Чархи Гардун
24.02.2014 12:05

САРТАРОШ САРДОРИ МАҲБАСРО ҲАМ БА ҚАТЛ РАСОНД

Умар Қаюмов, сардори маҳбаси Кӯлоб аз ҷониби яке аз маҳбусони ин муассисаи ислоҳӣ кушта шудааст.
Сартароше, ки шаш моҳ пеш барои ҳамла ва куштори яке аз мизоҷон дар сартарошонаи шахсияш ба 17 соли зиндон маҳкум шуда буд, вақте мӯйи сари сардори муассисаро кӯтоҳ мекард, ба ӯ ҳамла карда, бо қайчӣ ба сару гардани Умар Қаюмов задааст.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, 16-уми феврал соатҳои 15:40 дақиқа маҳкумшуда Умед Тешаев, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Кӯлоб, дар утоқи кории сардори муассиса ҳангоми паст кардани мӯйи сар бо қайчии дар дасташ буда, як маротиба дар қисми сар ва 16 маротибаи дигар дар бадани сардори муассисаи ЯТ 9/4 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Қаюмов Умар, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи Восеъ задааст.
-Дар натиҷа Умар Қаюмов зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад, -иттилоъ медиҳад манбаъ.
-Умед Тешаев қаблан бо ҳукми Суди вилояти Хатлон барои содир намудани ҷинояти куштор ба мӯхлати 17 сол маҳкум шуда буд.
Тафтишот мегуфт, вай 31-уми августи соли гузашта дар сартарошхонаи шахсияш дар пайи як муноқиша бо шаҳрванд Алиев Абдурасул Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1963, номбурда бо корд 54 маротиба ба узвҳои баданаш зада, дар натиҷа Алиев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"