Чархи Гардун
31.03.2014 10:14

Шарораҳои филизи нуқрафоми «Талко»

Дар оғози гузориш зикр мекунам, ки ман ҳаргиз расман касби журналистиро ба ягон вазифа, мансаб, касабаи сердаромад иваз намекунам. Зеро чун худамро дар олами ҳастӣ эҳсос кардам, бо нону намаки журналист, дастмузди ин касби пурифтихор ба камолот расидам. Аммо ба хотири бештар ворид шудан ба нозукиҳои ин ё он касб бо амру тақозои хонандаҳо борҳо ба ҳайси ҳамшираи шафқат, челонгар, роҳбалади тайёра, кӯҳнавардвард як рӯз кор кардаам. Вале барои мушкилтарин касб - металлург шудан се соли расо омодагӣ дидам. Дар чанд сафарҳои корӣ ба шаҳри Турсунзода аз наздик бо кору бори филизгудозон шинос шуда будам. Аммо ин дафъа, пас аз сар задани овозаҳои гуногун дар бораи муфлисшавии ин корхонаи калонтарини на танҳо кишвар, балки Осиёи Марказӣ, таваҷҷӯҳам ба он бештар шуд. Инак, дар арафаи Рӯзи тавлиди нахустин хӯлаи алюминий (31 марти соли 1975) дар ҳайати журналистон ба шаҳри Турсунзода сафар намудем. Дар ин ҷо металлургҳо ҷашни Наврузӣ доштанд. Беш аз 6 ҳазор нафар коргарон дар гирди дастурхони идона ҷамъ омаданд. Воқеан маҳз дар ин ҷо чанд чақрим дуртар аз бинои идории завод калонтарин деги ошпазӣ дар ИДМ-сохта мешавад. Алҳол корхона дар баробари содир кардани алюминийи аввалия, зарфҳои маишӣ, сими ноқилҳо, панҷараи дару тирезаҳо, ғурфаҳо ҳам истеҳсол мекунад.
Гумон доштам, ки дар корхона занону духтарон танҳо дар вазифаи коргузор, муҳосибу ёвар кор мекунанду халос. Вале имрӯз дар мушкилтарин сеххои завод, истеҳсолоти элеиролиз, пухтани анодҳо,рехтагрӣ,борбардорӣ 1789 занону духтарон кор мекунанд. Барои ҳамин ҳам либоси махсус ва кулоҳи металлургии ман касеро ба ҳайрат нагузошт. Сараввал дар асоси тартиби расмӣ ман барои риояи техникаи бехатарӣ дастурнома гирифтам. Сипас ба ман гуфтанд, ки чун металлург ман дар сехи рехтагарии деги алюминий тайёро қабул карда, ба контейнери рехтагарӣ равон мекунам. Муҳандис таъкид кард, ки дег 3 хазор дараҷа гармӣ дорад.
Се адад дегро қабул кардам. Баъдан бори аввал ба чашмам дидам, ки оби нуқрафом чӣ тавр ба хӯлаи алюминий, ки дар қарни бист номи «метали болдор» ро гирифт, табдил ёфт. Боз он чиз бароям мақбул афтод, ки дар соате, ки ман металлург шудам, бригадаи беҳтарини корхона дар баст кор мекард. Дар ин лаҳза ман мисли қаҳрамонони филми «Иван Василевич касбашро иваз мекунад» бо машинаи вақт гуё ба солҳои 80-ум афтодам. Як сол пеш Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомаи КВД «Талко» анъанаи пешдаврони Иттиҳоди Шӯравӣ –қадркунии ғодибони мусобиқаи сотсиалистиро-чун омили ҳавасмандӣ аз нав эҳё намуда буд. Дар ҳар семоҳа беҳтарин бригада,беҳтарин баст, иморат (Иморатро дар ин ҷо бинои истеҳсолӣ мегуянд) бо Диплом, Нишони сайёр, мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ мешаванд. Ин шакли ҳавасмандии солҳои ҳаштодуми қарни гузашта натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад. Дар зарфи як сол 5 ҳазор коргарон барои ғолибият мубориза мебаранд. Дар ин маврид ман андешаи яке аз собиқадорони саноат,ходими давлатӣ Георгий Кошлаковро такрор мекунам.-«Рақобати меҳнатӣ барои натичаҳои баланд дар ҳамаи шаклҳои давлатдорӣ ва моликият таъсирбахш аст. Мо бояд шаклу усулҳои идоракунии истеҳсолоти пешқадами даврони гузаштро эҳё кунем.»
