Чархи Гардун
24.02.2014 12:04

Фармони вазир: Кӯдаконро робот мекунад, омӯзгоронро бе хонаву дар?

Фармони вазир: Кӯдаконро робот мекунад, омӯзгоронро бе хонаву дар?

Ҳафтаи гузашта вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саидов фармоне содир намуд, ки доираҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандии кишварро нигарон сохт. Тибқи ин фармони вазир, аз 10 феврал то 30 апрели соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат бояд рӯзҳои якшанбе низ таҳсил намоянд. Толибилмони синфҳои ибтидоии мактабҳои миёна бошад, рӯзи барояшон истироҳатии шанбе ба дарс хоҳанд омад. Ин фармон бо мақсади фарогирии хонандагон бо барномаҳои таълимӣ, ки бо сабаби сардиҳо тамдид шудани таътили зимистона аз рӯзи 3 то 10 феврал монда буд, маънидод мешавад.
Ин дастури вазири маориф ва илм, ки ба хотири ҷуброн намудани рӯзҳои фориғ аз таҳсил эълон шуда буд, боиси сар задани нофаҳмиҳову норозигиҳо дар байни мардум гашт. Ин мавзӯъ ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет низ ҳамчун мавзӯи пурбаҳстарин то ҳанӯз мечархад ва ба вокунишҳои шадид бархӯрд. Аз ин рӯ, мо низ тасмим гирифтем, дар ин бора андешаи чанд нафар шаҳрвандонро пурсон шавем.

Кӯдаку омӯзгор робот нестанд
Валентина Кондрашова, хабарнигори радиои «Азия плюс», ки ду фарзанди мактабхон дорад, дар ин бора чунин мегӯяд:
- Ман дар ин маврид танҳо як суол дорам: -Вақте ҳар каси нав ба мансаби ҷадид меояд, оё дар бораи вазифаҳои асосии хеш фикр мекунад ё танҳо намоиш медиҳад, ки кор карда истодааст? Замоне ки толибилмон аз рӯи системаи пешина 9 моҳ таҳсил мекарданду пас аз ҳар чоряк то 1 ҳафта дам мегирифтанд, дар муддати таътилҳои кӯтоҳ онҳо дарсҳову мавзӯъҳои хондаи хешро фаромӯш намекарданд. Аммо баъдан дастандаркорони ба истилоҳ, равшанфикр тасмим гирифтанд, ин таътилҳоро барҳам зада, бо сабаби сардии зимистон кӯдаконро ба муддати як моҳ аз мактаб фориғ намоянд. Лек таҷрибаи се соли охир нишон медиҳад, ки сардиҳо пас аз таътили зимистона оғоз шуда, дар тӯли як моҳ кӯдакон он чизе, ки хонданд, фаромӯш мекунанд. Дар замони гузашта низ рӯзҳои таътили хонандагон дар нӯҳ моҳ қариб ба 30 рӯз мерасид ва имрӯз низ ҳамин қадар аст, пас чӣ лозим, соли таҳсилиро то 7 июн дароз кардан? Барномаи таълимӣ ҳамон аст, рӯзҳои таътилӣ низ ҳамон ва боз акнун мехоҳанд кӯдакони мо мисли роботҳо бошанд – рӯзҳои якшанбе низ ба дарс раванд. Оё кӯдакони мо ба чунин реҷа тоб меоранд, касе дар ин бора фикр кардааст? Магар омӯзгорон инсон нестанд, хонаву дар надоранд? Бе рӯзи истироҳату ором кардани асабҳо онҳо чӣ гуна ба дарс меоянд? Аз рӯи Кодекси меҳнат барои кори аз меъёр зиёд, алалхусус рӯзҳои иду истироҳат онҳо бояд маблағи зиёдатӣ бигиранд, оё кори рӯзи якшанбеи муаллимон ҷуброн карда мешавад? Баъдан вақте кӯдак дар як ҳафта дар мактаб бо душворӣ чизеро ёд мегирад, дар як рӯзи иловагии якшанбе чӣ чизи нав ёд гирифта метавониста бошад?
Дар ҳамин робита, аксарияти омӯзгороне, ки мо бо эшон сӯҳбат доштем, низ аз ин тасмими сохтори болоии хеш изҳори норозӣ намуданд ва аз ном гирифтани рақами мактабҳояшон худдорӣ карданд. Омӯзгорон ҳам мегӯянд, ки дар як моҳи таътили зимистона новобаста аз истироҳати толибилмон онҳо кор карданд, акнун бошад, бар замми ин боз маҷбуранд рӯзҳои якшанбе низ ба кор бароянд ва касе дар фикри ҷуброн намудани як рӯзи иловагии корӣ нест.

Ҳуқуқи кӯдакон поймол мешавад!
Дар пайи ин фармони вазири маориф ва илм ҳуқуқшиносони кишвар мегӯянд, ки ин супориш се ҳолати ҳуқуқи инсонро поймол кардааст.
Чуноне ки Тоҷиддин Ҷалолов, мудири иҷрояии «Маркази ҳуқуқи кӯдакон» иброз медорад, Қонуни асосии Тоҷикистон дар моддаи 37 барои ҳар шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳатро муқаррар кардааст. Инчунин, кишвари мо дар соли 1993 Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдаконро ба тасвиб расондааст, ки дар моддаи 31-уми он низ ҳуқуқи кӯдак ба истироҳат таъкид шудааст. Таҳсили бе танаффус барои кӯдакону наврасон мушкил пеш хоҳад овард, зеро онҳо мунтазам ба истироҳат ниёз доранд, то нерӯяшонро барои идомаи таҳсил барқарор созанд. Ба ғайр аз ин, ин дастур мухолифи моддаи 60-и Кодекси меҳнат мебошад, ки барои муаллимон рӯзҳои истироҳатро муқаррар намудааст.

Хонем ё нахонем?
Пас аз вокуниши шадиди ин дастури вазири маориф ва илми кишвар дар матбуот, котиби матбуотии вазорати маорифи мамлакаи Маҳмудхон Шоев дар пайи изҳори як баёния таъкид намуд, ки Вазорати маориф хоҳони бе танаффус таҳсил кардани толибилмони кишвар нест.
Дар баёнияи Вазорати маориф ва илми ҶТ омадааст, ки мувофиқи фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.02.2014 № 190 соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардида дарси иловагӣ бояд дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2014 гузаронида шаванд. Фармони мазкур мӯҳлати ниҳоии иҷрои ин дастурро моҳи апрел муайан накардааст, балки дар он таъкид шудааст, ки соатҳои дарсии иҷронашуда бояд дар нимсолаи дуюм ҷуброн карда шаванд.
Мину Аминзода


Комментарий №1    Написал: Подабон    2 марта 2014 11:29    Цитировать
Ма намедонум хами мардак масхарабозай е беакли худозадаяй. Ма намедонум читари хами бесавод вазир шидай. Ага сарт да чош боша хами маршировкаю хар як бетамизира як тараф мону ба сифати маълумот ахамият те.


Комментарий №2    Написал: Абдуллох,    3 марта 2014 06:14    Цитировать
агар данFараги мебудед Шумо низ сарвазир мешудед!!! ин одам аз кух,истон барои намак фаромада буд,уро к,апиданшу вазир монд ч,аноби оли!!!!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Сентябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"