Чархи Гардун
31.03.2014 10:02

Наврасони оворагард - устухоне дар гулӯи ҷомеа

Тибқи маълумотҳои расмӣ дар соли сипаригардида аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон 5623 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 (2012 - 5320) 303 ҳолат зиёд мебошад. Аз ин шумора 725 ҷиноятро ноболиғон ва 4898 ҷиноятро ҷавонон содир кардаанд.
Наврасону ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, шукуфоиву пешрафти кишвар аз онҳо вобастагӣ дорад. 70 фисади аҳоли Тоҷикистонро насли ҷавон ташкил медиҳад, пас, масъулинро мебояд, сари таълиму тарбияи онҳо андеша намоянд.
Чун дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ ва фаъолият дорем, беназоратӣ ва беаҳамиятӣ нисбати насли ҷавон метавонад фоҷиаҳои зиёдеро ба бор орад. Чуноне омор нишон медиҳад, ҷинояту оворагардӣ дар кишвар сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Пеш аз оне ки ба паҳлӯҳои ҷиноят ва навъҳои содир намудани он аз ҷониби ноболиғону ҷавонон рӯ оварем, мебояд сабаби асосии ба ин роҳ равона гардидани онҳоро бияндешем.
Бояд гуфт, ки ҳар як амали аз тарафи ноболиғон ба амаломада дар навбати худ сабабҳои равониро дар худ нуҳуфтааст. Баҳри фаҳмидани сабабҳои равонии ба оворагардӣ рӯ овардани наврасон мусоҳибае доштем бо рӯҳшиноси тоҷик Абӯбакр Султонов.
-Моҳияти оворагардӣ аз куҷо маншаъ мегирад?
-Масъалаи оворагардии кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳим, ғамангез ва ҳалталаби ҷомеаи башар ба ҳисоб меравад. Танҳо муҳим он аст, ки то дараҷае бошад ҳам сатҳи оворагардонро дар ҷамъият кам намоем.
Оворагардӣ-ин шакли камфаъоли каҷрафторӣ буда, дар канорагирӣ намудан аз вазифаҳои иҷтимоии хеш, фирор кардан аз хона, талбандагӣ ва ғайра ифода меёбад. Одатан кӯдакон ва наврасон майли чунин рафторро доранд. Онҳо дорои дунёи худашон мебошанду мехоҳанд, ки озод бошанд ва касе ба онҳо супориш надиҳаду чизе ҳам талаб накунад.
Фирор аз хона ва оворагардиро баъзан ҳамчун яке аз шаклҳои рафтори ғайриахлоқӣ дида мебароянд. Аксаран фирор аз хона дар айёми кӯдакӣ, яъне то оғози давраи гузариш шуруъ меёбад. Аввалин фирори кӯдакон дар асоси тарс аз ҷазо ё ҳамчунин нишони эътироз ба вуҷуд омада, вобаста ба такроран иҷрошавӣ метавонад ба рафтори доимии онҳо мубаддал гардад.
-Омилҳои ба оворагардӣ рӯ овардани ноболиғонро дар чӣ мебинед?
-Тадқиқотҳои психологӣ нишон додаанд, ки маҳз дар оилаҳои носолим ё дисфунксионалӣ бештар усули нодурусти тарбия ба роҳ монда шудааст. Ин метавонад ба шаклгирии характери наврас халал ворид намуда, дар рафтори онҳо мушкилиҳо пеш орад. Дар ҳамаи оилаҳои мавриди омӯзиш қарор додашудаи оворагардон, ҳамчунин дар он оилаҳое, ки падару модар дар шароитҳои ихтилофнок, сӯистифода аз машруботи спиртӣ ё ин ки рафтору муносибатҳои ғайриахлоқӣ зиндагӣ мекунанд, тарбия бо беназоратӣ тавсиф дода мешавад.
Шароити ноороми зиндагии оила, ҷанҷоли падару модар, мушкилоти зиндагӣ, набудани падару модар, таълиму тарбияи нодуруст дар мактаб, муносибати нодурусти омӯзгор, вайроншавии оила, беназоратии кӯдакон аз тарафи волидайн ё беҳад сахтгир будани онҳо.. -ин ҳама омилҳо ба оворагардии кӯдакон мусоидат карда метавонанд. Дар баъзе вазъиятҳо шахсони синну солашон калон кӯдакони хурдсолро ба корҳои ношоям ҷалб намуда, аз роҳи рости зиндагӣ ба роҳи нодуруст ҳидоят мекунанд. Ин ҳам метавонад кӯдакону наврасонро ба оворагардӣ водор созад.
-Чӣ боис мешавад, ки наврасон ба фирор кардан аз хона рӯ меоваранд?
-Мо аксар вақт бо ҳолате вомехӯрем, ки наврас гуноҳе содир мекунад, падар ё модар дарҳол фарзандро ҷазо медиҳанд. Яъне, худи волидон ҳалли ин мушкилотро танҳо дар ҷазодиҳӣ мебинанд. Чунин шакли муносибат дар мактаб низ вомехӯрад. Масалан, вақте ки наврас аз рӯйи фаромӯшӣ ё мушкилоти дигари объективӣ супориши муаллимро иҷро намекунад, ӯ шогирдро таҳқиру сарзаниш намуда, аз методҳои ҷазодиҳӣ истифода мебарад. Дар ин ҳолат дар дили наврас нисбати мактабу муаллим ҳисси нафрат пайдо шуда метавонад, ки ба дарсгурезии ӯ боис мегардад. Ин дар навбати худ, ба низоъи байни наврас ва волидон сабаб шуда, онҳо роҳҳои гуногуни ҷазодиҳиро истифода мебаранд. Ҳамин тавр наврас аз ин рафторҳои калонсолон дигар чорае наёфта, ягона роҳи халосӣ аз ин мушкилотро дар фирор кардан аз хона мебинад.
-Кадом амалҳо метавонанд боиси бемори равонӣ гаштани ноболиғон гардад?
