» барои хабарнигорони кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон семинар баргузор гашт. Яке аз журналистони варзидаи телевизиони Шабакаи якуми Русия, узви Шӯрои байнимилалии назди Президенти ФР, арбоби ҷамъиятӣ Максим Шевченко тайи ду рӯз ба ҳайси коршинос баромад намуда, дар бораи нозукиҳои касби хеш ба журналистон нақл намуд. Аз фурсат истифода бурда, мухбири мо Ҷамила Ҳусейнова, ки ширкаткунандаи ин семинар буд, бо Максим Шевченко вохӯрд ва роҷеъ ба масъалаҳои муҳоҷирату робитаи байни халқиятҳо сӯҳбати хосае анҷом дод.

- Максим Леонардович, азбаски шумо ҳамеша ба тарафдории муҳоҷирони ғайрирус дар Русия дар баҳсҳои сатҳи болоӣ бармехезед, бинобар ҳамин ва мехостам назар ва мавқеи шахсиятонро роҷеъ ба сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Русия дар бобати муҳоҷират бифаҳмам.
- Ба фикри манн, имрӯз чанд Русия арзи вуҷуд дорад. Яке Русияи криминалӣ, ки пулу молу одамони аз дигар кишварҳо омадаро мерабояд ва бар ивази заҳмати беандоза пули ночиз медиҳад. Ман ин гуна Русияро қабул надорам ва барои ман ҳамчун як шаҳрванди рус дидани чунин Русия ғамангез аст.
Русияи дигар кишваре ҳаст, ки на ҳама вакт барои ҳифзи ҳуқуқи инсон мекӯшад. Ман дар назди президенти ФР чанд маротиба масъалаи ҳуқуқи муҳоҷиронро бардоштам, ки чаро муҳоҷир бояд боздошт шавад, вақте сабти қайд доштану надоштан, иҷозати кор доштану надоштанаш аз корфармояш вобаста аст? Барои муҳоҷире, ки баҳри кор меояд, омӯхтани забони русии илмӣ ва таърихи Русия чӣ лозим аст? Бигузор, пеш аз ҳама корфармо барои риоя накардани қонунгузории Русия ҷавоб диҳад, зеро маҳз ӯ гунаҳкори ба қонуншиканӣ роҳ додани муҳоҷир аст.
Масъалаи дигар он аст, ки муҳоҷирон бояд тариқи шартнома кор кунанд ва нусхаи шартномаи кории онҳо бояд дар сохторҳои лозима ба қайд гирифта шуда бошад, зеро коргар бояд тавассути шартнома маош бигирад, на он маоши ночизе, ки корфармо бо сад баҳона ба ӯ медиҳад.
Вале агар шаҳрванде мехоҳад шаҳрвандии Русия бигирад, пас дар ин ҳолат ӯ бояд каме аз фарҳангу таърихи рус, забону илм ва маориф огоҳ бошад, лоақал ҷуғрофия ва номҳои шаҳрҳои калонтарини Русияро бидонад.
Умуман, бо тоҷикон дар Русия проблема нест, онҳо як халқи меҳнаткаш ҳастанд ва барои ризқу рӯзии хеш софдилона заҳмат мекашанд. Тоҷикон халқи ороманд, намоз мехонанд, майпарастӣ ва занбозӣ намекунанд. Аксари тоҷиконеро, ки ман мешиносам, шахсони дорои маълумоти оливу касбӣ ҳастанд. Мушкилот танҳо бо он шаҳрвандони Тоҷикистон рух медиҳад, ки бо гурӯҳҳои ҷиноӣ алоқаманданд ва мутаассифона, маҳз чунин ашхос боиси паст шудани шаъну шарафи халқи тоҷик мегарданд.
Тавассути ҳафтаномаи шумо мехоҳам ба шаҳрвандони тоҷик муроҷиат намуда бигӯям, ки бародарони азиз, агар шуморо дар Русия фиреб додаанд, пулҳоятонро рабудаанд, маблағ ва маоши ночиз медиҳанд, шумо метавонед нотарсона ба суд муроҷиат кунед. Зеро шаъну шарафи хешро ба ҷуз худи шумо каси дигар наметавонад ҳифз намояд. Ҳукуматдорони воқеии рус тарафдори чунин раванд ҳастанд. Ман тарафдори сиёсати муҳочирати дарҳои кушодаи Русия ҳастам.

