Чархи Гардун
31.03.2014 10:15

МАРАТ ОРИФОВ: Беҳтарин унсурҳои зиндагиро аз Шарқу Ғарб омӯхтам

Баъди хондани даҳҳо мақолаҳо дар матбуоти тоҷику ӯзбек ва русу дигар халқҳои умумииттифоқ хостам, бо писари Артисти Халқии СССР Тӯҳфа Фозилова- Артисти Халқии РСС Тоҷикистон, актёр ва коргардони машҳури кинои тоҷик Марат Орифов, ба синни пурбаракати 79-солагӣ расидааст, сӯҳбате дошта бошам. Тибқи мувофақаи телефонӣ бояд сӯҳбати мо рӯзи шанбеи 14 март соли равон дар манзили ӯ доир мегардид. Манзили вай дар кӯчаи собиқ 8 март, баъдан Ғанӣ Абдулло ва ҳоло Ҳанифа Мавлонова сурат мегирифт. Тибқи ваъда ба манзилаш омадам. Дарвозаи оҳанинро тақ-тақ задам. Баъди чанде зане бо забони русӣ аз даруни дарвоза гуфт:
-Кист?
Ман ҳам ба забони русӣ худро муаррифӣ намуда, Марат Орифовро пурсидам. Ҷавоб шуд, ки баъди соати 14 ба хона меояд, биёед, он касро меёбед. Сипас ав-ави сагҳо баланд шуданд. То соати 16 интизор шудам. Дар ин вақт бо чандин ҳамсояҳо, омӯзгорон ва хонандагони мактаби № 7 ҳамсӯҳбат шудам. Аз гуфтаи ҳамсӯҳбатонам маълум шуд, ки ин ҳавлӣ аз модари шодравонаш Тӯҳфа Фозилова ба ёдгор мондааст. Вале Марат Орифов он рӯз ба хонааш наомад. «Шахси обрӯманд аст ва ба ҳар чорабинӣ даъват мешавад. Ёру дӯстони зиёде дорад, ҳар замон дидани дидору сӯҳбати ӯро интизору хуш доранд», - тасаллӣ додам худро, вале умеди мулоқотро накандам.
Маратро дар кӯдакӣ Мурод ном мениҳанд, то ки ба муродаш расад. Имрӯз мо ҳаводорони ҳунару хизматҳои ба халқ кардааш боварӣ доранд, ки Марат ба муродаш аллакай расидааст. Аз хурдӣ ҳамроҳи модари мушфиқаш аз Конибодом ба Сталиинобод, имрӯза шаҳри Душанбе омад ва русҳо ба шиносномаи таваллудаш на Мурод, балки Марат навиштанд. Ӯ баъди хатми мактаби миёна дар соли 1956 факултаи забон ва адабиёти Институти педагогии Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, соли 1960 Институти театрию рассомии ш. Тошкент ба ном А. Островский, соли 1964 факултаи режиссёрии филмҳои бадеӣ-устохонаи С. А. Герасимовро хатм кардааст. Фаъолияти эҷодии ҳунарии ӯ давра ба давра сурат гирифта, аввалин нақши асосӣ -Синоро дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» соли 1956 бозидааст. Соли 1958 ӯро ба Тошканд даъват менамоянд ва нақши Ановро дар филми «Вазифаи олӣ» мебозад. Соли 1959 таҳия ва ба наворгирии филми «Қисмати шоир» ба охир мерасад, ки дар он нақши асосӣ Рӯдакиро Марат Орифов мебозад. То имрӯз ин нақш ӯро дар миёни мардум ҷовид гардонидааст. Ҳамчун актёр минбаъд дар нақшҳои Сайф аз филми «Вақти зангирии писар расид» (1959), нақш Насриддин дар Хуҷанд дар филми «Дузди Бағдод» (1959), нақши Ширинкор дар филми «Коваи оҳангар» (1961), нақши Аҳмад аз филми «То пагоҳ» (1964), нақши Комил аз филми «Замони осоишта» ҳунарнамоӣ кардааст.
Чун пухта гардиду маъруфият пайдо кард, ба таҳияи филмҳои бадеии телевизионии «Нисо» (1964), «Дили ман дар кӯҳистон» (1969), «Асрори қабила» (1970), «Муҳосира» (1969), «Бо табассум нигар» (1983) пардохт ва манзури тамошобинон гардонд ва аз ҷониби мардум ва давлату ҳукумат бо хушӣ пазируфта шуд.
Дар таърихи кинои тоҷик дар офаридани филмҳои воқеӣ-ҳуҷҷатӣ ин чеҳраи шинохтаи миллат саҳми калидӣ дорад. Соли 1972 якбора ду филми ҳуҷҷатии ӯ бо номҳои «Гӯштингирӣ», «Санги кабуд» ва солҳои 1973-1974 филмҳои «Савганд», «50 солагии РСС Тоҷикистон» манзури тамошобинон гардонида шуд. «Муаллим», «Маро ба ЛЭП мебаранд» аз маҳсули эҷодии вай дарак медиҳанд.
Синни ӯ кайҳо ба нафақа расидааст, нафақагир аст. Вале ҳунари нодир ва таҷрибаи бойи вай дар соҳаи кино ва телевизони замони Истиқлолияти давлатӣ чун обу ҳаво ба дигарон, махсусан ба насли ҷавони актёру коргардонҳо зарур аст.
Марат Орифов - Артисти Халқии РСС Тоҷикистон, лауреати мукофоти давлатии ленинӣ, дорандаи ҷоизаҳои байналилалӣ, иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва санъат дар Маскав (соли 1957), дар Озорбойҷон (соли 1965), дар Ӯзбекистон (солҳои 1968 ва 1981), дар Литва (соли 1975 ва соли 1976) ва Қирғизистон мебошад. Имрӯз гули сари сабади ҳама чорабиниҳост. Дӯсти наздик ва маҳбуби Марат Орифов аз овони ҷавонӣ то имрӯз нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров мебошад. Бо Сафарбек Ҳақдодов низ аҳди бародарӣ дорад.
Марат Орифов якумр дар мактабҳои олии русӣ таҳсил карда, фаъолияти актёрӣ ва таҳиягариву коргардонии ӯ ба забони русӣ сурат гирифтааст. Зиндагӣ дар овони бузургсолӣ на ба ҳама ширин аст. Ӯ мегӯяд, ки ман аз Шарқу Ғарб беҳтарин унсурҳои зиндагиро омӯхтам ва ҳаётамро бо ҳамин усул пеш мебарам.
Марат ягона фарзанд аз зиндагии якҷояи падари омӯзгораш Собир ва модари машҳураш Тӯҳфа Фозилова аст, ӯ дигар бародару хоҳар надорд. Ҳамсараш Геновайтеи литвонӣ буда, 7 писар ва як духтар доранд. Нафақаи пиронсолии вай имрӯз дар як моҳ 400 сомонӣ мебошад. Марат-ака бо ҳамсараш ва фарзанди кенҷагиаш Анӯшервон, ки дар телевизиони «Мир» кор мекунад, дар як ҳавлӣ бо 4 сар саг ва 6 сар гурба зиндагии зебо ва ширин мегузаронанд. Мо ният дорем, ки дар бораи сагҳо ва гурбаҳои вафодор бо соҳибонашон сӯҳбати алоҳида дошта бошем.
Муҳим он аст, ки Марат Орифов зиндагиашро берангу бемаҳсул нагузаронидааст. Дар зиндагии қариб 80 солааш мактаби бузурги кинои тоҷикро ба вуҷуд овард ва таърих аз ӯ сипосгузор аст.
Тилло дар ҳар давру замон тилло мемонад. Марат –ака ба ҳамон тилло монанд аст, ки имрӯз ҳам дар «Тоҷикфилм» актёрӣ ва коргардонӣ-режиссёрӣ мекунад ва зиндагиаш арзанда давом дораду аспи ғайраташ боз қуллаҳои баландро тай хоҳад кард.
Кароматуллоҳи Аҳмад


