Warning: fopen(/var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/cache/informer_1_ab81a01d70dfed850894655b5903e732.tmp): failed to open stream: Disk quota exceeded in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 338 Warning: fwrite() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 339 Warning: fclose() expects parameter 1 to be resource, boolean given in /var/www/gazeta.tj/data/www/gazeta.tj/engine/modules/functions.php on line 340 Қурбони ваҳшоният » Медиа-холдинг "Чархи Гардун"

Чархи Гардун
31.03.2014 10:11

Қурбони ваҳшоният

Мудҳиштарин ҳодиса ва сангинтарин фоҷеа дар рӯзгори одамон ин аз ҳаёт маҳрум сохтани инсон - фарде аст, ки чун дигарон зистану кор кардан, оила бунёд намудан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан мехоҳад. Вале на ҳамеша ин орзуҳо амалӣ ва хостаҳо иҷро мешаванд, зеро ҳаёт гоҳе бераҳму сангин аст. Агар гурӯҳе дар пайи ободӣ, пешрафт ва анҷом додани корҳои хайр кӯшиш намоянд, тоифаи дигар дар пайи озори одамон шуда, бо ҷоҳилию бадрафторӣ ва амалҳои зишти худ ба дигарон дарду ғам ва оҳу афсӯсро ба ёдгор мегузоранд.
Баҳор фасли орзуву ормонҳо, эҳёи зиндагӣ ва хушҳолию фараҳмандии инсонҳост. Зеро баъди сардиҳо нафаси гарми баҳор, бӯи сабзаву себаргаҳо ва насими форами дашту саҳро хеле ҷонбахшу роҳатфизо мебошад. Вале на ҳамеша ин зебоӣ, пайки наврӯзӣ ва шодию фараҳ ҳамагонро насиб мегардад.
Фоҷиае, ки ба сари хонадони Раҳимовҳо, воқеъ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино фурӯ рехт, шояд то дер гоҳ пайвандони Умедаи ғӯрамаргро ба худ наорад. Зеро 8-уми март дар рӯзи Иди Модар, қотилон ӯро бераҳмона, бо расонидани 17 захми корд ба ҳалокат расониданд.
Умеда Раҳимова 18 сола, хонандаи синфи 11-и мактаби миёна чун як тан аз духтарони ошиқи ин фасли зебо, ошиқи ҳаёт ва азизи модар баҳорро бениҳоят дӯст медошт. Чун фарорасии баҳору иди модарон дар як вақт ҷашн гирифта мешавад, хурсандии ӯро ҳадду канор набуд. Шомгоҳи 8-уми март Умеда дар хона нишаста интизорӣ мекашид, ки шояд дӯстону наздиконаш ба табрикаш оянд. Омаданд, вале на ба табрики иду баҳор рӯзи Модар, балки барои гирифтани ҷони азизаш ва ғорати пулу молаш.
Ду нафар қотили аҳримансиришт, ки як нафарашон қаблан бо ӯ шиносоӣ дошт дари хонаро кӯфтанд. Қалби беолоиш ва саршор аз меҳру муҳаббати Умеда бидуни ҳеҷ гуна фикру андешаи ботил бо шунидани садои ошно дасти ӯро сӯи занҷири дар бурд. Ҷинояткорон бо ворид шудан ба хона ҷисми нозуки Умедаро зери лату кӯб гирифта, бо корд тани ӯро захмӣ карданд. Онҳо хонаро тагурӯ карда, дар ҷустуҷӯи пулу моли пурарзиш шуданд. Чун садои нолиши Умедаро шуниданд аз тарс ва бо мақсади фош нагардидани кирдори зишташон дубора ба ҷисми нимҷони ӯ наздик шуда, боз якчанд зарбаи корд ӯро бераҳмона ба қатл расониданд.
Шаҳрвандон Амиршоев Самандари 24 сола ва Абдуғаффоров Саъдии 23 сола,истиқоматкунандагони ҷамоати Чорякорон ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дастгир ва аз онҳо 2-адад корд ва 1-адад дастпӯш ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Ҳодисаи дигар, ки шаби 14-уми март дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур ба вуқӯъ омад он низ аз ҷоҳилию разилӣ ва бераҳмии тоифаи ҷиноятпеша шаҳодат медиҳад, ки дар сурати боло гирифтани эҳсоси хусумату бадбинӣ на ба шахсони калонсол ва хурдсолон раҳме намекунанд.
Пешсудшуда бо моддаи 104 қ. 2-и КҶ ҶТ Корич Дмитрий, сокини кӯчаи Савдои пойтахт ва Чайкин Дмитрий истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 ва 104-и КҶ ҶТ суд шудааст, шабона ба хонаи шаҳрванд Акобиров Ашуралии 54 сола, сокини кӯчаи Деҳлавӣ омада, ҳангоми харидорӣ намудани нӯшокии спиртӣ бо ӯ муноқиша мекунанд. Онҳо бидуни истиҳолаву андеша бо якчанд захми корд соҳибхонаро ба ҳалокат мерасонанд. Замоне, ки писари соҳибхона Акобиров Ҷовидони 13 сола, хонандаи синфи 6-и мактаби раками 65 ба назди падарш меояд, қотилон ӯро низ бераҳмона бо корд аз ҳаёт маҳрум менамоянд.
Ҳисси интиқому нафрат ва ҷоҳилию разилӣ ба ҳадде дар вуҷуди ин нафарони ҳайвонсифат боло мегирад, ки онҳо баъди куштори падару писар, ба иҷоранишини ин хона маъюб Солиева Каромати 55 сола дарафтода, бо задани 8 захми корд, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мерасонанд ва барои пинҳон доштани кирдори зишташон хонаро оташ мезананд.
Вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оиди кушторҳои дар боло зикргардида ва баррасии онҳо дар суд, дар мӯҳлатҳои наздик мавод омода хоҳем кард.
Ҷ. Садриддинов


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Апрель 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...

.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"