- Имрӯз дар матбуоти рус як раванди хосае ба зидди халқиятҳои ғайрирус тарҳрезӣ шудааст, ки ҳангоми интишори хабару мақолаҳо хабарнигорони рус бештар ба миллат ва халқияти шахс таваҷҷӯҳ менамоянд. Ба мисли «тоҷик фалон касро кушт», «қирғиз фалон миқдор пул дуздид» ё «озарӣ фалон ҷиноятро содир кард». Чаро чунин шудааст?
- Аксари матбуоти рус матбуоти либералӣ, яъне бетафовут аст. Онҳо барҳамхӯрии Федератсияи Русияро хоҳон буда тарафдори ба Иттиҳоди Аврупо шомил шудани Русия мебошанд. Чунин тоифа орзуи доштани сарҳади давлатӣ бо Осиёи Марказӣ буда мехоҳанд, ки байни кишварҳо раводид ҷорӣ бошад ва ҷараёни омадани мардум аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кам шавад. Либералҳо аз кишварҳои мусалмоннишин метарсанд, зеро ба ақидаи онҳо ислом онҳоро аз пайвастшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба фарсахҳо дур мекунад.

- Шумо сафарҳои зиёде ба кишварҳои исломӣ ба мисли Мисру Сурия, Афғонистону Эрон, Кувайту Фаластин доштед ва аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарони имрӯзаи ин кишварҳо хуб воқиф ҳастед. Мехостем назари шуморо дар бораи вазъияти кишвари ба мо ҳамсоя Афғонистон бифаҳмем, зеро мегӯянд, ки пас аз баромадани қӯшунҳои НАТО ҳукумати ин кишвар ба дасти Толибон хоҳад гузашт. Он гоҳ Тоҷикистонро, ки бештарини марзро бо Афғонистон дорад, чӣ интизор аст?
- Чӣ интизор аст? Хуб, ба назари ман пас аз рафтани қӯшунҳои НАТО Толибон Кобулро ба даст мегиранд. Толибон бо қумондонҳои саҳроии тоҷики Афғонистон, ки мавзеи Панҷшерро зери даст гирифтаанд, забон ёфта ҳукуматдорӣ мекунанд. Мақсади Толибон ҷанг ва ё ҳуҷум ба кишварҳои Осиёи Марказӣ нест, мақсади онҳо ба даст овардани ҳукумате, ки чанд сол пеш аз даст доданд, ҳамон аст, дигар ҳеҷ чиз. Назар ба тоҷикон Толибон марзро хуб назорат мекунанд ва агар мушоҳида карда бошед, соли гузашта Толибон то марзи Тоҷикистон омада буданд ва он замон трафики маводи мухаддир аз марз камтар шуда буд. Ҳукумат дар Афғонистон ба фоидаи Толибон иваз хоҳад шуд ва шояд Карзай бимонад, аммо дар нақши иҷрокунанда.

