Чархи Гардун
3.06.2016 10:55

Як занги сарнавиштсози Кароматуллоҳи Мирзо

Ҳамин асно телефон занг зад. Суръати мошинро аз будаш ҳам пасттар карда, баъди зер намудани тугмача, телефонро ба гӯш гузоштам:
- Лаббай.
- Ассалому алайкум! – шунидам аз телефон.
- Ассалому алайкум, бародар! – ҷавоб додам ман.
- Шумо, Файзбахш бошед? – боз шунидам аз телефон.
- Бале, бародар, ман Ҳасан Юсуф.
- Охир, бо тахаллуси Файзбахш менависед?
- Бале, ягон сатраке гоҳ-хоҳ бо ҳамин тахаллус ҳам чоп мешавад.
- Ман Кароматулло Мирзоев.
- Бубахшед бародар, нашинохтам. Кадом Кароматулло Мирзоев?
- Аз «Адабиёт ва санъат».
- Кароматулло Мирзоев? Нависандаи халқии Тоҷикистон? – нобоварона бозпурсӣ кардам ман.
- Хайр, а… а… ҳамин тавр, – андаке забон хоидаю ноҳинҷор шудани ҳамсӯҳбатамро пайхас кардам. Бо вуҷуди ин, пиндоштам, ки ягон рафиқам аст.
- Холмирзо, ту ҳастӣ? Ин хел шӯхиҳоро накун.
- Э, бародар, чаро бовар намекунед? Ман Кароматулло Мирзоев. Ба «Адабиёт ва санъат» мавод фиристонида будед?
Дигар намедонам, ки баъди шунидани ин сухан мошинро чи тавр ба канори роҳ гардондаму боздоштам. Фақат ёд дорам, ки то андозае худро гум карда будаму овозам меларзид. Охир, Кароматулло Мирзоевро ҳаргиз аз наздик надида будам. Он касро танҳо аз рӯйи асарҳояшон медонистаму аз намоишҳои телевизион мешинохтам. Дар гумонам, он кас як шахси фавқулода менамуд. Ҳеҷ гоҳ тасаввур ҳам намекардам, ки ин одами мӯътабар рӯзе ба ман занг мезанад, ба мане, ки шояд боре ҳам номамро нашунидаю кию аз куҷо буданамро намедонад. Ҳаяҷонам аз ҳамин ҷиҳат буду бо ҳамин сабаб овозам табиӣ намебаромад.
- Ҳа, хеле пештар як маводакеро бахшида ба Карим Девона фиристонида будам.
- «Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон»?
- Бале, номаш ҳамин тавр буд.
- Чизи хуб навиштед. Дар летучка ҳам баҳои баланд гирифт.
- Наход? Кай фиристонидани ин маводро ман фаромӯш кардаам.
- Кай фиристониданатон аҳамият надорад. Муҳим он ки чизи хуб навиштаеду ин ҳафта чоп мешавад. Лекин, занг задани ман ба ин хотир нест. Агар хоҳиш дошта бошед, кадом вақте гузоратон ба Душанбе афтод, як назди ман дароед…
Беҳолона аз мошин берун гаштам. Ҳоло ҳам бовар намекардам, ки шахси бо телефон гуфтугӯ карда Кароматуллои Мирзо бошад. Ҳамсарам ҳам аз мошин берун шуд. Ҳарду болои теппачаи канори роҳ, рӯйи сабзаҳо нишаста, атрофи ин занги телефонӣ хеле сӯҳбат кардем. Ҳамсарам асарҳои аз эҷодиёти устод хондаю филмҳои аз рӯйи асарҳои он кас бардошташударо ёдоварӣ намуд. Ман бошам, суханони занамро гӯш карда, ҳамзамон ғарқи андешаи занги телефонии устод будам.
- Чӣ, дигар аз андешаи телефонкунии устод берун намешавӣ?
- Медонӣ, Асалҷон, - ман ҳамсарамро аз солҳои навхонадориамон ҳамин тавр ном мебарам, - андешаам сари он аст, ки дар умри 64 - солаам бори дуюм мешавад, ки ба ман ҳамин гуна занги телефонӣ меояд.
- Бори дуюм?
- Бале.
- Аввалааш аз кӣ буд.
- Аз Игор Боск, муовини аввали роҳбари кулли Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон.
- Ҳа… Ёд дорам. Он замон дар идораи минтақавии дар Шаҳритус будаи ҳамин ташкилот фаъолият мекардӣ. Ба муносибати зодрӯзат телефон карда, табрик карда буд.
- Бале. Ин ду занги телефон дар қатори воқеаҳои фаромӯшношудании ҳаётам боқӣ хоҳанд монд.
- Ин зангҳои телефон ҳамин қадр бароят муҳиманд?
- Албатта, Асалчон. Наздиктарин рафиқону ҳамкорон то замони, ягон маъракаро оростаю даъваташон кардан, ёд намеоранд, ки нафаре чун ман байни замину осмон зиндагӣ мекунад ва ба қадри имконияту тавонаш дар хизмати халқу Ватан аст. Аммо, ким-кадом шаҳрванди хориҷие, бо вуҷуди мартабаи хеле баланд доштанаш, бо вуҷуди он, ки ту корманди зердасти ӯ ҳастӣ, ёдат меорад, заҳмататро қадр мекунад ва ҳатто, бо зодрӯзат табрик менамояд.
- Охир, худат ҳам мисли ҳамон рафиқону ҳамкорони гуфтагиат ҳастӣ-ку, бобош,- то ки сахтам нарасад, бо ҳазлу шӯхӣ гуфт ҳамсарам.
