Чархи Гардун
24.02.2014 12:06

Соядасти захмҳои башардӯстон

Анъанаи шуҷоат ва қаҳрамонии металлургҳои тоҷикро имрӯз собиқадорони ҷанги Афғонистон идома медиҳанд. Ин насли шуҷоъ солҳои ҳаштодуми қарни гузашта бо амри Ҳукумати замон вазифаи интернатсионалиашонро дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон адо намуданд. Дар ин ҷанг аз 15 ҳазор сарбоз 67 нафар ҳалок гардида, 7 ҳазор нафар захм бардоштанд. 15 феаврал аз рӯзи баромадани қувваҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон 25 сол пур шуд.
Ба ин муносибат дар шаҳри Душнабе тадбирҳои ёдбуд таҷлил гардиданд. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев сараввал дар назди ҳайкали Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ҳамоиш баргузор гардида, ба пояи ҳайкал гулчанбар гузошта шуд. Сипас, дар театри давлатии русии ба номи В. Маяковский маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Кумитаи кор бо собиқадорони ҷанги Афғонистон Сӯҳроб Алимов аз кору пайкори сарбозони башардӯст гузориш дод. Сипас, раиси собиқадорони ҷанги Афғонистони «Ширкати алюминийи тоҷик» Баҳодур Одилов башардӯстони ҷумҳуриро табрик намуд. Дар суханронии Фармондеҳи Пойгоҳи низмии 201-уми Россия полковник Е. Тубол, муовини сафири Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Симонов шуҷоат ва қаҳрамонии тоҷикписарон ёдрас шуд. Баъдан, сардори гурӯҳи сарҳадбонони Россия генерал-майор Анатолий Михеев ба хотири башардӯстони тоҷик маҳфил доир намуд. Дар маҳфилҳои фароғатии шӯъбаи Кумитаи кор бо собиқадорони ноҳияи Сино, ки бо иқдоми Ибодулло Шарифов амалӣ шуд, барномаи бадеӣ - ҳунарӣ барпо гардид.
С. Султон


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Июль 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"