- Максим, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар як ҷодае қарор дорад, ки бояд дар оянда бо кӣ ва кадом кишвар ҳамқадам шуданашро интихоб кунад. Ба фикри шумо Тоҷикистон бояд бо кадом роҳ биравад ва кадом кишварро шарики асосии стратегии ояндаи худ интихоб намояд?
- Гардиш ба Эрону Чин ин гардиш ба як самт аст, зеро чиниҳо тавассути Тоҷикистон ба Эрон роҳи оҳан сохта истодаанд ва ҳарду кишвар ба Тоҷикистон манфиатҳои хоси худро доранд. Эрон шарики асосии Чин аст ва Чин аз они Эрон. Тоҷикистони орому муътадил ҳам ба Чин лозим аст ва ҳам ба Эрон. Тоҷикистон дорои уран – маъхази гаронбаҳои стратегии табиӣ мебошад ва ин аксари абарқудратҳоро ба ин кишвар ҷалб мекунад.
Тоҷикистон бояд бо кӣ бимонад? Ҳалли масъала дар он аст, ки Тоҷикистон ба кадом кишвар урани хешро содирот мекунад. Урани стратегӣ ва маъхазҳои инсонӣ барои Русия хеле муҳим аст ва ба ғайр аз ин ман дигар унсурҳои ҷалбкунандаро барои Русия дар Тоҷикистон намебинам. Тоҷикистон барои Русия аз ин лиҳоз хеле муҳим аст, вале Русия дар баробари ҷаҳду талоши Чину Эрон дар ин кишвар қариб, ки шанс надорад. Вале Чин низ ҷонибдори рушди равобити Тоҷикистон бо Русия аст, зеро мардуми тоҷик омадани шаҳрвандони русро хеле хуб қабул мекунанду омадани чиниҳо ба Тоҷикистон, ки тайи солҳои охир афзудааст, нигароникунанда аст. Пас аз ин худатон қазоват кунед.
- Ташаккур, барои суҳбати самимӣ.

Барои муҳоҷире, ки баҳри кор меояд, омӯхтани забони русии илмӣ ва таърихи Русия чӣ лозим аст? Бигузор, пеш аз ҳама корфармо барои риоя накардани қонунгузории Русия ҷавоб диҳад, зеро маҳз ӯ гунаҳкори ба қонуншиканӣ роҳ додани муҳоҷир аст.

Умуман, бо тоҷикон дар Русия проблема нест, онҳо як халқи меҳнаткаш ҳастанд ва барои ризқу рӯзии хеш софдилона заҳмат мекашанд. Тоҷикон халқи ороманд, намоз мехонанд, майпарастӣ ва занбозӣ намекунанд.

Аксари тоҷиконеро, ки ман мешиносам, шахсони дорои маълумоти оливу касбӣ ҳастанд. Мушкилот танҳо бо он шаҳрвандони Тоҷикистон рух медиҳад, ки бо гурӯҳҳои ҷиноӣ алоқаманданд ва мутаассифона, маҳз чунин ашхос боиси паст шудани шаъну шарафи халқи тоҷик мегарданд.


Тавассути ҳафтаномаи шумо мехоҳам ба шаҳрвандони тоҷик муроҷиат намуда бигӯям, ки бародарони азиз, агар шуморо дар Русия фиреб додаанд, пулҳоятонро рабудаанд, маблағ ва маоши ночиз медиҳанд, шумо метавонед нотарсона ба суд муроҷиат кунед. Зеро шаъну шарафи хешро ба ҷуз худи шумо каси дигар наметавонад ҳифз намояд.


Комментарий №1    Написал: Фатхиддин Махкамов    5 февраля 2014 00:42    Цитировать
Суханронии огои Максимро мутолиа намуда ба хулосае омадам, кидар кишвари Руссия чунин шахсони муътабар умр ба сар мебаранд ва дар назди мардум суханхои хакро иброз менамоянд.


Комментарий №2    Написал: Davlatali    7 апреля 2014 15:51    Цитировать
Суханхои рузноманигор чаноби Максим хело хам таъсиррасонанд, ва дар худ як курберо гуем хам хатто намекунем доранд. Чаноб дуруст кайд карданд, ки хатогихои мухочироне, ки дар шахри Русия кор мекунанд аз тарафи корфармоён ба анчом мерасанд. Ва дар инчо бояд кайд кард, ки пеш аз рафтан бояд мухочирон бо этика, фарханг ва маданияти ва албатта бо конунхои пешбиникардаи Русия ошно бошанд. Ин Барои баланд бардоштани га танхо шаъну шарафи точикони дар русия буда, боз барои точикони точикистони хам як шаъну шараф аст.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"