Чархи Гардун
24.02.2014 12:07

CОЗИШНОМАЕ, КИ 10 СОЛ АСТ МАВРИДИ ГУФТУГӮСТ

Ҳангоми сафари Президенти Федератсияи Россия соли 1994 В.В. Путин ба Тоҷикистон Созишномае таҳия гардида буд, ки тибқи он муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар Россия то се сол ҳуқуқи қонунии муҳоҷират карданро доранд. 29 ноябри соли 2013 ин масъала дар Думаи давлатии Федератсияи Россия баррасӣ шуда, онро боз дар парлумони поёнии Тоҷикистон низ мавриди муҳокима қарор дода буданд.
Инак, рӯзи 12 феврали соли 2014 дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи «Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004» мавриди баҳс қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки аз нуқтаҳои сарҳадӣ соли 2013 799 698 кас аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва 642 841 нафар ба Ватан баргаштаанд. 90 фоизи муҳоҷират ба Федератсияи Россия тааллуқ дорад. Дар Тоҷикистон, ба қавли Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷира,т 68 нафар муҳоҷирони Федератсияи Россия дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ин рақам хеле кам буда, ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, зеро бисёр русҳо имрӯз дар НБО-и «Норак», НБО-и «Роғун» ва дигар соҳаҳои халқ фаъолият доранд.
Раиси МНМОҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева таъкид кард, ки иҷрои самараноки ин санад ба дӯши Шумост.
Кори омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникиро фаъол гардонда, бо вазири меҳнати Федератсияи Россия оиди дар муасиссаҳои таълимии техникии мамлакаташ ба таҳсил фаро гирифтани писарону духтарони тоҷик созишномаҳо ба тасвиб расонанд.
Бахтибек ном марди тоҷик дар Санкт-Петербург литсейи касбӣ- техникӣ дошта, аксари духтарону писарони 15-20-солаи тоҷикро ҷамъ карда, бо ҷои хоб, сару либос, хӯрок ва дарсҳои ҳунаромӯзӣ таъмин менамояд ва бояд ҳамин таҷриба дар байни дигар диаспорҳои тоҷики Россия ҷоннок карда шавад.
Кароматуллоҳи Аҳмад


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Март 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"