Бояд ёдрас намуд, ки баҳси меҳнатии коргарон дар асоси низомномаи махсус ва баррасии комисияи бо салоҳият ҷамъбаст мешавад. Ба ин мақсад ширкат аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ маблағ ҷудо менамояд. Директори департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеа Игор Сатторов илова кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ 31 март дар рузи ташкилшавии корхона ҷамъбаст хоҳад шуд. Алакай 20 бригада ва 9 сех барои номи беҳтарин мубориза мебаранд.
Дар танаффуси сайри сехҳо боз як навоварии корхонаро шарҳ медиҳем. «Ширкати алюминийи Тоҷик» ягона корхонаи металлургии дунё ҳаст,ки бандари баҳрӣ надорад. Воридоти ашёи хом ва содироти маҳсулоти тайёр тавассути роҳи оҳан сурат мегирад. Аммо сухани тоҷири маъруфи амрикоӣ Томас Морган, «тиҷорат аз сиёсат сахт метарсад»-имрӯз низ ҷон дорад. Сиёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба гароншавии нархи интиқоли мол аз тариқи роҳи оҳан оварда расонд. Бархилофи конвенсияи байналмиллалии истифодаи роҳи оҳан дар як сол ҳамсояҳо се маротиба тарофаи интиқолро тағйир доданд. Аммо чорабиниҳои зиддибӯҳронии ширкат ин мушкилотро зуд бартараф карданд. Алҳол маҳсулоти тайёр ба воситаи нақлиёти автомобилӣ интиқол дода мешавад. Ин усул аз нигоҳи иқтисодӣ низ арзонтар мебошад. Мо он рӯз беш аз сад автомашинаҳои вазнинбори ширкатҳои эронӣ ва туркиро дидем. Ин ягона монеаи ҳамсояҳо набуд. Пас аз чанд маротиба баланд бардоштани нархи газ ҳамсоя пурра газро қатъ кард. Роҳбарияти ширкат бо ҳамкории олимони Институи металлургияии КВД «Талко» усули аз ангиштсанг таҷзияи намудани газро ихтироъ намуданд. Алҳол корхонаи «Синтезгаз» пурра талаботи заводро қонеъ мегардонад.
Пас аз анҷоми басти корӣ моро ба маҳфили наврузии металлургҳо даъват намуданд. Оши металлург хеле болаззат буд ва ҳунарнамоии дастаи ҳунарии ширкат низ ба ҳамагон писанд омад. Воқеан ширкат ягона корхонаи саноатии кишвар аст, ки тамоми сохторҳо ва муасисаҳои ичтимоишаро ҳифз кардааст. Ба хидмати коргарон фароғатгоҳ-табобатгоҳ, ду шифохона, ду истироҳатгоҳ-фарғатгоҳ, 14 кӯдакистон омода аст. Радиои дохилии «Талко» дар як руз 5 соат барномаҳо шунавонида ҳафтаномам «Алюминий Тоҷикитсон» бо теъдоди 3 ҳазор нусха бурду бохт, муаммо ва навидҳои соҳхаро инъикос менамояд.
Дар интиҳо тазаккур медиҳам, ки дар ҳақикат раддия Директори департамент Игор Сатторов –«муфлисшавии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» муҳобот аст», барҳақ мебошад.
Ҷамила Ҳусейнова
шаҳри Турсунзода, «Ширкати алюминийи Тоҷик», сехи рехтагарӣ


Комментарий №1    Написал: ыв    30 апреля 2014 08:06    Цитировать
Шарм дор аз хамин маколаат. Чи подош гирифти аз ТАЛКО ба ивази ин маколаи сар то по дуруг?


Комментарий №2    Написал: AmandaMi    30 октября 2014 15:00    Цитировать
Здрасьте всем. Независимые и добрые столичные девушки приглашают раскрепощенных молодых парней для совместных встреч и отдыха на горнолыжном курорте этой зимой. Если согласен, мы вот здесь: bitly.com/1ta7dNJ.
Оставь заявку, укажи свой город, отправь нам парочку фоток и предпочитаемые страны. Оплачиваем транспортные расходы и приличное вознаграждение за потраченное на нас время.


Комментарий №3    Написал: тадж    6 марта 2016 00:22    Цитировать
у вас страна в целом вдыхает последные вздохы а вы траходран сабрались пиздотаргашы ебаные


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Октябрь 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"