- Гап ҳам дар сари ҳамин, Асалҷон, ки ман аз онҳо гила карда, аз худам низ гила мекунам. Ин одати на чандон хуби аксари мо - тоҷикон аст. Мардумони дигар бо ҳар баҳона ҷамъ мешаванд, сӯҳбатҳо мекунанд, аз ин тариқ бо ҳамдигар наздиктар мешаванд, дилҳояшон ба ҳам гармтару нармтар мегардад, аммо мо - тоҷикон дар аксар маврид аз воқеа ба воқеа рӯйи ҳамдигарро мебинем, ҳамон ҳам ҳангоми саросемагию «вақтам хеле кам» гуфтанҳо.
- Хуб, занги устод Кароматуллоҳи Мирзо бароят чӣ муҳимият дорад? - ин дафъа бо оҳанги кунҷкобӣ пурсид ҳамсарам.
- Ҳанӯз намедонам. Лекин, дар хусуси як нигоштаи хурдакаки ман барин қаламкаши оддии музофотӣ, занг задану баҳо додани ин нависандаи маъруф аллакай боиси дилгармиам мебошад ва шояд, ки сабаб ҳам шавад барои чун эҷодкор аз нав зинда шуданам.
- Ҳа…, сабил монад. Ёдам меояд, замонҳое, ки дилсард шуда, қариб аз қаламу коғаз даст мекашидӣ…
Ҳамсарам дар назар дошт воқеаҳои охири солҳои 80-уми асри гузаштаро. Он замон роҳбарии осорхонаи қӯрғонтеппагии таъриху кишваршиносии вилояти Хатлонро ба дӯш доштам. Дар баробари иҷрои ин вазифа боз бо аҳли қаламу адаб низ ҳамкору ҳамнишин будам ва чакидаҳоям дар матбуот зуд-зуд нашр мешуданд. Дар нигоштаҳоям натанҳо пешрафту дастовардҳо, балки камбудию норасоиҳоро низ бо асосу таҳлил менавиштам. Албатта, ин амал ба роҳбарияти ҳамонвақтаи ҳизби ҳукмрон, ки яккатози ҷомеа буд, маъқул наафтод. Аз ҳамин ҷост, ки роҳашро пайдо карда, ба сарам ҷанҷоли калонеро бархезонданд ва ахиран аз вазифа сабукдӯшам карда, ҳатто нагузоштанд, ки навиштаҳоям дар матбуот чоп шавад. То исбот шудани бегуноҳиам, чакидаҳои хешро иҷборан бо имзои мустаори Ҳасан Расул чоп кардам. Танҳо вақте ба унвони аслии худ баргаштам, ки бо роҳи қонунӣ бегуноҳиамро исбот намудам ва аз нав ба вазифаам барқарор шуда, ҷуброни ҷафоҳои кашидаамро тариқи судӣ аз гунаҳкорон ситондам.
…Нависандаи халқии Тоҷикистон, шахси басо маъруф, инсони хоксор Кароматулоҳи Мирзо маро дар утоқи кориашон бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтанд. Сӯҳбатамон гарчӣ тӯлонӣ набуд, вале қаймоқӣ буд.
- Мебинам, ки марди калонсол ҳастед, аммо чаро навиштаҳоятонро мо нав дида истодаем? – суханро аз дур андохта пурсиданд устод.
- Ҳа, солҳои ҳаштодуми асри гузашта каму беш менавиштам. «Билети хунолуд» ном китоберо ҳам ба нашр расонида будам. Вале, охири он солҳо он қадар имконияти навиштан надоштам. Солҳои навадум бошад, ба худатон маълум, гарчӣ ҳамон солҳо ҳам китобҳоям таҳти унвони «Номусу нанги миллат» ва «Қӯрғонтеппа: сентябри хунин» ба табъ расиданд. Солҳои дуҳазорум бошад, фаъолиятам тамоман дигар шуд, ки ба қавле, вақти сархорӣ надоштам. Акнун нав, дар ҳамин синну сол, баъзе ёддоштҳоямро менавиштагӣ шудам.
- Ба ҳар сурат, хуб кардед, ки боз ба сари коғазу қалам омадед. Шумо нависед. Тариқи навиштану масъалагузориатон бад нест. Суханрониатон ҳам хуб, равону фаҳмо аст. Албатта, хонандаи худро пайдо мекунед. Нависед, нашр ҳам, ки карда натавонед, навишта партофтан гиред…
Ин суханони устод гӯё сеҳрам кард, болу парам бахшид, дили то андозае аз коғазу қалам хунукшудаамро гарм кард. Ба хона баргаштаму дари бойгониамро кушодам ва чанд рӯз аз он набаромада, кор кардам. Бисёр коғазҳоро такурӯ намудам, даҳҳо фиттаҳои овозии солҳои пешин сабт кардаамро аз нав шунидам, суратҳои зиёдро аз назар гузаронидам. Чанд маводи навиштанашон тамомшуда, вале нашрнагаштаро ҳам пайдо кардам. Онҳоро аз нав хондаму қалам задам. Ҳамин тавр чандин мақолаҳои маслиҳатию тарбиявӣ, ба саҳифаҳои матбуот баромаданд, китобҳои нави «Санги диёр гавҳар аст», «Карим Девона, ман ва ҳамдеҳагон», «Валлай, шудӣ ормонӣ», «Роҳи пурпечи оила…», «Театр ва пешгирии хатарҳои иқлимӣ», «Як эркагии зан» тавлид шуданд, очерку қиссаҳои «Суханони тиллоӣ ва рисолати домулло», «Хоксорӣ ҳам ба эбаш…», «Шӯҳратзада», «Бачаи хуни бинӣ», «Гӯшти фарзандхӯр» манзури мухлисон гаштанд. Имрӯзҳо ҳам қаламам рӯйи коғаз соиш мехӯрад. Соиш мехӯраду матни китобҳои «Панди деҳа», «Шамъи чорсӯ…», «Шоҳ Ғозӣ Малик ва чилтанҳои ӯ» саҳифа ба саҳифа зиёд шудан мегиранд.
…Ман ҳамаи инро аз шарофати як занги телефонии устоди барҷастаи сухан, нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо медонам.
[b]Файзбахш