Комментарий №1    Написал: Хонанда    25 апреля 2014 16:08    Цитировать
Мурат-акаат аз Шарк чи ёд гирифтааст, намедонам, лекин дар хакикат мехмоннавозиро аз Гарб ёд гирифта будааст.


Комментарий №2    Написал: said    28 апреля 2014 11:47    Цитировать
salom ba redaksiya. dar borai Tuhfa Fozilova niz hohish doram binavised???...


Комментарий №3    Написал: ворухи    5 июля 2014 19:10    Цитировать
нафака 400сомониву бо 4 сагу 6 гурба зиндагонии хушбахтона дорад.ин 400 сомони магар ба хамаи онхо кифояги мекунад?журналист журналистиро дар кучо омухтааст?мазмуни навиштахояшро ба тарозу гузорад сараввал...


Комментарий №4    Написал: Актёр    13 августа 2014 16:02    Цитировать
Муродака ягон шогирд дорад, ки кинои точик чун пештара машхури олам гардад?


Комментарий №5    Написал: Душанбеги    5 апреля 2015 10:45    Цитировать
Мухтарам Муаллиф! 1) Филми "Вазифаи Оли" истехсоли Точикфилм аст, на Узбекфилм. 2) Марат Орифов дар Душанбе таваллуд шудааст ва ватани хурди модариаш Конибодомро хатто надидааст.


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"