-Чи хеле ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд дар оила ва мактаб бештар калимаҳои хусусияти фармондеҳӣ ва маҷбуркуниро нисбати наврасон истифода мебаранд, ки ин гуна муошират дар наврасон як ҳисси дамдузӣ, мардумгурезӣ, инчунин як ҳисси бадбиниро нисбат ба худ ва калонслон ба вуҷуд меоварад. Наврасони имрӯза бештар кадом суханро дар мактаб ва дар хона мешунаванд? Одатан чунин суханҳоро: «Ту бояд ин корро кунӣ!», «Ту бояд дар бораи ояндаат фикр кунӣ!», «Ту бояд калонҳоро ҳурмат кунӣ», «Ту бояд суханони муаллимон ва падару модаратро гӯш диҳӣ». Қариб ягон хел муроҷиат дар шакли руҳбаланднамоии зерин: «Ту метавонӣ, ту ҳақ дорӣ, ба ту шавқовартар аст» мушоҳида карда намешавад.
Калонсолон ба наврас ва ё ба навҷавон муроҷиат намуда, дар бораи худ чиҳо мегӯянд: «Ман метавонам туро ҷазо диҳам», «Ман ҳуқуқи комил дорам, ки..», «Ман медонам, ки бо ту чӣ кор кунам..», «Ман калонтар ва боақлтар ҳастаму..» Дар натиҷа чӣ мешавад? Ба ҷойи руҳбаланднамоӣ ҳар гуна пастнамоии қадру қимат аз тарафи падару модарон шунида мешавад. Суханони падару модарро таҳлил намуда, наврасон ба хулоса меоянд, ки онҳо дар ин олам «ҳеҷ коре карда наметавонанд», зеро барои онҳо фақат ҳар гуна маҳдудиятҳо мавҷуд аст. Ин гуна рафтор ва муносибати калонсолон нисбати насли наврас метавонанд оқибатҳои равониро дар наврасон ба вуҷуд оваранд, яъне дар онҳо як ҳисси ноумедӣ ва инчунин ба ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ гирифтор шуда, дар онҳо хислатҳои майл ба танҳоӣ, ғайб задан аз назди падару модар, дур будан аз назари калонсолон пайдо мешавад. Маҳз чунин муносибати калонсолон нисбати насли наврас аст, ки дар онҳо рафторҳои дамдуздӣ, мардумгурезӣ ва инчунин метавонанд ба оворагардӣ ва рафторҳои зидди иҷтимоӣ рӯ оваранд.
-Роҳҳои пешгирии ба оворагардӣ даст задани ноболиғонро дар чӣ мебинед?
Ҳамаи кӯдакон ва калонсолон дар давоми фаъолияти ҳаётӣ бештар вақт бо монеаҳои ҷиддие вомехӯранд ва дар рафти он ҳолатҳои манфии эмотсионалию бартарафнамоии душвориҳоро дар давраҳои муайяни тараққиёти худ табиати «душвор»-ро мегиранд, вале он дар дараҷаҳои гуногун ва нисбатан кутоҳмуддат зоҳир мешавад. Ба муаллимон ва волидон лозим меояд, ки ҳангоми муошират бо наврасон вобаста ба хусусиятҳои психологии онҳо муносибат намоянд. Бояд хусусиятҳои психологии сину солӣ, инчунин буҳронҳои синусолиро ба пуррагӣ ба эътибор гирифт. Бояд донист, ки ҳар як зинаи синусолӣ ба худ хоси хусусиятҳои гуногуни психологиро доро мебошад. Дар сурати ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои фардию синусолӣ ва одоби муоширати педагогӣ аз тарафи муаллим кор бо аксарияти хонандагон на танҳо осон, балки фараҳбахш низ мегардад.
Воқеан, чӣ тавре ки маълум аст, муносибатҳои оилавӣ дар ташаккули рафтор ва шахсияти кӯдак нақши бузургро дорад, зеро иҷтимоишавии кӯдак ва азхуднамоии меъёрҳои рафтору муносибат дар ҷомеа маҳз дар оила оғоз ёфта, муносибати байниҳамии волидайн барои ӯ ба сифати намуна баромад мекунанд.
Мақомотҳои дахлдор бояд дар он андеша бошанд, ки чӣ тавр оила хушбахтиро дар ҷомеа ташаккул диҳанд. Барои ин дар мактаб оғоз намудани ҷиҳатҳои маънавию ахлоқӣ кӯмак расонанд ва ҳатто низоми махсусро пешниҳод намоянд. Ин аз он хотир аст, ки одамон аз хурдӣ дарк намоянд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ додан лозим аст ва хатогиҳои пайдошудаеро, ки аллакай наслҳои пешин роҳ дода буданд, бартараф намоянд. Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд, ки он метавонад дар ҳалли ин масъала нақши ҳалкунанда бозад.
-Барои суҳбати самимӣ ташаккур!
-Саломат бошед!
Мусоҳиб: Шаҳлои Садриддин


Комментарий №1    Написал: AmandaMi    31 октября 2014 17:19    Цитировать
Всем приветик. Богатые и приветливые московские девушки ищут раскомплексованных молодых людей от 17 до 45 лет для совместного приватного времяпровождения и отдыха за рубежом на горнолыжных курортах. Если тебе интересно, все подробности тут: bitly.com/12zBTxQ. Желательно умение кататься на лыжах и анонимность взаимоотношений.
Отправь заявку, укажи возраст, отправь несколько фоток и свои пожелания. Гарантируем оплату за проезд и порядочное вознаграждение за проведенное с нами время.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Октябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"