Комментарий №1    Написал: WilliamRhype    4 февраля 2017 03:56    Цитировать

, .
.
?


Добавление комментария
   



e-mail: gazeta@tojikiston.com

Реклама

PDF ВЕРСИИ ГАЗЕТ

Архив номеров (2005-2010гг)

КАЛЕНДАРЬ

(архив по датам)

«    Август 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 

ПОПУЛЯРНЫЕ СТАТЬИ


АРХИВ ПУБЛИКАЦИЙ

Июнь 2016 (6)
Май 2015 (3)
Апрель 2015 (4)
Март 2015 (4)
Февраль 2015 (5)
Март 2014 (116)

ДРУГИЕ НОВОСТИ

XML error in File: http://gaze ...






.


Все другие новости
  
Рейтинг@Mail.ru
2004-2010 © Медиа-холдинг "Чархи Гардун"
При полном или частичном использовании материалов ссылка на gazeta.tj обязательна. Адрес редакции: 734016, Душанбе, проспект С. Шерози д. 16. Редакция не несет ответственности за достоверность информации, опубликованной в рекламных объявлениях. E-Mail: gazeta@tojikiston.com, info@gazeta.tj. Журнал
Данный сайт разработан при поддержке "Интерньюс Таджикистан". Разработка сайта: Рекламное агентство "adMedia"