Чархи Гардун
24.02.2014 12:03

Алишер Қудратов аз Сочи медал меорад?

Алишер Қудратов, танҳо варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Сочи намояндагӣ мекунад, рӯзи 22 феврал вориди мусобиқа хоҳад шуд.
Алишер Қудратов дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки рӯзи 22-юми феврал барпо мегардад, вориди рақобат мешавад.
Тавре мураббии ӯ Ибодулло Қурбонов, раиси Ассотсиатсияи навъҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ додааст: “Алишер ба мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом, ки баъди якҳафта баргузор мешавад, омодагии хуб мебинад. Вай бо лавозимоти варзишии муосир, ба мисли лижа, каска, асоча ва дигар асбобҳои махсуси лижаронӣ таъмин буда, ҳамроҳ бо варзишгарони Эрону Австрия тамрин мекунад ва ҳеҷ мушкиле надорад. Ман бо Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва раҳбари тими олимпии мо, ба Алишер барои омодагиаш ба мусобиқоти олимпӣ ҳамаҷониба кӯмак мерасонем.»
Алишер Қудратов донишҷӯи курси 4 - уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳам ҳаст ва ба гуфтаи Қурбонов, раиси ин донишкада Шодихон Сафаров низ ба хотири орзуи комёбӣ бо шогирдаш ба Сочи рафтааст.
Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш - Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, машқ мекунад. Ӯ дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия ширкат варзида, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом иҷро кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 гардид.
Алишер Қудратов соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувери Канада ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат накардааст. Ӯ дар маросимҳои кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳам дар Ванкувер ва ҳам дар Сочи парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.
Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар дар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom дар ҷойи 15-ум қарор гирифта буд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан Андрей Дригин ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.
Дар Олимпиадаи Солт-Лейк-Сити Андрей дар як намуд - супергигант ширкат кард, вале, мутаассифона, ба марра нарасид. Дар Олимпиадаи Турин бошад, вай дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳои ба даст овардааш чунинанд: нишебии босуръат - 1:59,41, ҷойи 51-ум, супергигант – 1:37,85, ҷойи 51-ум, гигантслалом – ба марра нарасид.
Дар Олимпиадаи Ванкувер низ ӯ дар се намуд иштирок дошт, ки натиҷаҳо чунинанд: нишебии босуръат - 2:04,44, ҷойи 59-ум, супергигант – 1:38,03, ҷойи 44-ум, гигантслалом –2:55,29, ҷойи 57-ум.
Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ аз 7-уми феврал дар Сочии Русия оғоз гардида, то 23-юми феврал идома меёбанд.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"