Чархи Гардун
31.03.2014 10:07

Милитсия хабар медиҳад

Куштори домод
Истиқоматкунандаи ноҳияи Ғончӣ Ф. Кенҷабойи 60 сола, шабона дар ҳавлии истиқоматиаш, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, шаҳрванд Ф. Шуҳрати 38 соларо, ки бо духтараш Ф. Ганҷина дар ақди никоҳи мусулмони зиндагӣ мекард, бо корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш зада, ба ҳалокат мерасонад. Сабаби содир гардидани ҷинояти куштор тафтиш карда мешавад.

Ғоратгар дастгир шуд
Ҳангоми дида баромадани аризаи шаҳрванд К. Шаҳноза, сокини кӯчаи Айнӣ, ҳамчун гумонбар шаҳрванд Раҳмонов Бахтиёри 29 сола, сокини ноҳияи Темурмалик, дастгир гардид. Номбурда дар назди бозори “Саховат”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо тариқи маҷбурӣ ва ошкоро аз дасти ӯ ҳамиёнашро, ки дар дохилаш 200 доллари ИМА ва 270 сомонӣ пули нақд дошт, тасарруф кардааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Зани ҷинояткор
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Сино шаҳрванд Ш. Хурсанойи 24 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиёнро бо гумони содир кардани ҷинояти дуздӣ боздошт намуданд. Ӯ бо тариқи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматии сокини кӯчаи Федин Т. Саодат 1-адад гӯшвори тиллоӣ, 100 доллари ИМА ва 500 сомонӣ пули нақдро дуздидааст.

Ғоратгари ноболиғ
Ноболиғ М. Умедҷони 14 сола, хонандаи синфи 8, истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангир бо ҷурми содир кардани ҷинояти ғорагарӣ дастгир карда шуд. Номбурда дар кӯчаи Ломоносови ноҳияи Сино бо роҳи зӯрӣ аз дасти шаҳрванд Қ. Муниса ҳамёнашро, ки дар дохили он 258 сомонӣ пули нақд ва телефони мобилӣ буд, тасарруф кардааст. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Фасодхона ошкор гардид
Истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода Қурбонова З. соли таваллудаш 1976, ки дар маҳаллаи 9-ум истиқомат мекунад, бо ҷурми даст задан ба ҷинояти ахлоқӣ боздошт гардид. Ӯ ки муваққатан ҳамчун иҷоранишин дар макони номбурда зиндагӣ мекунад, манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба шаҳрвандон шароит фароҳам овардааст. Ҳангоми гирифтани 100 сомонӣ аз шаҳрвандон С. Дониёр ва Р. Холиса ӯ дастгир шуд.

Дуздон ба мақсад нарасиданд
Шаҳрвандон Б. Муҳаммади 21 сола, Т. Ганчур ва В. Тоҷиддин 25 сола, истиқоматкунандагони ҷамоати Баҳор шаҳри Ваҳдат бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. Онҳо аз толори тарабхонаи “Фараҳноз”, воқеъ дар ҷамоати Россия ноҳияи Рӯдакӣ борхалтаи ӯро, ки дар дохилаш 30000 рубли русӣ, шиносномаи худаш ва писараш, варақаи бақайдгирии телефони тамғаи “Айфон” арзишаш 100-доллари ИМА, чиптаҳои ҳавопаймо аз таърихи 04.04.14 сол ба номи худаш ва писараш, шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҳуҷҷати қайди тиббӣ буд, дуздидаанд.Зарари расонидашуда 64000 рубли русиро ташкил медиҳад.

Тамаъҷӯён ноком
Кормандони милитсия дар шаҳри Хуҷанд шаҳрвандон Н. Баҳроми 21 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳ, Н. Абдумаҷиди 22 сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва А. Сайфуллои 19 сола, истиқоматкунандаи шаҳри Чкаловро дастгир карданд. Онҳо шомгоҳи 17-уми март шаҳрванд В.И. соли таваллудаш 19980, сокини маҳаллаи12-и шаҳри Хуҷандро ба маҳаллаи 33оварда, бо воситаи телефони мобилӣ бараҳна ба навор мегиранд. Баъдан бо мақсади паҳн накардани расмҳои мазкур бо роҳи тамаъҷӯӣ 1000 сомонӣ гирифта, боз 7000-доллари ИМА-ро талаб кардаанд. Далели шайъӣ гирифта шуд.

Мусодираи афюн
Шаҳрвандон О. Адҳами 29 сола ва Қ. Абдуллои 24 сола, сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, бо ҷурми нашъаҷаллобӣ дастгир карда шудаанд. Дарвақти кофтукови шахсӣ аз дасти Одинаев А. ба миқдори 9 кг 264 грамм маводи нашъадори «афюн» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Садамаи нақлиётӣ
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Э. Анварбердии 59 сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ. Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Пролетар-Ғулакандоз, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили ҷуйбори бетонӣ бархӯрдааст, ки дар натиҷа ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Барқ сабаби сӯхтор
Аз расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ ҳангоми истифодабарии дастгоҳи гармидиҳӣ дар ҳамом, дар манзили истиқоматии шаҳрванд М. Гулбегим, сокини шаҳраки Сарбанд, дар масоҳати 84 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, ба соҳибхона ба маблағи 12000 сомонӣ зарари моддӣ расидааст

Оташбозии кӯдакон
Дар коҳдони шаҳрванд М. Тоҷиддин, сокини ноҳияи Муъминобод дар масоҳати 96 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада, қисми болопӯши коҳдон ва 1-тонна коҳ сӯхта нобуд шудааст. Сабаби сар задани сӯхтор аз оташбозии кӯдакон мебошад. Инчунин бинобар сабаби оташбозии ноболиғ М. Маҳмадови 4 сола, сокини деҳаи Ярхаби ноҳияи Рашт дар оғилонааш сӯхтор ба вуқуъ пайваста, 3675 сомонӣ зарари моддӣ расидааст.
Ҷ. Садриддинов


Комментарий №1    Написал: user    18 апреля 2014 07:27    Цитировать
Милитсия хабар медиад: ходимони мо чи гихе хоханд хурдан мегиранд, зеро конун барои ахмакон навишта нашудааст!!!

Милитсия хабар медиад: ходимони мо чи гихе хоханд хурдан мегиранд, зеро конун барои ахмакон навишта нашудааст!!!
Инчунин мо кунлесони жаноби Рахмон мебошем ва факат куну думи ура мелесем!


Комментарий №2    Написал: Хонанда ба: user    25 апреля 2014 15:56    Цитировать
Лаънати Худо бод ба ту! Ту хам ё дузд ё одамкуш хасти, ки аз "ходимон" гашат меояд. Ту баринхо садкаи номи ходимон ва исми поки Чаноби Оли шавед!!!


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Октябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"